Ҳамзамон, Зафари Сӯфӣ бо ишора ба оғози кори Хабаргузории Озодагон ба сифати як хабаргузории минтақавӣ дар Осиё Марказӣ гуфт, ки дар миёни бозиҳои геополитикӣ ва манфиатхоҳонаи қудратҳо дарёфтан ва дар ихтиёри хонанда гузоштани ахбори саҳеҳ ва сареъ аз тариқи ҳамкории расонаҳо бештар имконпазир буда, дар ростои манфиати кишвару миллатҳои минтақа мебошад: «Шинохти бештари ҳамдигар беҳтарин заминаи ҳамкориҳои созанда ва шиносондани мардумон ба ҳамдигар барои оғози корҳои азиму созанда яке аз рисолатҳои муҳими расонаҳои хабарист».
Тафоҳуномаи ҳамкорӣ нуктаҳое чун мубодилаи иттилоот ва таҷрубиёт, барпоии коргоҳҳо дар заминаи расонаҳо ва фарҳанг, ҳамкорӣ дар тавлид ва арзёбии интишороти интернетӣ (онлайн), мубодилаи таҷрибиёт дар заминаи фановарии электроникӣ, доир кардани коргоҳҳои вижаи боло бурдани маҳорати коркунони расонаҳо ва муассисоти пажӯҳишии ду тараф, иҷрои тарҳҳои таҳқиқотии муштарак, фароҳам овардан ва барпоии конфронсҳо, барномаҳо ва дигар ҳамоишҳои марбут ба расона, ҳамкорӣ дар заминаи ироаи мӯҳтавои матолиб барои вебсойтҳо ва нашриёти ду тараф, барпоии намоишгоҳҳои фарҳангии муштарак ва боз чанд нуктаи дигари ҳамкориро дар бар мегирад.