Эрон дар сафи 4 сармоягузори асосии Тоҷикистон
Аз рӯи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, саҳми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гардиши савдои берунии Тоҷикистон 4,6% ро ташкил медиҳад. Масъулини Тоҷикистон мегӯянд, Эрон дар қатори чоргонаи кишварҳои сармоягузори асосии Тоҷикистон шомил шудааст. Танҳо дар бахши хусусии Тоҷикистон соли 2011 Эрон 15 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Интизор мерафт Эрон ба иқтисоди Тоҷикистон то соли 2015 ҳудуди як миллиард евро сармоягузорӣ кунад, аммо дар натиҷаи таҳримҳо алайҳи ҶИЭ коҳиши сармоя аз ҷониби ин кишвар эҳсос мешавад. Таҳримҳои Ғарб алайҳи нафти Эрон ва қатъи доду гирифти бонкӣ бо ин кишвар боиси коҳиши теъдоди сармоягузорони эронӣ дар Тоҷикистон ва кам шудани сармояи хориҷӣ гаштааст. Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, аллакай дар натиҷаи таҳримҳои Ғарб алайҳи Эрон роҳҳои вуруди сармоя ба Тоҷикистон баста шудаанд: "Сармоягузорони эронӣ аз сабаби таҳримҳои эълонкардаи Ғарб алайҳи Эрон имкони интиқоли маблағ тавассути бонкҳоро надоранд ва ба Тоҷикистон пул ворид карда наметавонанд. Аммо новобаста аз ҳамаи ин мушкилиҳо Эрон дар Тоҷикистон тарҳҳои зиёдеро амалӣ мегардонад".
Гул Шералӣ: "Эрон ба кишвари мо назари бародарона дорад"
Замоне, ки бо далели роҳбандии ӯзбакистон анҷоми сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда- 2", ки тавассути ширкати эронӣ сохта мешавад, барои шаш моҳ ба таъхир гузошта шуд, дар ҳамин ҳол Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти Эрон ба Каримов ҳушдор дод, ки агар қаторҳои ба самти Тоҷикистон равонро раҳо накунад, вай низ роҳи содироти пахтаи ӯзбакистонро мебандад. Баъди ин ҳушдори Эрон, ӯзбакистон қаторҳои Тоҷикистонро раҳо кард. Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон низ дар як суханронии худ гуфт, ки пружаҳо ва корҳои ҶИЭ дар кишвари мо холисона ва бародарона аст.
Ҷое, ки кор ҳаст, камбудӣ ногузир аст
Ба гуфти бархе аз коршиносон, ширкатҳои эронӣ дар сохтмони нақбу нерӯгоҳҳои кишвар саҳми назаррас доранд. Аз ҷумла, нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" бо сармояи Эрон дар Тоҷикистон сохта мешавад ва тибқи қарордоди имзошуда пас аз истифодабарии ҳудуди 12 сол ба нафъи Эрон, ин нерӯгоҳ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт. Ахиран тарҳи нерӯгоҳи "Зарафшон"-ро ки бояд Чин бунёд мекард, вале аз маблағгузорӣ даст кашид, Эрон онро ба ӯҳда гирифт. Вале аз сабаби банд будани роҳи ӯзбакистон аз тариқи Самарқанд таҷҳизот барои сохтмони тарҳи мазкур ворид нашудааст. Ширкати "Собир"-и Эрон дар бунёди нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" саҳм дорад. Ҳоло гуфта мешавад дар як музояда ширкати "Собир" дар сохтмони роҳи Шоҳон-Зиғар дар минтақаи Дарвоз баранда шудааст. Ҳоло Эрон тасмим дорад дар интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон тавассути Афғонистон бо ҶИЭ ҳамкорӣ кунад. Тарҳи бунёди роҳи оҳани Эрону Тоҷикистон аз тариқи Туркманистону Афғонистон, ки бо ибтикори Эрон рӯи кор хоҳад омад, метавонад Тоҷикистонро аз бунбасти иртиботӣ раҳо кунад. Эрон барои тарҳрезии барномаи фаннӣ ва иқтисодии ин роҳи оҳан як миллион доллар ҷудо кардааст. Аммо ин тарҳ ҳанӯз амалӣ нагаштааст. Низом Ҳакимов, вазири нақлиёт зимни як баромадаш аз қафомонии корҳо дар ин самт изҳори нигаронӣ кард. Ҳанӯз мушкилиҳое ҳаст, ки бартараф кардани онро коршиносон ба хотири ҳамкории густардаи ду ҷониба ҳатмӣ мешуморанд.
