Дар ҳоли ҳозир дар соҳилҳои хатарзои рудхонаҳо ва обпартовҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дошта, дар аксари маврид бо иллати камбуди маблағ ва нарасидани масолеҳи сохтмонӣ, бунёди он ба дарозо мекашад. Сарвазири кишвар барои мусоидат намудан ба ин вазъ, супориш дод то аз ҳисоби агентии захираҳои таъминоти моддии назди ҳукумати чумҳурӣ иловатан 50 ҳазор метри мукааб симтур ва барои маҳсулоти сохтмонӣ 3 милён сомонӣ ҷудо намоянд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар минтақа беш аз 6 километр соҳилҳои дарёҳо ва обпартовҳо саддгузорӣ шудаанд. Вале ҳанӯз ҳам қисмати зиёде аз соҳилҳо мустаҳкам нестанд ва хатари убури соҳил ва зарар ба аҳолии рустои наздисоҳилӣ кам намегардад.
Вазъи Восеъ печида боқӣ мемонад
Бино ба иттилои аз ҳукумати ноҳияи Восеъ расида, дар рудҳои Сурхобу Яхсу беш аз 4 километр соҳил хароб гаштаву вуҷуд надорад, хатари селзанӣ бошад, 12 русторо дар ин мавзеҳо таҳдид мекунад. Нуруллоҳ Мирзоев, муовини раиси ноҳия гуфт, дар соҳили рудхонаи Яхсу, наздик ба мавзеи Кашар дар масофаи 150 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дорад. Ин ҷо 2 булдозер ва 2 эксковатор мунтазам кор карда истодаанд. Инчунин, дар мавзеи Раҳмонбердӣ, дар хоҷагии Ниҳолпарвар низ дар масофаи 230-метр корҳои заминӣ барои саддгузории соҳили ҳамин дарё ба анҷом расидааст. Дар садди Эмомалӣ низ 120 метр корҳои заминӣ ба итмом расида, сохтмончиён интизори симтур ва масолеҳи сохтмонӣ мондаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Мирзоев, ҳукумати маҳаллӣ корҳои соҳилмустаҳкамкуниро таҳти назорат қарор дода, пайваста дар ин маврид роҳҳои ҳал меҷуянд, мутаассифона, қудрати харидории симтур ва масолеҳи сохтмониро надорад: «Вазорати хоҷагии об барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ барои ноҳияи мо 7 тонна сӯзишворӣ кӯмак карда буд, аммо он басанда нест. 3 маротиба ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳукумати вилоят ва вазорати хоҷагии об барои кумак намудан, бо мактуби расмӣ муроҷиат намудем, аммо то ҳол ҷавоб нагирифтаем».
Соҳилҳои руди Яхсу ва обпартовҳои Тебалай, Кӯлоб ва Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб низ ҳанӯз ба пуррагӣ саддгузорӣ нагаштаанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки агарчӣ дар ин мавзеҳо корҳои заминӣ рафта истода бошанд ҳам, аммо ҳамоно бо иллати камбуди симтур ва маблағи пулӣ, кор ҷавобгӯйи талабот буда наметавонад. Хатари аз соҳил берун рафтани оби дарё ва таҳдид ба манзили зисту майдонҳои корам ҳамоно боқӣ мемонад. Бояд гуфт, бо фарорасии баҳор ва мавсими боронрезӣ, хатари фаромадани сел ба хусус дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб, мушкили зиёд ба думбол дорад.
Муъминобод ҳам дар ташвиш
Чунин вазъ дар ноҳияи Муъминобод низ ба назар мерасад. Соҳилҳои обпартовҳои Тебалай ва Лангар, ки 2 сол пештар бо ҷурми фаромадани сел хароб гашта буданд, агарчӣ саддгузорӣ ҳам гашта бошанд, вале дар баъзе ҳолат ҳамоно вайрону валангоранд ва эҳтимоли сар задани сел аз он рафъ нагаштааст. Сокинони рустои Лангар мегӯянд, собиқ раиси ноҳия Сафаралӣ Зокиров дар мавриди соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирӣ аз хатари селзанӣ ҳамеша бо мардуми таҳҷоӣ дар якҷоягӣ буд ва чорабинӣ мекард. Аммо раиси нав Пирмад Зарифов бошад, то ҳол дар ин маврид ҳатто бо мардум дар сӯҳбат наомадааст.
