Имрӯз дар Душанбе маҷмаи тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон оғоз мегардад.
Тавре ба «Озодагон» аз Палатаи Савдо ва Саноат иттилоъ доданд, қарор аст дар ин намойишгоҳ соҳибкорони Афғонистон низ молу колои худро ба маърази тамошо ва фурӯш гузоранд. Бино ба қавли манбаъ, ҳайати тоҷирони қазоқ аллакай вориди пойтахт гардидаанд. Гуфта мешавад, ҳадафи аслии баргузории ин анҷуман густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии миёни Тоҷикистону Қазоқистон аст.{jathumbnail off}