Чойхонаи мавсум ба «Хистеварз» дар арафаи таҷлили ҷашни истиқлоли кишвар мавриди истифода қарор мегирад.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ, охири ҳафтаи гузашта, Қоҳир Расулзода, райиси вилоят бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонии ин иншоот ба рустои Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф овард. Зимнан, қайд гардид, ки чойхона бо риояи анъанаҳои миллии бунёди иншоотҳои мардумӣ қомат афрохта истодааст. Соҳибкор, устои гулдасти соҳаи кандакорӣ Комилҷон Зуҳуров бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ ва гузоштани мерос ба ояндагони диёр чойхонаи миллии беназир сохта истодааст. Маврид ба тазаккур аст, ки чойхонаи «Хистеварз» 28 сутуни кандакоришуда дорад ва 20-тояш дар пешорӯи бино қомат меафрозаду бо нақшу нигори махсус оро дода мешавад.Алҳол дар иншоот кор босуръати вижа идома дорад ва бештар аз 400 нафар ҳунармандон ва сохтмончиён машғули меҳнатанд. Аз ҷумла, 300 нафари онон бо кандакории сутун ва равоқи бино сарукор доранд.Манбаъ афзуд, ҳадаф аз бунёди чунин иншоотҳо ободии диёр аст. Мо бояд бо бунёди қасру боғҳои сарсабз, чойхонаву меҳмонхонаҳо, варзишгоҳҳо ва иншоотҳои дигари миллӣ ҳунари мардуми тоҷикро барои дигарон муаррифи намоем. Ҳамзамон, раиси вилоят Қоҳир Расулзода ҷиҳати вусъати корҳо дар бинои иловагии беморхонаи ҷамоат, варзишгоҳи замонавии бунёдшудаистода, чароғонкунии кӯчаҳои деҳа ва боз ҳам ободу сарсабз гардонидани маҳал ба масъулин супоришҳо дод.{jathumbnail off}