Ин нуктаро дар сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон» Баҳриддин Абдураҳимов, сардори раёсати саноати истихроҷи ангишти вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон изҳор дошт. Абдураҳимов рабт доштани афзоиши нархи ангиштро ба истеҳсоли ками он рад карда, таъкид намуд, ки нархашро бозор муайян мекунад:
«Нархгузорӣ дар корхонаҳои истеҳсоли ангишт дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар сурат мегирад. Дар нуқтаҳои фурӯши ангишт нархро бозор муайян мекунад. Аз сабабҳои асосии афзоиши нарх дар зимистон зиёд шудани талабот ва инчунин зиёд будани хароҷоти интиқол мебошад. Зимистони имсола нархи ангишт то 1,5 сомонӣ расид, ки 60 – 70 фоизи таркиби онро хароҷоти сӯзишворӣ ва интиқол ташкил медиҳад».
Баҳриддин Абдураҳимов изҳор медорад, ки тайи се – чор соли охир дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ба густариши истихроҷу истифодаи ангишт зиёд шуда истодааст. Ба иттилои ӯ тайи чанд соли охир 80 корхонаи маҳсулоти сохтмонӣ, 28 корхонаи оҳангудозӣ, 1 корхонаи истеҳсоли шиша ва 17 корхонаи саноати хӯрокворӣ аз истифодаи гази қиммату камёби воридотӣ ба ангишти ватанӣ гузаштаанд.
Абдураҳимов ҳаҷм ва сифати захираҳои ангишти Тоҷикистонро баланд баҳогузорӣ карда, афзуд, ки то имрӯз 36 кони ангишт дарёфт ва қисман омӯхта шудаанд. Ҳаҷми умумии захираҳои ангишт дар Тоҷикистон ҳудуди 4,5 миллиард тонна арзёбӣ мегардад. Аммо истеҳсоли ангишт айни ҳол дар кишвар дар муқоиса бо имкониятҳо хеле ночиз аст. Масъулини вазорати энергетика ва саноат шумораи умумии корхонаҳои истеҳсоли ангиштро 14 адад арзёбӣ менамоянд, ки 8 тояшон хусусӣ мебошанд. Абдураҳимов мегӯяд, соли гузашта корхонаҳои истеҳсоли ангишт 236,8 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки дар муқоиса бо нишондоди соли 2010 –ум 18 фоиз ва нисбати нақша 36,8 ҳазор тонна бештар мебошад.
Тавваҷҷӯҳи сармоягузорони хориҷиро ба саноати истихроҷи ангишти Тоҷикистон, Абдураҳимов рӯзафзун гуфт. Вай мегӯяд, тайи се соли охир ширкатҳои Русия, Қазоқистон, Амрико, Ҳиндустон, Кореяи ҷанубӣ, Чин ва Британияи Кабир ба соҳаи ангишти Тоҷикистон 15 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардаанд.
Масъулини вазорати энергетика ва саноати кишвар изҳор медоранд, лоиҳаи қонун «Дар бораи ангиштсанг», ки дар марҳилаи қабулшавӣ аст, рушди соҳаро такон медиҳад. Сардори раёсати саноати истихроҷи ангишти Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи ангиштсанг» - ро якумин қонуни махсуси соҳаи ангиштканӣ гуфта, таъкид кард: «Пештар қонун дар бораи энергетика, дар бораи маъданҳо буд. Қонуни махсус дар бораи ангишт нав қабул хоҳад шуд».
Ба гуфтаи Абдураҳимов рушди истихроҷу истифодаи ангишт дар Тоҷикистон вобастагии кишварро аз маҳсулоти нафтию гази воридотӣ камтар карда, сарбории аз ҳад зиёдро болои барқ, нестшавии дарахту буттазорҳо ва то ҷое бекориро бартараф хоҳад кард.
Давлатёров Ҳаким