Мурофиаи додгоҳии ба таъхирафтодаи хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо бо Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон расо соати 10:00-и имрӯз паси дарҳои боз, аммо бе ширкати хабарнигорон сурат гирифт.
Ҳудуди 20 нафар аз рӯзноманигорон аз расонаҳои хабарии ватаниву хориҷӣ субҳи барвақт ба назди бинои суд омада буданд. Дарбон ваъда кард, ки «пас аз соати 10, вақте ҷониби даъвогар ва судшаванда ба толор ворид шуданд, ба ҳамаи шумо ҳам иҷозаи вуруд медиҳем, бахусус ба журналистҳо!». Хабарнигорон ҳам ба ҳарфи ӯ бовар карданд. Чун одамони зиёд хоҳиши вуруд ба толори судро доштанд, журналистон каме канортар рафтанд, аммо соати 10- 05 дарбон эълон дошт, ки чун толор пури одам шуда, барои журналистон дигар дар толор ҷой нест.
Ин дар ҳолест, ки вакили мудофеъи бародарон Тураҷонзодаҳо Бузургмеҳр Ёров дар мурофиаи додгоҳии рӯзи 10 феврал аз суд тақозо карда буд, ки барои баргузории ҷаласаҳои минбаъдаи ин қазия толори бузургтар, амсоли идораи муфтиёт баргузида шавад. Зеро ба қавли ӯ, теъдоди хоҳишмандон ҷиҳати ширкат дар баҳси судии кушод ба маротиб зиёд аст ва толори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ тавони ғунҷондани ҳамаи онҳоро надорад.
Абдулқодирзода: Аз Худо умед дорам…
Ҳамин тавр, мо ва теъдоде аз ҳампешагонамон дар назди бинои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои вуруд ба толори суд ва инъикоси мунсифонаи қазия интизорӣ мекашидем. Он ҷо бо Бузургмеҳр Ёров ҳамсӯҳбат шудем ва мавсуф гуфт, дар ҷаласаи имрӯза судшаванда Саидмукаррам сухани охирини худро хоҳад гуфт. Ман фикр мекунам, ки мурофиаи судӣ чанд рӯз аст, ки идома дорад судшаванда гуноҳи худро ба дӯш нагирифт, шояд ин навбат ҳам худро бегуноҳ донад, ё боз ҳам мекӯшад гуноҳро ба гардани аъзои Шӯрои уламо бор кунад ё чизи дигар. Мо шоҳиди он мешавем, ки адолати судӣ чӣ гуна риоя мешавад, афзуд ҷаноби Ёров.
Пас аз анҷоми ҷаласаи навбатӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода зимни сӯҳбаташ бо журналистон гуфт: «Асли масъала ин аст, ки тарафи ҷанобон Тӯраҷонзодаҳо гумон доштанд, ки маҷлиси Шӯрои уламо вуҷуд надошт ва қарору муроҷиатномаи Шӯро қалбакӣ аз тарафи кадом шахсе гузаронида шуда буд. Аммо вазъият ва мурофиаи судӣ муайян ва исбот кард, ки дар ҳақиқат аъзоёни Шӯрои уламо ҷамъ омадаанд ва Ошӯрое, ки таърихи 2-юми декабр дар масҷиди «Туркобод» гузашта буд, он баррасӣ, муҳокима ва дар охири маҷлис бо қарору муроҷиатнома маҳкум шуд. Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои уламо аз рӯи низомномааш вазифадор аст ҳар масъалае, дар ҳар масҷиде , ки низомномааш ё оинномааш мувофиқи мазҳаби Эмоми Аъзам ҳаст, аммо хилофи мазҳаби Эмоми Аъзам кирдоре мекунад, Шӯрои уламо ва аъзоёни Шӯро ҳуқуқ доранд, ки онро маҳкум кунанд ва пешгирӣ кунанд. Ин пешгирӣ ба хотири он аст, ки ҳоло мо дар ҷаҳони Ислом мебинем, ки низоъҳои мазҳабӣ ва низоъҳои ақидавӣ тақрибан тамоми олами Исломро фаро гирифтааст, ки дар он ҷо мусибатҳо, хунрезиҳо ва ноҷуриҳову ноадолатиҳо рафта истодааст.
