Баҳсҳои нотамоми марзӣ
Дар 12 моҳи соли сипаришуда дар марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон 14 низоъ сар задааст.
Боқит Олимбеков, муовини вазири умури дохилии Қирғизистон гуфтааст, аммо дар 39 маврид низоъҳои марзӣ бо ҳамсояи дигари ғарбияшон ӯзбакистон марбут будааст. Перомуни низоъҳои сарҳадии Тоҷикистону ӯзбакистон бошад қариб ҳар ҳафта як хабари нав мерасад. Гуфта мешавад, низоъҳои марзӣ миёни ин се кишвар дар панҷсолаҳои наздик ҳам роҳи ҳали худро пайдо нахоҳад кард.
Хабаргузории "Интерфакс" аз нақли Боқит Олимбеков, муовини вазири умури дохилии Қирғизистон навиштааст, ки умдатан ин низоъҳо ҷанбаи маҳаллӣ дошта, дар ҳолатҳое ба худ ҷанбаи қавмӣ гирифтаанд. Иллати аслии сар задани танишҳоро аломатгузорӣ нашудани марз миёни Қирғизистон, Тоҷикистон ва ӯзбакистон унвон мешавад. Маврид ба ёдоварист, ки Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳудуди 1 ҳазор километр ва бо ӯзбакистон ҳазору 375 километр марзи муштарак дорад.
Мавзӯи баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳадде доғ нест, ки миёни Тоҷикистону ӯзбакистон аст. Ҳамин чанд рӯзи пеш буд, ки аз натиҷаи нокоми музокироти дурӯзаи ҳайатҳои ду кишвар хабар расид.
Ба иттилои "Озодӣ" музокирот баъди танаффуси сесола бегоҳии 20-уми феврал ба муҷарради ворид шудани комиссияни давлатии ӯзбакистон ба Душанбе зери раҳбарии муовини сарвазири он кишвар Рустам Азимов оғоз шуда, то зӯҳри 22-уми феврал идома кард. Ин нишаст пушти дарҳои баста сурат гирифт ва аз натоиҷи кори он ҳам иттиллое мунташир нашуд. "Аммо як манбаи наздик ба музокироти ҷонибҳо, ки нахост номаш ифшо шавад гуфт, бо он ки дар хатми музокирот як протоколи ёддошти тафоҳум ба имзо расид, аммо амалан мулоқоти ҷонибҳо кадом натиҷаи мушаххас надоштааст. Ин манбаъ афзуд, ки масоили баҳсӣ бар сари истифода ва ихтиёрдории обанбори Фарҳод ва хутути мушаххаснашудаи марзӣ дар бархе аз навоҳӣ, аз ҷумла Спитамен, Ашт ва Конибодому Шаҳристон дар қисмати шимолии Тоҷикистон ҳамчунон ҳалношуда боқӣ ва барои давраҳои баъдии музокирот вогузор шудааст. Ҳеҷ яке аз тарафҳо бар сари масъалаҳои баҳсталаб ба гузашт розӣ нашуда ва бар сари мавқеъии қаблии худ пофишорӣ кардаанд",-менависад манбаъ.
Бо ин вуҷуд гуфта мешавад, ки ҳарду ҷониб муваззаф шудаанд, мавқеъ ва пешниҳодоти худро барои баҳсҳои баъдӣ ба таври катбӣ омода кунанд. Қарор аст даври навбатии ҷаласаи комиссияи байнидавлатии ду кишвар дар ӯзбакистон доир шавад. Вале ҳоло замони баргузории даври навбатии музокирот маълум нест.
Ин бори аввал нест, ки музокироти комиссияҳои ҳукуматии ду кишвар сари масъалаи марзӣ бенатиҷа анҷом меёбад. Дар гузашта ҳам ҷонибҳо ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил намешуданд. Гап сари ин аст, ки ҳеч тараф ба гузашт кардан розӣ намешавад.
Бо ин ҳол аз аломатгузорӣ нашудани сарҳад бештар мардуми оддӣ хисорот мебинанд. Гоҳе чорвои худро ҳангоми чаро бо далели аз марз гузаштан аз даст медиҳанд, гоҳе худашон ба минҳои аз сӯи ӯзбакистон гузошта метарканд. Ҳолатҳои аз ҷониби марзбонони ҳамсоя ҳадафи тир қарор гирифтан ҳам ангуштшумор нест. Барои мисол шаби нӯҳуми апрели соли 2011 сарҳадбонони ҳамсоякишвар бо зарби тир сокини 20-солаи ноҳияи Зафарободро парронданд. Шоҳидони ҳодиса он замон гуфта буданд, ки Инъомҷон Миршарифов замоне мавриди ҳамлаи марзбонон қарор гирифтааст, ки аз хоки ӯзбакистон қасди бозгашт ба ноҳияро дошт.
Мушкили дигар бидуни огоҳӣ баста шудани гузаргоҳҳои марзист. Дар ин ҳолат ҳам сокинони оддии ду кишвар аз аёдати хешутабори бо амри тақдир дар як тарафи сарҳад мондаи худ бенасиб мемонанд.
Тибқи иттилои расмӣ то кунун мушкилоти таъини хутути марз миёни Тоҷикистону ӯзбакистон 80 дарсад ҳал шудааст.
Аввоили моҳи ҷорӣ бошад, даври навбатии музокироти комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон сари тақсим ва аломатгузории марз дар Душанбе сурат пазируфт. Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон беш аз 50 дарсади марзи 940 километрии миёни ду кишвар дақиқ шуда, бахсҳо атрофи 471 километри он идома дорад. Бо вуҷуди бархе аз ҳолатҳои низоъҳои марзӣ равобити Тоҷикистону Қирғизистонро ҳамеша хуб арзёбӣ мекунанд.
Бо ин ҳама 28-уми феврал дар шаҳри Душанбе нишасти минтақавии намояндагони ниҳодҳои марзбонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ оғоз кард. Ба иттилои "Озодӣ" ҳамоиши мазкур намояндагони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон, ӯзбакистон, Хадамоти ҳамоҳансози Шӯрои фармондеҳии марзии ИДМ, СПАД ва Шӯрои иҷроияи ИДМ ширкат доштаанд. Андешидани чораҳои иловагӣ барои тақвияти марзҳои берунии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз мавзуъҳои меҳварӣ унвон шудааст. Ҳамчунин, дар замина имзои як қатор санадҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо, аз ҷумла табодули маълумот дар бораи марзшикании байнидавлатӣ дар назар аст.