Ҷавҳар
Ва агар ҳадаф аз аслу ҷавҳари ислом дур кардани мардум буд, боз ҳам ғалат кардаанд.
Амнияти миллат ва дилхоҳ давлат ҳамон вақт таъмин мегардад, ки ба арзишҳои умумибашарӣ ва тамаддунсоз дар он кишвар арҷ гузошта шавад. Аз ҷумла дар Тоҷикистон низ, ки ҷузъе аз ҷомеъаи ҷаҳонист ва рӯёрӯи таҳдидҳои глобалӣ қарор дорад. Дар минтақае, ки ҷумҳурии мо бо хости дили давлатмардони вақти шӯравӣ ҷойгир шудааст, бештар аз дигарон ҳассосияти миллӣ ва хатарҳои ношӣ эҳсос мешаванд. Бидуни шак, ин миллати асил ва дорои таърихи бою пурғановат зиёдтар аз ҳамсоягонаш тӯли таърихи сад соли ахир азият дида ва Худо накунад, ки баъдҳо ҳам ин мушкил болои сараш печида ва хатарзо бимонад. Таърих гувоҳ аст, ки дар аввали поягузории давлате абарқудрат бо номи СССР бархе аз нухбагони пантуркисти миллати тоҷик рӯи сарнавишти гузаштаи аҷдодӣ по гузошта (аниқтараш хати бутлон кашида), моро аз марказҳои фарҳангӣ ва ҳақиқиамон бенасиб гардониданд. Пас аз ин, ҳудуди кишварро се бори дигар тарака намуда, сарзаминро ба аҷнабиён "тортуқ" карданд. Давоми ин муддат ду бор хати моро дигар намуда, аввал ба лотинӣ баъд ба сириллик гузарониданд. Ва ин амалро ба гунае шарҳ доданд, ки "хара хандаю бузу бозӣ мегирад".
Фаромӯш набояд кард, ки ин аъмол теша ба решаи миллат задан аст ва буда, онро чизи дигаре намешавад талаққӣ кард. Агар манзури эшон миллати воҳид сохтан дар чорчӯби як кишвари бузург буд, сахттар аз он иштибоҳ карданд. Ва агар ҳадаф аз аслу ҷавҳари ислом дур кардани мардум буд, боз ҳам ғалат кардаанд.
Истиқлол чун мевае аз боғи бозсозии горбачёвӣ ба қаламрави Тоҷикистон ҳам кӯч баст. Ҳарчанд омилҳое дар дохили кишвар ҳам ба ин мусоидат кард. Акнун дар аввоили солҳои навади садаи бист интеллигенсия ва қишри рӯшанфикри миллат дар сар ҳавои бозгаштан ба хати ниёкон ва поягузории давлати воқеъан миллиро дошту дар ин роҳ гом мебардошт. Боз ҳам ҳамсояҳои дуру наздики хуб дар нохунак ба худ печиданд ва тарҳи нави нифоқ дар дохили Тоҷикистонро тарҳрезӣ карданд ва то ҷое ба ин муваффақ ҳам шуданд. Ин ҷо "хидмат"-и баъзе аз пешвоёни дурӯғини миллат низ буд, ки Тоҷикистони нурпош тайи панҷ сол ба торикистону ҷангистон бадал шуд.
Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва то давраи расидан ба мусолиҳаи миллӣ матбуоти мустақил то ҷое, ки имкон дошт, нақши муҳим ва рисолати азалии худро нигоҳ дошт. Агарчӣ ҳолатҳои истисноӣ ҳам буданд, ки вазъи бе ин ҳам муташанниҷро бархе аз маводҳои журналистон печидатар мекард. Дар даҳсолаи аввали истиқлолият ва қабл аз ҳама то оғози ҳазорсолаи нав, баррасӣ намудани ғояҳои оштии миллӣ, миллатсозӣ ва давлатдории миллӣ дар матбуот нақши асосӣ дошт. Чаро ки дар раванди ташаккул ва устуворгардии низоми сиёсии давлат матраҳ намудани масъалаҳое, ки усулан бунёдӣ ҳастанд, тақозо менамоянд, то дар ин раванд афкори омма ба вуҷуд биёяд.
Инак, даҳ соли дигар аст, ки давраи нав ва ё худ замони вижаи матбуоти мустақил фаро расидааст ва ВАО-и миллӣ дар ин раванд аз худ нақше босазоеро боқӣ гузошт. Ҳифзи субот, ормонҳои миллӣ, ҳусни тафоҳум, халалдор накардани амнияти дохилӣ ва минтақавӣ, арҷгузорӣ ба давлатдории миллӣ, эҳтироми қонун аз асоситарин рукнҳое буданду ҳастанд, ки рӯзноманигорон аз онҳо дифоъ карданд.
Ҳафтае, ки гузашт, аз таъсиси нахустин рӯзномаи тоҷикӣ сад сол сипарӣ шуд ва матбуоти миллӣ гӯё якасра шуд.