Ҷаноби Абдулқодирзода илова кард, ки ба хотири низои мазҳабӣ ба вуҷуд наояд ин як пешгирӣ буд. Дар ин ҷо ҳеҷ ғараз ва маҳкум кардани Тӯраҷонзодаҳо набуд ва нест, ҳеҷ кас ғараз надорад, фақат мехоҳанд, ки якмазҳабӣ, ваҳдати мазҳабӣ, ваҳдати динӣ, ки ваҳдати миллии мо ва оромии ҷумҳурӣ аз ин сарчашма мегирад, ки ҳамаи ин исботи худро ёфт. Ман аз Худованди азза ва ҷалл умед дорам ва аз суд ҳам умед дорам, ки дар охир як ҳукми одилонаи худро мебарорад.
Тӯраҷонзода: То Аврупо шикоят мебарам
Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода зимни сӯҳбаташ бо хабарнигорон иброз дошт, ки «ҷаласаи имрӯза бояд сухани охирини судшаванда мешуд, мутаасифона ғайричашмдошт раискунандаи суд эълом дошт, ки боз ду ҷаласаи судӣ идома мекунад ва ду ҳуҷҷат бояд мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Як нома аз прократура ва чор аризаи дигар буд, ки рӯзи чоршанбе судшаванда пешниҳод карда буд, ки мо рад карда будем. Гӯё ин аризаҳо аз номи 4 шаҳрванде, ки баъд аз баргузории маросими Ошӯро ба унвони судшаванда изҳори норозигӣ карда бошанд».
Ӯ мегӯяд, «Мо гуфтем, ки ин ҳуҷҷатҳо қалбакӣ ҳастанд, агар қалбакӣ намебуданд дар ин ду се моҳ судшаванда дар бораи ин мегуфт ё аз рӯзи аввал ин ҳуҷатҳоро пешниҳод мекард. Дар ҳоле, ки мо аз Саидмукаррам суол кардем, ки ду шоҳиди беғараз доред, ки дар маросими Ошӯро иштирок карда бошад ва дар маҷлисатон дидаву шунидаҳояшро барои шумо гуфта бошад? Эшон гуфтанд, ки не, ин хел шоҳид надорем.»
Тӯраҷонзода мегӯяд, ба гумони ман ин ҳуҷатҳо дар ҳамин чанд рӯзи ахир навишта шудааст. Имрӯз ин ҳуҷҷатҳо дубора ҳамчун санади расмӣ вориди санадҳои судӣ карданд ва аз ҳама аҷибаш бидуни баҳс, яъне мо аз мазмуни ин аризаҳо хабар надорем ва дар мурофиа баҳс нашуд, лекин ҳамчун санад ба санадҳои судӣ ворид карда шуд.
Тӯраҷонзода ба ин бовар аст, ки суд Саидмукаррамро беҷазо мемонад, зеро мегӯяд, ки Абдулқодирзода моро бо супориш сиёҳ карда буд, аз ҳамин хотир табиист, ки ба ӯ ҳукми сафед медиҳанд. «Мо он қадар умеди бисёр ҳам надорем, лекин ба ҳар ҳол мехостем як бор исбот кунем, ки ҳамин ҳарфҳо дар ҳаққи мо туҳмат аст, - мегӯяд ҷаноби Тураҷонзода ва илова кард, ки ба ҳар ҳол мо хаста намешавем ва барои талаби адолат боз ба зинаҳои болоии суд муроҷиат мекунем. Ман аз рӯзи аввал гуфта будам, «агар, ки ин суд қазияро мунсифона набинад, то додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи инсон муроҷиат мекунем.»
Бино ба қавли ҷонибҳо суд тасмим гирифтааст, ки фардо, 22 феврал, соати 15:00 ҳукми худро эълом намояд.
Ибодуллоҳи Тоир