Модарону хоҳарони азиз!
Мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо – намояндагони арҷманди занону модарони мамлакат дар айёме баргузор мегардад, ки ба кишварамон фасли баҳор бо қадамҳои сабзи Наврӯзи фаррухпай фаро мерасад. Шумо хуб медонед, ки Наврӯз рамзи эҳёи табиат, сарчашмаи хуррамӣ, покизагиву зебоӣ ва нишони ҷовидонаи зиндагӣ мебошад.
Аз ин рӯ, ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ, кулли модарон ва занону духтарони иззатманди Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи модар ва айёми истиқболи Наврӯзи Аҷам самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоматон, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст.
Худованд ба зан-модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад.
Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати Худованд баробар донистааст.
Аз ин лиҳоз, мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Тарбияи ибтидоӣ, ки марҳалаи аз ҳама муҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ вобаста аст.
Вале агар ҳаёти зан танҳо бо мушкилоти рӯзгор маҳдуд гардад ва бори гарони хонавода бар дӯши ӯ бошад, пас гумон аст, ки чунин тарбия судбахшу ҳадафманд сурат гирад.
Беҳуда нест, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.
Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.
Мо дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди заруриро қабул намудем ва онҳоро амалӣ карда истодаем.
Ҳадафи мо аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад.
Дар натиҷа солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд.
Имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо дарназардошти бахши хусусӣ беш аз як миллион занону духтарон фаъолият доранд, ки ин нишондиҳанда 45 фоизи шумораи аҳолии машғули корро ташкил медиҳад.
Қисми зиёди кормандони соҳаи маорифу тандурустиро занон ташкил медиҳанд. Умуман, агар дар соҳаи тандурустии кишвар беш аз 50 ҳазор нафар машғули кор бошанд, аз ин рақам 44 ҳазор нафарашон занон мебошанд.
Дар соҳаи маориф бошад, 52 ҳазор нафари омӯзгорон аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд. Боиси хушнудист, ки имрӯз дар ҷодаи илм беш аз 1000 нафар занони донишманд ва бомаърифати тоҷик пурмаҳсул заҳмат мекашанд.
Дар баробари ин, як масъалаи муҳим моро ба андеша водор менамояд. Ҳоло теъдоди умумии кадрҳои роҳбарикунанда дар мамлакат 15 ҳазор нафарро ташкил мекунад, вале аз ин нишондиҳанда танҳо 5 ҳазор нафар ба занҳо рост меояд, ки ин ҳанӯз ҳам кофӣ нест. Ҳарчанд ки дар солҳои нахустини истиқлолият занон дар сафи кадрҳои роҳбарикунанда тамоман кам ва ҳатто ангуштшумор буданд.
Бо вуҷуди зиддияту пофишориҳои зиёд мо лозим донистем, ки ба хотири ислоҳи чунин вазъи номӯътадил фармони махсуси Президенти мамлакатро “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” қабул намоем. Дар он шароит фармони мазкур сиёсати интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқатро аз ҳисоби занон куллан дигаргун сохт.
Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мутахассисони ботаҷриба аз ҷумлаи занон ба корҳои масъули давлатӣ ҷалб шуданд. Вале замони имрӯза тақозо менамояд, ки мо ба ин масъала муносибати боз ҳам ҷиддитар намоем.
Бинобар ин, бо мақсади тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон ҳамаи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки ба масъалаи амалӣ намудани “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016” эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Хотирнишон месозам, ки беҳтар намудани вазъи иҷтимоии мардуми кишвар, бахусус фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ барои занони мамлакат минбаъд низ ҳамчун самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат идома хоҳад ёфт.
Яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи мо ташаккули тарзи зиндагии солим, фароҳам овардани шароит барои модару фарзанди солим ва ташкили оилаи солим мебошад.
Ин масъала, пеш аз ҳама, ба мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳифзи саломатии занону модарон, баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо ва тарбияи насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим, яъне ба масъалаи оилаи устувор дахл дорад.
Зеро оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи нерӯи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан-модар вобаста аст.
Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад.
Аз ин рӯ, фаромӯш набояд кард, ки волидайн ва махсусан модарони имрӯза фарзандони худро ба камол расонида, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани хеш, гузашта аз ин таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд.
