Ғайбуллоҳ Афзалов, раиси вилояти Хатлон бо вазъи иҷтимоии вилоят аз наздик ошно мешавад. Зимнан, рӯзи 18-уми феврал, вохӯрии ӯ бо сокинон ва фаъолони ноҳияи дурдасти Темурмалик баргузор гардид. Дар мулоқот иштирокчиён аз мушкилоту камбудиҳо ва роҳҳои ҳалли он бо шахси аввали вилоят сӯҳбат карданд. Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» мушкили асосӣ, ки ҳам сокинон ва ҳам масъулини ноҳияро ба ташвиш овардааст, ин вайроншавӣ ва дар баъзе ҳолат, номустаҳкамии саддҳои соҳили руди Сурхоб мебошад, ки метавонад бевосита ба рустоҳои наздисоҳилӣ хатар эҷод кунад.
Дар ин маврид раиси вилоят ба масъулини зертобеъ супориш дод, то барои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин ноҳия техникаҳои зарурӣ ва сӯзишворӣ, инчунин симтӯрҳои саддгузорӣ дар кӯтоҳтарин муддат таъмин намоянд.
- Ҳукумати вилоят кӯмакҳои заруриро мерасонад. Аммо барои пурра мустаҳкам намудани соҳилҳо ва пешгирии хатари селфароӣ, аз сокинони маҳаллӣ ҳам истифода баред,-афзуд Афзалов.
Дар вохӯрӣ раиси ҳукумати вилоят аз фаъолияти сусти идораҳои нақлиёт ва истифодабарии роҳҳо, ҷамъоварии маблағи қувваи барқ, набудани корхонаҳои хурди саноатӣ, мушкили оби нӯшокӣ ва камбуди ҷойи корӣ изҳори нигаронӣ кард. Супориш шуд, то фаъолияти ин муассисаҳо таҳти назорати қатъӣ гирифта шавад.
Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Афзалов гуфт, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум ва ба кор таъмин намудани аҳолӣ бояд бо соҳибкорони маҳаллӣ ба мувофиқа омад: «Вақти он аст, ки дар ҳудуди ҳар ҷамоат корхонаҳои хурди саноатӣ бунёд намуд. Бо фаъол гаштани ин гуна корхонаҳо, ҳам ҷойи корӣ зиёд мегардаду ва ҳам зиндагии мардум ба тадриҷ боло хоҳад рафт. Дар ин кор албатта, такя ба соҳибкорон мебояд кард».
Ҳамзамон, соҳибкорон пешниҳод намуданд, ки омодаанд корхонаҳои хурди коркарди меваю консерва, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, комплекси паррандапарвариро бунёд карда, даҳҳо ҷойҳои кори нав ташкил намоянд.
Аслиддин Достиев