Шояд фикр кунед, ки барои чи? Ман аз Ватан дур будам ва қариб сенздаҳ сол орзуи дидани онро ба дил мепарваридам. Ҳар рӯз фикр мекардам, ки Душанбе чи хел бошад? Душанбе ва ёди он бароям хобу хӯрок ва мисоли зиндагӣ шуда буд. Бо ин ки дар сарзамини биҳиштосою ҳамзабони худ - Эрон будам, аммо гӯӣ ҳамеша бароям чизе намерасид ва садое дар ниҳодам наҷво мекард, ки ин пазмонии Ватан аст.
Ҳар рӯзу ҳар соатро сонияшуморӣ мекардам то ин сенздаҳ сол ба охир расаду ман ба Душанбе бозгардам. Ҳар қаламу коғазе, ки ба дастам меафтод, аз суратҳо ва навиштаҳо дар бораи Ватан ва шаҳри дӯстдоштаи ман пур мешуд. Шаҳре, ки рӯзаш бо садои булбулоне, ки туро аз хоб мехезонанд, оғоз мешуд ва шабаш бо дурахшиши маҳтоб ва ситорагони пурнур ба охир мерасид. Гирдогирди хонаҳою кӯчаҳоро дарахтони сар ба фалаккашида сабзпӯш кардаанд. Заминаш аз тозагию беолоишӣ ба оина монанд аст. Чунин тасвир мекардам ман Душанберо, шаҳри орзуҳоямро. Ин орзуро ҳар яке аз ҳамватанони ман дар Эрон дар дил мепарвариданд. Ба ростӣ, ки Душанбе шаҳри орзуҳои мо буд.
Сенздаҳ сол паси сар шуд. Рӯзи бозгашт фаро расид. Аз шодӣ дар пусти худ намегунҷидам, дил мехост аз тан баромада парвоз кунад. Дар фурудгоҳ будам, аммо ба фикрам Душанбе дар канорам буд. Савор ба ҳавопаймо шудам, пас аз чанд дақиқа мо дар осмони софу обӣ дар ҳоли парвоз будем. Дар дохили ҳавопаймо будам, вале гӯё ки абрҳоро ба дастонам мегирифтам. Меҳмондори ҳавопаймо дар баландгӯяк эълон кард, ки ба марзи Тоҷикистон ворид шудем. Ин хабари меҳмондор дар назарам беҳтарин хабар шуд, ки таи чандин сол шунидан мехостам. Аз панҷара ба замин нигоҳ кардам. Дар ҳақиқат аз боло чуноне буд, ки тасаввур мекардам. Ҳавопаймо ба фурудгоҳ нишаст. Ман аз ҳавопаймо берун баромадам. Ҳисси аҷибе саропои маро фаро гирифта буд. Нерӯи ношиносе аз дарун ҳидоятам мекард. Хам шудам ва дастамро ба замин мондам ва кафи дастони хоколудамро аввал бӯсида сипас ба чашм молидам. Рухсораам аз ашк тар шуда буд, ҳарчанд эҳсос мекардам, ки саропоямро як ҳисси аҷиби шодӣ саршор карда буд. Ҳамаи атрофиён ҳайрон аз ман сабаби корамро пурсон шуданд. Дар посух гуфтам: аз хурсандӣ, аз оне, ки метавонам ин хоки муқаддасро ба даст гираму ба чашмонам молам.
Ҳама нигоҳҳояшон дигар хел шуд, ҳама самимитар шуданд. Пирамарде ба назди ман омада гуфт: "духтарам, ту имрӯз кори бузурге кардӣ, ту ба ёди ҳамаи мо қадру қимати Ватанро овардӣ, офаринат бод!" Ман шодтар аз пеш аз фурудгоҳ баромадам. Аммо дарҳол чашмонам аз равшанӣ ба хирагӣ гашт, дар назарам лаҳзае ҷараёни хунам банд омад, ҳайрону бе сухан дар ҷоям шах шуда мондам. Садои падарам, ки мегуфтанд: рафтем, маро андаке ба худ овард. Ногаҳон садои дашном аз куҷое гӯиё пардаҳои гӯшамро харошид. Ин садо мисли ханчаре буд, ки бар қалбам фуруд омаду онро аз ҳам дарид, дарди ин зарба ногуфтанӣ буд. Атроф низ гӯӣ симои дигар гирифт.
Савор ба мошин шудам ва мо оҳиста-оҳиста аз фурудгоҳ дур шудем. Аз тирезаи мошин ба берун нигоҳ мекардам, чашмонамро ҳалқаи ашк пур карда буд. Осмони кабуд аз поён бештар хокистариранг буд. Дарахтон буданд, лек гирдашонро коғазҳою ҳар чизи нодаркор пур карда буд ва бачаяке дар тани дарахтон ҳарфҳои каҷу килеберо бо теғе менавишт. Вой бар ҳоли дарахтони бечора.
Ба назди хона расидем ва ман аз мошин фаромадам. Ғайриихтиёр чашмам ба замин афтод, замини шаҳри орзуҳои ман на ба оина, балки ба мурдобе шабоҳат дошт, ки пур аз чирку зубола буд. Ман дарҳол гуфтам: падарҷон, биёед бармегардем, ман дигар инро таҳаммул карда наметавонам.
Падарам пурсиданд: чаро? Мо-ку ҳозир омадем! Чи шуд, ки ту баргаштан мехоҳӣ, духтарҷон?
Бо овозе, ки буғз гирифта будаш, гуфтам: шумову модарам солҳои дароз, аз замоне ки ман худамро мешиносам, меҳри Ватанро дар дилам парваридед. Шумо чунон аз Душанбе ҳарф мезадед, гӯё биҳишти рӯи замин бошад. Ман ҳам ба ҳамаи инҳо бовар карда сонияшуморӣ мекардам, ки кай ба Ватан бозмегардам. Лек чи мебинам ва чи мешунавам?! Ҳама бар хилофи он чизҳоест, ки ман тасаввур карда будам. Ин ҷо на он биҳиштест, ки ман мехостам.
Падарам ба ман гуфтанд: духтарам, ин ҷо Ватани туст ва ту бояд онро дӯст бидорӣ! Агар чизе дар ин ҷо ба табъи ту мувофиқат накунаду маъқул набошад ин маънои онро надорад, ки аз Ватани худ рӯй гардонӣ. Ту бояд талошу кӯшиш намоӣ то худат ҳамон Тоҷикистон ва Душанберо бисозӣ, ки орзӯ доштӣ. Ояндаи халқи тоҷик дар дасти кӯдаконе ба мисли ту аст ва шумо бояд онро обод ва навсозӣ кунед, зеро танҳо дар ин сурат шумо фарзанди дӯстдори Ватан буда метавонед.
Пас аз шунидани ҳарфҳои падарам дар вуҷуди кучакам тағйиреро ҳис кардам, гӯё як илҳоми нав барои зиндагӣ гирифтам. Фикр кунам шумо, хонандагони азиз, ниҳояти ин достонро пай бурдед: бале, ман нарафтам, истодам ва ҳар рӯз барои вазифае, ки ба дӯшам гузошта шудааст, омода мешавам. Умедворам шумо низ, дӯстон ва ҳамсолони азизи ман, талош кунед ва барои ободии Ватан як саҳми кучаке ҳам бошад гузоред. Ба умеди он ки ҳар яки мо шаҳрамон - Душанбе ва Ватанамон - Тоҷикистонро чуноне бубинем, ки орзӯ дорем.
Зеварбону Рауфӣ,
хонандаи мактаби 82, ноҳияи Синои Душанбешаҳр