Бинобар ин, худи модарон бояд соҳибмаърифату бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии васеъ бошанд, то ки дар тарбияву парасторӣ, камолоти маънавию ҷисмонӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода кардани фарзандонашон нақшу мақоми онҳо ба хубӣ эҳсос гардад.
Дар ин ҳолат, афроди ҷомеаи таълимдидаву тарбиягирифта, соҳибмаърифату донишманд ва худогоҳу худшинос, пеш аз ҳама, иззату эҳтироми падару модари худро ба ҷо оварда, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои муқаддаси Ватанро рисолати инсонӣ ва қарзи фарзандии худ медонанд.
Аз ин лиҳоз, таълиму тарбияи фарзандон, пеш аз ҳама, вазифаи муқаддаси падару модарон ва баъдан мактаб ва ҷомеа мебошад.
Бояд гуфт, ки таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти мушкилоту масъалаҳои дар ин самт мавҷуда мо лозим донистем, ки тадбирҳои мушаххас андешем.
Дар натиҷа чанде пештар ба хотири баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва мустаҳкам намудани робитаи оила бо мактаб баъд аз муҳокимаи васеъ бо аҳли ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул карда шуд, ки он ба эътирофи коршиносони маъруфи соҳаи ҳуқуқ падидаи нодир маҳсуб мешавад.
Ҳадафи асосӣ аз қабули ин қонуни миллӣ ба воя расонидани насли солиму тарбиядида ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисосу соҳибмаърифат мебошад, ки пешрафту тараққиёт ва ободии ояндаи Ватани маҳбубамон ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд.
Мо ба ин васила мехоҳем, ки бо роҳи густариш додани арзишҳои неки ҷомеаи суннатии худ раванди ташаккули ҷомеаи фарҳангӣ ва пешрафтаро тақвият бахшем ва кӯдакону наврасони кишварамон ҳамчун инсонҳои андешаманду огоҳ ва соҳибмаърифату бофарҳанг ба камол расида, барои худ ва наслҳои оянда зиндагии шоистаро таъмин намоянд.
Вале тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, баъзе афроди ҷомеа моҳият ва талаботи асосии ин қонунро ҳанӯз амиқ дарк накардаанд.
Бо дарназардошти ин, ба масъулини соҳа супориш дода мешавад, ки ҷиҳати татбиқи талаботи қонуни мазкур бо ҷалби тамоми имкониятҳо, аз ҷумла нерӯи созандаи аҳли зиё ва умуман ҳамаи аъзои ҷомеа тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Илму маориф дар ҳама давру замонҳо нишони тамаддун ва таъриху фарҳанги ҳар як давлату миллат мебошад. Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо дафтару девон сару кор доштанд, китобдору китобхон буданд ва дар бунёди тамаддуни башарият бо корномаҳои илмиву фарҳангии худ саҳми шоиста гузоштаанд.
Ҳамчунин боиси ифтихор аст, ки садҳо нафар фарзонаҳои илму адаби ҷаҳонро модарони тоҷик ба дунё овардаанд.
Имрӯз беш аз пеш аён мегардад, ки пешрафти давлат ва нерӯмандии ҷомеа, пеш аз ҳама, ба истифода ва риояи арзишҳои олии ахлоқиву маънавӣ вобаста мебошад, ки бе таълиму тарбияи дуруст зуҳур кардан ва натиҷа бахшидани онҳо амри маҳол аст.
Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон карда, дар доираи он ба таҳсил фаро гирифтани духтаронро яке аз масъалаҳои муҳим мешуморад.
Чунонки шумо дар хотир доред, дар солҳои аввали истиқлолият масъалаи таҳсили духтарон ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфта буд. Аз соли 1997 шурӯъ намуда, бо мақсади тарбияи кадрҳо аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ, бахусус аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар ҳама макотиби олии мамлакат квотаи махсуси президентӣ ҷорӣ кардем.
Ба шарофати ин иқдом дар тӯли 15 соли охир тақрибан 8 ҳазор нафар ҷавондухтарон соҳиби маълумоти миёнаву олии касбӣ гашта, имрӯз дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ фаъолият карда истодаанд.
Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қариб се ҳазор нафар ҷавондухтарон тибқи квотаи президентӣ таҳсил доранд.