Ин камбудиҳое ҳаст, ки барои ворид шудани сармояи Эрон ва рушди муносибатҳои иқтисодии дуҷониба монеа эҷод мекунанд. Чанде пеш намояндаи бозаргонии сафорати Эрон дар Душанбе аз тақаллуб ва фиреб дар фаъолияти бархе аз ширкатҳои тоҷикистонӣ изҳори нигаронӣ карда буд. Намояндаи бозаргонии сафорати Эрон дар Душанбе аз тақаллуб дар фаъолияти бархе аз ширкатҳои тоҷикистонӣ ва фиреб додани сармоягузорони эронӣ дар ин кишвар хабар дод, ки дороиҳои ширкати муштараки Эрону Тоҷикистон- "Виттано"-ро як ширкати хусусии тоҷикистонӣ ба таври ғайриқонунӣ фурӯхта, сармоядори онро муфлис кардааст. Ин ширкат барои 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон шуғл фароҳам карда буд. Баҳор Қамаров, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, дар асл иҷрои қонунҳо ва назорат бар онҳо дар сатҳи зарурӣ дар Тоҷикистон ба роҳ монда нашудааст. Ба қавли ӯ дар ҳоле, ки Тоҷикистон шадидан ба ҷалби сармояи хусусӣ барои таъсиси корхонаҳои тавлиди маҳсулоти дохилӣ ниёз дорад, фиреб додани сармоягузорони хориҷӣ бар зарари мардуми камбизоати тоҷик аст, ки ба ҷойи кор ниёз доранд.
Ҳамкорӣ дар сатҳи давлатӣ кофӣ нест…
Аксари таҳлилгарон бар ин нукта таъкид доранд, ки дар рушди муносибатҳои иқтисодии ин ду кишвар имкониятҳои фаровон вуҷуд дорад, ки ҳануз чунин имкониятҳо истифода бурда нашудаанд. Дар робита ба ин, коршиносон мегӯянд, муҳимтар аз ҳама миёни Тоҷикистону Эрон муштаракоти забонӣ, динӣ, таърихӣ ва фарҳангии ду миллат барои густариши равобит ва ҳамкорӣ заминаи мусоиде фароҳам меорад. Аммо дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон аз чунин имкониятҳо пурра истифода намебарад. Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, то имрӯз ҳамкориҳои иқтисодие, ки миёни Тоҷикистону Эрон вуҷуд дорад дар сатҳи ду давлат буда, ҳанӯз тоҷири аслии эронӣ вориди бозори Тоҷикистон нашудааст. Вай афзуд: "Имкониятҳое, ки миёни ин ду кишвар аст, пурра истифода бурда нашудаанд, Зеро тоҷири аслии эронӣ то имрӯз вориди бозори Тоҷикистон нашудааст. Эрон дар Ховари миёна бисёр як кишвари пешрафта аст ва дар хусуси сармоягузориҳои хусусии Эрон дар Тоҷикистон мо мушкилиҳои зиёде дорем. Хусусан қонунҳои мо, ки дар болои қоғаз ҳастанду пурра амалӣ намешаванд сармоягузорон-тоҷирони хусусиро бештар ба мушкили рӯ ба рӯ сохтаанд. Мо ёд дорем, ки чанд тоҷири эронӣ ба Тоҷикистон омада буданду хостанд сармоягузорӣ кунанд ва то ҷое сармоягузорӣ низ карданд, вале онҳо дар кишвари мо пулу молашонро аз даст доданду аз ҷиҳати молӣ фиреб хурданд, ки дигар ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳ накарданд. Ва ҳоло ҳам ман медонам, ки чанд парванда-даъвоҳои Эрон дар ин маврид ҳаст, ки дар Вазорати корҳои хориҷии ин ду кишвар матраҳ шудаанду шояд натиҷае ҳам надодаанд. Бозори дохилии мо аз тарафи гурӯҳҳои муайян монополия шудааст ва системаи судии мо он қадар хуб фаъолият намекунад, бино бар ин онҳо чандон майли ташриф ба Тоҷикистонро надоранд. Он ҳамкориҳое, ки то имрӯз ҳаст хислати геополитикӣ доранд ва то имрӯз дар асл тиҷорати озод миёни Тоҷикистону Эрон ҳанӯз шурӯъ нашудааст ва барои ин бояд дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳифз ва амнияти сармояи эронӣ пайдо шавад".