Воқеан, ҷаноби Зарифов ҳангоми муовини раиси шаҳри Кӯлоб буданаш, яке аз масъулиятдорони асосии ҳамин соҳа ба шумор мерафт. Мутаасифона, ҳангоми масъул будани ӯ тайи 10 сол, ҳамасола соҳилҳои обпартовҳо ва руди Яхсу шикаставу хароб мегардиданд ва зарар меоварданд. Вале вазъ ҳамоно бетағйир боқӣ мемонд. Сокинони кучаҳои Чармгарони поён ва Нонбойи поён, ки 2 сол пеш зери сели бузурги обпартови саркаши Тебалай гашта, бе манзилу зист мондаву азизони худро аз даст дода буданд, даҳҳо маротиба ба собиқ раиси шаҳр ҷаноби Ҳамид Абдуллоев ва ба хусус ба муовини раиси шаҳр, масъули асосии соҳа Пирмад Зарифов, дар мавриди пур аз санг гаштани ҳамин обпартов ва таҳдиди хатари берун гаштани об аз соҳил карда буданд, вале ин масъулин ҳатто барои тоза намудани обпартов чорае наандешида буданд.
Савораро чӣ парвои пиёда!?
Гузашта аз ин, ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки вазоратхонаҳо ташкилотҳои сохтмонии маҳаллиро ба кор ҷалб намуда, ахиран ҳаққи корашонро пардохт намекунанд. Як роҳбари корхонаи сохтмонӣ аз ноҳияи Восеъ, ки низ аз овардани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки ҳанӯз соли 2004-ум дар соҳили руди Сурхоб ва Яхсу ба миқдори 1 милён сомонӣ корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ба анҷом расонида будаанд. Комисиюни қабули корҳои сохтмонӣ ба ҳуҷҷатҳои расмии анҷоми корҳои сохтмонӣ, ё ба истилоҳ «акт-протсентовка» СМР, имзову мӯҳр гузоштаанд. Вале то ин муддат ҳаққи ҳалолашонро пардохт кардан намехоҳанд. Ӯ мегӯяд, инчунин корхонаҳои маблағгузорӣ нагашта танҳо дар Восеъ 4 адад будаанд, ки маблағи умумии корҳои сохтмонӣ беш аз 3 милён сомониро ташкил медиҳад. Ба андешаи ҳамин сохтмончӣ, дигар на маблағе пайдо мекунанд то дар соҳилмустаҳкамкунӣ ҳисса гузоранд ва низ ҳавсалаи корӣ ҳам баъди фиреб додани масъулон, ба кор намемонад: «Бо гузашти вақт ва айби фармоишгарон, ки ҳаққи кориамонро пардохт накардаанд ва дақиқан, дигар нахоҳанд кард, қарзҳои аз мағозаҳои сохтмонӣ гирифтаро бо як азобе баргардондем ва дигар намехоҳем боз ҳам қарздор монем».
Воқеан, сари ин моҷаро фармоишгаронро, ки асосан вазоратхонаҳову ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, мебояд андеша кард, то ҳам соҳилҳоро мустаҳкам карду ва низ сохтмончиёни беминнатро бо нархи арзон аз даст надод.
Ва боз ҳам мавсими селхезӣ шурӯъ мегардаду чун ҳарвақта, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва саддгузорӣ, ки то имрӯз тақрибан касеро парво набуд, акнун масъулинро, бо шумули сарвазири ҷумҳурӣ нигарон кардааст. Чун ҳамасола, сокинони рустову кӯчаҳои наздисоҳилӣ шабҳо бехобӣ мекашанду аз боридани борони кӯчак ҳам хавотир мешаванд, ҳукуматдорон бошанд масали «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ»-ро ба пуррагӣ фаромӯш кардаанд…
Аслиддин Достиев