Умуман, дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ҳоло зиёда аз 150 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд, ки 45 ҳазор нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Вале тавре ки таҳлил нишон медиҳад, фаъолияти баъзе мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба татбиқи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ва нақшаву барномаҳои соҳавӣ ҳанӯз қаноатбахш нест.
Бинобар ин, Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои мушаххас андешанд.
Бо истифода аз фурсат мехоҳам таваҷҷӯҳи масъулини сохторҳои дахлдорро боз ба як масъалаи муҳим ҷалб намоям. Мо зарурати ширкати занонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ва саҳми онҳоро дар рушди иқтисодиёти миллӣ мудом таъкид месозем.
Вале барои ин, пеш аз ҳама, зарур аст, ки шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Худ қазоват кунед, ҷавонзане, ки ду-се кӯдаки ноболиғ дорад, оё дар ин ҷода муваффақ шуда метавонад? Барои ин ӯ бояд хотирҷамъ ва аз ваҷҳи кӯдакони хурдсолаш осуда бошад. Ин дар сурате муяссар мегардад, ки дар шаҳру деҳот муассисаҳои томактабии ҳозиразамон дар сатҳи зарурӣ фаъолият дошта бошанд.
Чунин муассисаҳо бояд ба тарбияи зеҳниву ҷисмонии кӯдакон мусоидат намоянд ва онҳоро ба мактаб омода созанд.
Ин масъала хеле муҳим аст ва роҳбарияти Вазорати маориф, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ҳалли он бояд чораҳои зарурӣ андешанд.
Ба ин кори хайр, яъне ташкили муассисаҳои томактабӣ тоҷирону соҳибкорон ва дигар шахсони саховатмандро ҷалб кардан лозим аст.
Хушбахтона, имрӯз дар кишвари мо чунин шахсони хайрхоҳу савобҷӯй хеле зиёданд. Бо рушди шабакаи муассисаҳои томактабӣ ҳам фарзандони хурдсоли мардум бо таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд ва ҳам садҳо нафар бо ҷои корӣ таъмин мегарданд.
Дар Паёми соли гузаштаи худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид карда будам, ки Кумитаи кор бо занон ва оила доир ба тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015 барномаи махсуси давлатиро таҳия намояд. Лоиҳаи барномаи мазкур аллакай таҳия шуда, айни замон дар Ҳукумат мавриди баррасӣ қарор дорад.
Илова бар ин, ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ, ташкили кори хонагӣ ва дигар касбу ихтисосҳои ба имконияту қобилияти занон мувофиқ, инчунин омӯзиши касбҳои замонавии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мунтазам чораҷӯӣ намояд.
Дар баробари ин, ба ҳамаи ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, инчунин созмонҳои ҷамъиятӣ зарур аст, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳои иҷтимоии занон фаъолияти худро бештар ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва касбомӯзӣ, густариши фарҳанги оиладорӣ, рушди соҳибкорӣ ва бахусус беҳдошти кору зиндагии занону духтарон равона созанд.
Дар кишвари мо бештари занон дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд, инчунин аз се як ҳиссаи занони қобили меҳнат бо соҳибкории хурд машғул ҳастанд. Лекин онҳо дар масъалаи ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷорӣ кардани усулҳои нави хоҷагидорӣ ва ба зиммаи худ гирифтани вазифаҳои роҳбарӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ ҳанӯз камфаъолият мебошанд.
Масъалаи дигаре, ки мехоҳам диққати шумо - ҳозирини гиромиро ба он ҷалб созам, ин дастрасии занон ба қарзҳои имтиёзнок мебошад.
Ман борҳо хотирнишон кардаам, ки пешрафти иқтисодии мамлакатро бидуни рушди муносибатҳои бозорӣ ва ривоҷи соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ тасаввур кардан номумкин аст. Бо ин мақсад Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2006 то имрӯз барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон грантҳои президентӣ ҷудо менамояд.
Дар заминаи грантҳои мазкур аз соли 2006 то соли 2010-ум 190 нафар занҳои соҳибкор ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки самти фаъолияти онҳо рушди соҳибкории занон мебошад, хеле корҳои судмандро анҷом додаанд. Дар ин муддат ҳазорон нафар занон бо ҷойҳои кори доимӣ ва муваққатӣ таъмин гардиданд.
