Тақдир
Наход, ҳамеша зӯр аз болои заиф ҳукумат ронад...
Ин вожаро ба шакли дигар ҳам мешавад пешниҳод ва ё талаффуз кард. Қисмат сарнавишт, толеъ, ва чанд калимаи дигар ҳаммаънои тақдир буда метавонанд. Аммо намедонам, барои чӣ ва бо кадом сабабу омил интихоб болои тақдир қарор гирифт. Тақдири инсонро азалӣ мегӯянд ва борҳо шунидаему ва ҳам мешунавем, ки аз қисмат ҷои гурез нест. Бале, ман ҳам ба ин нукта розиам, ки аз офариниш ҳамин тур буда ва ҳамин маром барои ҳамешагӣ идома меёбад. Сарнавишти одам ҳанӯз вақти дар батни модар буданаш нигошта мешавад.
Аммо ин маънои онро надорад, ки одам ду даст болои дасту пой болои пой дароз кашаду интизор шавад, то аз ғайб барояш ғизо бифиристанд ва маишати ӯ таъмин шавад. Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки аз ту ҳаракат, аз ман баракат. Ҳаракату амал ва саъю кӯшиш инсонро ба ҳадаф мерасонад ва вораста мекунад. Ҷомеъаро низ талоши ҳамешагии ҷамъият ба соҳили мурод мебарад, агар он ба хотири расидан ба некномӣ ва озодагӣ бошад. Вале на дар ҳама ҳолат ин ҷаҳду талош натиҷаи мусбатро дар пай дорад.
Ин ҷо зикри як тасмими роҳбарони вақти шӯравӣ, ки ба солҳои аввали навадуми садаи гузашта иттифоқ афтода буд, аз манфиат холӣ нест. Он замон, ки аллакай режими комунистӣ ба нуқтаи заволаш расида буд, дар саросари СССР раъйпурсӣ (референдум) доир карданд. Суол аз шаҳрвандон ин буд, ки бақои ин кишварро ҷонибдоред ва ё хайр. Тибқи иттилои расмӣ беш аз навад дарсади ширкатдорон (хонда шавад-мардуми оддӣ ва хокӣ) ба ҷонибдории мамлакати абарқудрати советӣ овоз доданд. Аммо хостаи дили мардуми оддӣ барҳадар рафт. Иддае аз соҳибмансабони давр, ки зимоми ҳукуматро дар даст доштанд, райъи сокинонро нодида гирифтанд. Ва рӯйи ин ормони мардумӣ хати бутлон кашиданд ва бо ҳамин заминаи аслии парокандашавии шашяки рӯи заминро ба вуҷуд оварданд. Як сол пас, дар ҷангали маъруф ба Беловежск, дар фароғатгоҳи як роҳбари дигар ҷанозаи СССР-ро хонданду ба рӯҳаш дуои "хайр" карданд.
Яъне сарнавишти инсон ҳарчанд азалист, аммо боз ҳам иддае аз пештозон ва нухбагони давр, ки тасаллут дар сиёсат ва самтгириҳои ҷомеъа доранд, ба ҳар навъе бихоҳанд, чархи таърихро пешу қафо мебаранд, ба манфиати худии худашон ин равандро тағйир медиҳанд ва роҳат мебинанд. Ранҷу кулфаташ, ки маълум аст ба сари раъият мерезад ва ҷабру ситамро ҳам халқи оддӣ мекашад, на онҳое, ки дар маркази қабули тасмимҳо қарор доранд.
Таърих гувоҳ аст, ки чанд сол қабл ба манзури "дарёфт"-и силоҳи кимиёвӣ ва ё биологӣ абарқудрати дигар бо тарафдоронаш ба сарзамини муқаддаси Ироқ ҳамла кард. Бе эълони ҷанг ва бе муқаддимае аз бомборони қаламрави он шурӯъ карда, сарвари қонунии ин мамлакатро боздошт намуд ва дар рӯзи шарифе барои мусулмонони олам- Иди Қурбон ба таври ваҳшиёна ӯро ба дор кашид.
Дахолат дар умури дохилии ҳамсоякишварамон Афғонистон магар амри тақдир аст? Ба хоку хун оғушта кардани ҳазорон сокини осоишта магар роҳи эъмори давлати демократӣ аст? Шеваи қатли бераҳмонаи пешвои Либиё, сарҳанг Муаммар Қаззофӣ аз чӣ далолат мекунад?
Ин ва амсоли ин пурсишҳо зиёданд, ки посухи мусбат надоранд ва пайваста зеҳни одамро ба худ нигоҳ медоранд. Ҳарчанд мо ва ҳамзамонони мо ба ин боварем, ки қисматашон ҳамин будааст, толеъи паст доштаанд.
Наход, ҳамеша зӯр аз болои заиф ҳукумат ронад, миллати кӯчак мавриди таадӣ қарор гирад ва ҳадафҳои нопоки қудратмандон тариқи хушунату зӯр ба сари камқувватҳо бор карда шаванд?
Табиист, ки зӯру фишор ҳам поёни хубе надорад. Хоса барои онҳое, ки хостахои худро ба сари мазлумон иҷборан бор мекунанд. Фаромӯш набояд кард, ки ҳар чизе киштӣ, ҳосили ҳамон медаравӣ.
Он гоҳ дигарон ҳам дар қиболи зӯр хоҳанд гуфт: Тақдираш ҳамин буда, чӣ ҷои ҳасрату гила.
Хилватшоҳи Маҳмуд