Сабаби басташавии «Фейсбук» ҳанӯз шарҳ дода нашудааст, вале коршиносон аллакай аз пайомадҳои манфии ин кор ҳарф мезананд. Хабаргузории «Озодагон» маълум намуд, ки ба ҳолати 2-юми марти соли ҷорӣ шумораи истифодабарандагони «Фейсбук» дар Тоҷикистон 29 ҳазору 80 нафарро ташкил медиҳад, ки ҳамагӣ ба 0,39 фоизи аҳолии кишвар баробар аст. Аз шумораи умумии истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон бо «Фейсбук» ҳамагӣ 4,15 фоиз сарукор мегиранд.
Рафиқҷон Шокиров, муовини аввали сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернетро ба ҳолати аввали соли ҷорӣ сари ҳар сад сокини ҷумҳурӣ 24 нафар арзёбӣ кард. Номбурда гуфт, истифодабарандагони интернет дар ҷумҳурӣ бо назардошти интернети мобилӣ 1,8 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо аввали соли 2011 ҳудуди 38 фоиз бештар аст.
Маҷмӯан, тавваҷҷӯҳи тоҷикистониён ба шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» майли афзоиш дорад. Дар гузориши ҷадиди «Socialbakers», ки ба таҳлили шабакаҳои иҷтимоӣ машғул аст, иттилоъ дода мешавад, ки тайи 6 моҳи охир, яъне аз 7 -уми сентябри гузашта то 2 -юми марти соли ҷорӣ ба «Фейсбук» аз Тоҷикистон, 7 ҳазору 200 нафар пайваст шудаанд, ки 32,91 фоизи истифодабарандагони мавҷударо ташкил менамоянд.
Таҳиягарони гузориш таъкид мекунанд, ки аз Тоҷикистон ба «Фейсбук» бештар ҷавонони синни 19-24 сола пайваст шуда истодаанд. Айни ҳол шумораи ин нафарон миёни истифодабарандагони «Фейсбук» дар кишвар ба 38 фоиз, ё 11 ҳазору 50 нафар баробар аст. Баъдан, миёни истифодабарандагони «Фейсбук» дар Тоҷикистон нафарони синнашон, 25 – 34 сола -33 фоиз, нафарони 35 – 44 сола – 11 фоиз, 16 – 17 сола 7 фоиз, 45 – 54 сола – 5 фоиз, 13 – 15 сола - 3 фоиз, 55 – 64 сола – 1 фоиз ва аз 65 сола боло ҳам як фоизи шумораи умумиро ташкил медиҳанд.
Мо аз Туркманистон пеш будем…
Қобили қайд аст, ки дар ҳоли ҳозир миёни истифодбарандагони «Фейсбук» дар Тоҷикистон занон ҳамагӣ 32 фоиз ва боқимонда - 72 фоизро мардон ташкил медиҳанд.
Кишварҳои собиқ шуравӣ, ба истиснои Туркманистон аз рӯи шумораи истифодабарандагони «Фейсбук» аз Тоҷикистон пеш меистанд.
Озарбойҷон дар рейтинги истифодабарандагони «Фейсбук» дар зинаи 87 –ум, Эстония - 98 –ум, Белорус-105–ум, Латвия- 109 –ум, Арманистон 114, Молдова-117-ум, Ӯзбакистон – 140, Қирғизистон-155 ва Туркманистон дар ҷои 201-ум қарор гирифт. Мавқеи Русия таи 2 моҳи охир аз 28 то 29-ум қафо рафта, истифодабарандагони «Фейсбук» дар ин кишвар 5 миллиону 294 ҳазору 520 нафарро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, дар рейтинги истифодабарандагони «Фейсбук» ИМА ҳамоно аввалин буда, 155 миллиону 701 ҳазору 780 истифодабарандаи «Фейсбук» дорад. Дар ҷои дуюм Ҳиндустон бо нишондоди 43,5 миллион нафар, баъдан Индонезия бо нишондоди 43 миллион нафар қарор дорад.
Шумораи аз ҳама ками истифодабарандагони «Фейсбук» дар Ватикан ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамагӣ 20 нафар аъзо дорад.
Ҳаким Давлатёров