Илова бар ин, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва соҳибкорӣ қариб 20 ҳазор нафар занон курсҳои омӯзиши кӯтоҳмуддатро хатм намуданд.
Дар маҷмӯъ, дар муддати 5 соли сипаригардида дар доираи ин лоиҳаҳо зиёда аз 21 ҳазор нафар занон ба шуғл фаро гирифта шуданд.
Имсол бошад 40 нафар занони соҳибкор дар заминаи грантҳои президентӣ лоиҳаҳои худро амалӣ намуда истодаанд.
Ҷудо кардани қарз барои занони соҳибкор сол ба сол афзуда истодааст. Масалан, агар соли 2006 ба 55 ҳазор нафар 168 миллион сомонӣ қарз дода шуда бошад, ин рақамҳо дар соли 2011 103 ҳазор нафар ва 521 миллион сомониро ташкил кардаанд.
Бо вуҷуди ин, Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратиро зарур аст, ки ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳои бештари дастёбии занон ба қарзҳои имтиёзнок тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Яке аз падидаҳои номатлуб, ки солҳои охир мисолҳои он дар кишвари мо зиёд шудааст, пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва хушунати хонаводагӣ мебошад. Масалан, соли гузашта 94 ҳазор ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, вале дар баробари ин қариб 7 ҳазор қайди давлатии бекор кардани никоҳ сабт гардидааст, ки ин боиси нигаронӣ мебошад.
Соли гузашта мо ба Кодекси оила тағйиру иловаҳо ворид карда, синни соли никоҳиро аз синни 17 ба 18 бардоштем, вале ҳоло ҳам дар баъзе ноҳияҳо ҳолатҳои ақди никоҳ бо духтарони ноболиғ мушоҳида мешаванд.
Аз ин рӯ, Вазорати адлия ва кумитаҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки корро дар байни занону духтарон ва хусусан бо навхонадорон вусъат бахшида, дар ин самт имконияту таҷрибаи шахсони обрӯманд, зиёиён ва оилаҳои намунавиро васеъ истифода баранд.
Махсус таъкид месозам, ки тарбияи фарзандон ва ба зиндагии мустақилона омода кардани онҳо, пеш аз ҳама, вазифаи бевосита ва қарзи падару модар аст. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии барҳам хӯрдани оилаҳои ҷавон ба зиндагии мустақилона омода набудани ҷавонон, аз ҷумла духтарон мебошад.
Дар инъикоси ҳаёти занон ва мушкилоти онҳо, иштироки бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ва саҳми онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ воситаҳои ахбори умум, алалхусус нашрияҳои занон бояд фаъолона саҳм гиранд.
Панҷ сол муқаддам зимни вохӯрӣ бо намояндагони занони кишвар аз аҳли толор пешниҳод ворид гардид ва бо дастгирии Ҳукумат маҷаллаи давлатии “Бонувони Тоҷикистон” ҳамчун минбар ва инъикосгари зиндагии занон арзи вуҷуд намуд.
Дар ин муддат бо ташаббуси аҳли эҷоди ин муассисаи давлатӣ як сомонаи хос бо номи “Бонувони Тоҷикистон” таъсис ёфтааст, ки он ҳам барои фарогирии бештари занон ба иттилои дурусту дақиқ ва саривақтӣ хизмат мекунад.
Ҳозирини гиромӣ!
Занону модарони тоҷик дар баробари корҳои давлатӣ ва хоҷагидорӣ, пеш аз ҳама кадбонуи хонавода ҳастанд ва сарриштаи рӯзгор дар дасти онҳост.
Сарфи оқилонаи буҷети оила яке аз шартҳои асосии рӯзгори муназзам мебошад, ки дар танзими он нақши занон хеле калон аст.
Бо дарназардошти аҳамияти ҳаётии ин масъала, яъне сарфаю сариштакорӣ мо ҳанӯз панҷ сол пеш бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои кишвар доир ба танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои мардумӣ машварати васеъ баргузор карда, дар ин асос Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуда будем.
Ва чунон ки имрӯз мебинем, ин қонун дар ҳаёти ҷомеа татбиқ шуда, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор меорад.
Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам баъзе занону модарон барои ба намоиш гузоштани дороии хонадони худ маросимҳои оддии анъанавиро ба маъракаҳои пуршукӯҳу дабдабанок табдил дода, ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд.
Ман бори дигар таъкид менамоям, ки бояд пеши роҳи ҳама гуна зоҳирпарастӣ, хароҷоти беҳуда ва исрофкориҳо гирифта шавад ва онҳое, ки ба чунин амал роҳ медиҳанд, дар назди қонун ҷавоб гӯянд.
Дар урфият мегӯянд, ки агар зан ҳар рӯз ба андозаи сари сӯзан сарфа намояд, зиндагии худро ба низоми муайян медарорад.
Бинобар ин, занону модарон дар танзими расму оинҳои мардумӣ ва риояи қонуни қабулшуда бояд намунаи ибрат бошанд. Зеро татбиқи сиёсати давлат дар самти танзими расму оинҳои мардумӣ ҳам яке аз вазифаҳои асосии занон ба ҳисоб меравад.
Фаромӯш набояд кард, ки занону модарони тоҷик аз азал хушрӯзгору сариштакор буданд. Хусусан дар солҳои охир, ки бо сабаби бӯҳронҳои пайдарпайи иқтисодӣ нарху навои молу маҳсулот, аз ҷумла маводи озуқа торафт баланд шуда истодааст, мо набояд бо исрофкорию зиёдаравӣ роҳ диҳем.
Дар хотир бояд дошт, ки исрофкорӣ ношукрӣ аст ва исрофкоронро дини мубини ислом низ маҳкум мекунад.
Мо метавонем маблағҳои сарфашударо барои ободии хонаи худ ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои аҳли оила, таълиму тарбияи фарзандон, бо сару либос ва асбобу ашёи хониш таъмин кардани онҳо сарф намоем.
Мо ба қувваи бузурги занон эътимод дорем ва ба онҳо такя мекунем, ки барои осону содда барпо кардани маъракаҳо саҳми худро гузоранд.
Саодатмандиву сарбаландии занону модарони тоҷик ва аҳли хонадони онҳо дар маҷмӯъ омили муҳими пешрафту ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Тамоми ҷомеаи мо бояд як нуктаро дарк намояд, ки ҳар як модар шоистаи таҳсин, сазовори ситоиш, арзандаи эҳтиром ва арҷ гузоштан аст.
Баъди чанд рӯзи дигар мардуми мо тибқи таомули аҷдодӣ Наврӯзи хуҷастафолро ҷашн мегиранд. Вале имсол ҷашни Наврӯз дар Ватани мо ба таври махсус – дар миқёси байналмилалӣ таҷлил мегардад.
Тоҷикистон дар баробари чандин давлатҳои дигар аз ҷумлаи ташаббускорони мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз буд.
Аҳамияти ин ҷашни бузургро ба инобат гирифта, бояд масъулону фаъолон, бахусус занону модарон дар тозагиву зебоии манзили зист, кӯчаву хиёбон, маҳаллаву деҳа ва шаҳристону шаҳрҳо саъю талош намоянд.
Дигар ин, ки мо ва хусусан занону духтарон бояд ин ҷашни бузурги миллиамонро бо сару либоси идонаи миллӣ истиқбол намоем ва нишон диҳем, ки мардуми мо аз ҷумлаи посдорандагони воқеии расму ойинҳои Наврӯзи Аҷам мебошанд.
Тавъам омадани ду ҷашн - Рӯзи Модар ва Наврӯзи хуҷастапай дар кишвари биҳиштосои мо худ рамзи баҳори шукуфони сарзамини аҷдодиамон мебошад. Зеро зан – модар худ гул ва баҳори зиндагии башар аст. Дар ин маврид яке аз бузургони гузашта барҳақ фармудааст: “Ҳеҷ гуле атр, ранг ва зебоии модарро надорад”.
Дар фарҷоми сухан ҳамаи шумо – гулҳои ҳамешабаҳори боғи зиндагӣ ва дар симои шумо тамоми занону модарон ва бонувони мамлакатро бори дигар ба ифтихори бузургдошти Рӯзи модар ва фарорасии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, ки бо гузашти якчанд рӯз ба дилу ҷони мо шодиву фараҳ меорад, самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Идатон муборак, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!