Дар баробари ин ҳамсӯҳбатамон чанд тан аз коршиносони дигар низ дар сӯҳбат ба "Озодагон" иброз доштанд, ки агар ҷониби Тоҷикистон тавонад барои тоҷирону соҳибкорони Эрон имконияту шароитҳои беҳтаре фароҳам созад, робитаҳои иқтисодии ин ду ҷониб боз ҳам рушд хоҳанд кард. Аббос Баёнӣ, масъули бахши иқтисодӣ сафорати Эрон дар Тоҷикистон иброз намуд, ки гузашта аз он, ки ширкати эронии "Сангоб" тарҳи арзишаш беш аз 200 миллион доллараи "Сангтуда-2"-ро сохта истодааст, ҷониби Эрон бо дунболи анҷоми ин нерӯгоҳ " ба сохтмони нерӯгоҳи "Айнӣ" дар дарёи Зарафшон оғоз хоҳад кард. Дар баробари ин масъулини эронӣ омодагиашонро барои бунёди тарҳҳои нерӯгоҳҳои "Нуробод-1" ва "Нуробод-2" дар дарёи Хингоб баён доштаанд. Қаблан сохтмони нерӯгоҳҳои мазкурро Ҷумҳурии мардумии Чин ба ӯҳда гирифт, вале баъдан ба иттилои мақомоти кишвар ҷониби Чин бо дархости ӯзбакистон аз бунёди ин лоиҳаҳо даст кашид. Аббос Баёнӣ роҷеъ ба қотеъ будани нияти Эрон барои сохтмони нерӯгоҳҳои номбурда мегӯяд: " Мо бо ҳар чизе, ки қаблан атрофи ин сохтмонҳо рух додаст, кор надорем. Мутахассисони эронӣ аз аввал худро дар Тоҷикистон, аз паҳлӯи мусбат нишон додаанд ва барои шубҳа дар қотеъ будани омодагии ширкатҳои эронӣ дар бунёди иншоотҳои Тоҷикистон, заминае нест".
Нақши Эрон дар сулҳи тоҷикон
Ба таърихи робитаҳои Тоҷикистону Эрон дар тӯли беш аз 15 соли пас аз истиқлолияти кишвар назар афканем , маълум мегардад, ки равобит ва муносиботи ин ду кишвар, ки дорои муштаракоти зиёди фарҳангӣ, забонӣ, таърихӣ ва динӣ ҳастанд, рӯ ба рушд будааст. Ҷумҳурии Исломии Эрон аввалин кишваре буд, ки баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва эъломи истиқлоли Тоҷикистон, истиқлолияти кишварро ба расмият шинохт ва дар соли 1992 сафоратхонаи худро дар шаҳри Душанбе кушод. Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳамкориҳои Душанбеву Теҳрон аз ибтидои эъломи истиқлолияти Тоҷикистон, ба хусус дар заминаи фарҳангӣ бо таваҷҷӯҳ бо муштаракоти фарҳангӣ, забонӣ ва таърихӣ суръати бештаре гирифт. Аммо бо оғози нооромиҳои дохилӣ дар Тоҷикистон дар соли 1992 ва пас аз оғози ҷанги дохилӣ, ки то соли 1997 идома ёфт, ин ҳамкориҳо то андозае заиф гардиданд. Вале ҶИЭ ба унвони яке аз кишварҳои дӯсти Тоҷикистон, дар тӯли ҷанги дохилӣ низ ба суръати доимӣ барои расидани тоҷикон ба сулҳу субот ва ҳалли муноқишаҳои ду тарафи даргир талош кард. Бархе аз соҳибназарон бо ишора ба раванди густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Эрон мегӯянд, таҳаввуле, ки тайи чанд соли гузашта дар равобити Эрону Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваста аст, ин буд , ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ин афкору зеҳният дар сатҳи мардуми Тоҷикистон матраҳ буд, ки Эрон ба унвони муҳимтарин шарики стратегӣ ва хориҷӣ барои Тоҷикистон хоҳад буд. Бо гузашти солҳо Душанбе бо таваҷҷӯҳ ба руйкардҳо ва амалгароиҳои Теҳрон ба ин марҳила ва андеша расид, ки Эрон бояд ба яке аз муҳимтарин шарикони роҳбурдӣ барои Тоҷикистон табдил гардад. Ба андешаи бархе аз коршиносон Эрон дар сиёсати минтақавӣ бо пуштибонӣ аз манофеи Тоҷикистон бархурд мекунад. Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар зимни ирсоли барқияи шодбошияш ба Маҳмуди Аҳмадинажод барои солгарди ҷашни инқилоби исломӣ, иброз намуд, ки дар зарфи 10 соли охир ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ миёни Тоҷикистону Эрон 5 баробар зиёд шуда, сармоягузориҳои мустақими эронӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба маротиб афзудааст. Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар тайи 10 соли ахир ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни Тоҷикистону Эрон то 50% афзуд. Масъулини ин ниҳоди давлатӣ иброз намуданд, ки Эрон аз рӯйи ҳаҷми додугирифти молӣ бо Тоҷикистон пас Русияву Чин мақоми севумро ишғол менамояд. Айни ҳол ҷониби Эрон тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон шаҳраки махсуси саноати бунёд намояд, ки коршиносони бахши саноатӣ, ин иқдоми Эронро қобили қабул арзёбӣ намуданд.
Алишер Зарифӣ