Бархе аз таҳлилгарон вуруди нерӯҳоро ба Афғонистон бузургтарин иштибоҳи раҳбарони вақти Шӯравӣ медонанд, ки заминае барои суқути он кишварро муҳайё кард.
Тибқи созишномаи Женева, ки 14 апрели соли 1988 миёни намояндагони баландмақоми ҳукуматҳои Афғонистон, Покистон, СССР ва ИМА оид ба танзими вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон имзо шуд, Иттиҳоди Шӯравӣ муваззаф гардид, ки артиши худро давоми нӯҳ моҳи оянда, яъне то 15 феврали соли 1989 аз хоки Афғонистон берун кунад. Матбуоти расмии он давр навишт, ки дар се моҳи аввал 50.183 хизматчии ҳарбӣ ба СССР баргашт, 50.100 нафари дигар аз 15 августи соли 1988 то 15 феврали соли 1989 Афғонистонро тарк намуданд. Охирин низомии шӯравӣ, ки 15 феврали соли 1989 марзи Афғонистонро ба қасди Шӯравӣ тарк намуд, генерал-лейтенант Борис Громов буд. Аммо гуфта мешавад, дар қаламрави Афғонистон ҳамоно сарбозоне, ки дар асорати муҷоҳидон буданд, қарор доштанд.
Аммо ҳоло ба замони 10 сол аз он пештар (аз инқилоби Савр) назар андохтанием. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои мухталиф ва шоҳидони ин ҷанг вуруди нерӯҳои Шӯравӣ ба Афғонистон, баъди пирӯзии инқилоби Савр дар соли 1979 оғоз гардид. СССР ба Афғонистон артиши 40-уми худро сафарбар намуд. Аввалин низомиёни шӯравӣ моҳи июли соли 1979 ба музофоти Бағром ва шаҳри Кобул ворид шуданд. Аз 9 то 12 декабри ҳамон сол ба Афғонистон нахустин «Баталёни мусулмон» фиристода шуд. Шоми 27 декабр СССР бо ҳадафи тасарруфи қасри Ҳафизуллоҳ Амин, амалиёти «Шторм»-ро роҳандозӣ мекунад. Ба иттилои маркази кашшофии Амрико (СРУ) нақшаи ин амалиётро раҳбари вақти КДБ (КГБ) Юрий Андропов ҳанӯз қабл аз вориди Афғонистон шудани нерӯҳои Шӯравӣ тарҳрезӣ карда буд. КГБ Ҳафизуллоҳ Аминро дар ҷосусӣ ба нафъи СРУ муттаҳам мекард, аммо амрикоиҳо мегӯянд, ҳамин Амин буд, ки барои ворид шудани сарбозони СССР пойфишорӣ мекард.
Валӣ Сайёрабеков, муовини райиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон мегӯяд, баъди пирӯзии инқилоби Савр вазъияти сиёсӣ дар он кишвар мутташаниҷ шудан гирифт: «Роҳбарияти вақти Афғонистон бо сарварони Иттиҳоди Шӯравӣ робитаҳои зичи ҳамкорӣ доштанд. Ҳукумати Шӯравӣ ба Афғонистон кӯмакҳои зиёди иқтисодӣ мерасонд. Дар баробари ин зарурати расондани кӯмаки ҳарбӣ низ ба миён омад. Нерӯҳои мусаллаҳи Шӯравӣ дар асоси қарордод ба хоки Афғонистон ворид шуданд».
Ба қавли номбурда, солҳои аввали ба Афғонистон даромадани нерӯҳои шӯравӣ дар дохили он кишвар як ҳолати инқилобӣ ба вуҷуд. Аксарияти мардуми афғон аз ҳамкорӣ бо Шӯравӣ истиқбол мекарданд. «Албатта гурӯҳҳои мухолиф ҳам буданд, ки намехостанд нерӯҳои мусаллаҳи шӯравӣ ба Афғонистон ворид шавад. Маълум аст, ки фикри мардуми оддӣ ба эътибор гирифта намешуд, аммо аксарияти онҳое, ки ба сиёсат сару кор доштанд, аз ҳузури низомиёни СССР ҷонибдорӣ мекарданд»,-меафзояд Валӣ Сайёрабеков.
Иштибоҳи артиши СССР
Моҳи апрел конгресси ИМА «кӯмаки мустақим» ба мухолифони ҳукумати Афғонистонро дар ҳаҷми 15. 000. 000 доллар таҳрим кард.
5 апрел дар пайи амалиёти ҳарбӣ дар ҷануби Афғонистон нерӯҳои шӯравӣ иштибоҳан ба қаламрави Эрон ворид шуданд. Нерӯҳои ҳавоии Эрон ду чархболи СССР-ро маҳв кард.
Ба навиштаи рӯзноманигорони эронӣ давоми ҳузури нерӯҳои мусаллаҳи Шӯравӣ дар Афғонистон, ки 9 солу 1моҳу 19 рӯз идома кард, ҳудуди 3 миллион шаҳрванди Афғонистон кушта ё маъюб шуд. Аз ҳисоби нерӯҳои СССР теъдоди қурбониён 14.453 нафар арзёбӣ мешавад. 49.983 хидматчии дигар ҷароҳат бардошта, 330 нафар беномунишон гаштаанд.
Ҳамзамон, муовини райиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон мегӯяд, дар муддати наздик ба 10 сол 15 ҳазор тоҷикистонӣ ба Афғонистон сафарбар шуданд, аз ин шумора 366 нафар дар ин ҷанг қурбон шуда, 5 тани дигар беному нишон гардидаанд, 1000 кас чароҳат бардоштааст.
Бурд ё бохт?
Омори расмӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар қаламрави Афғонистон он солҳо наздики 12 миллион мин гузоштаанд, ки 7 миллиони он ҳанӯз безарар гардонда нашудааст. Тибқи ҳамин маълумот, дар замони ҷанг ва то давраи хуруҷи нерӯҳо СССР 103 таёра ва ҳавопаймои ҳарбӣ, 317 чархбол, 147 танк, 1314 воситаи нақлиётро аз даст додааст.
Вуруди нерӯҳои мусаллаҳи Шӯравӣ ба хоки Афғонистонро бархе коршиносон ҷанги эълоннашуда хондаанд, ки дар моҳи декабри соли 1979 оғоз шуд. Гуфта мешавад, раҳбарияти вақти Афғонистон чандин маврид аз Иттиҳоди Шӯравӣ дархости кӯмаки ҳарбӣ намуданд ва Бюрои сиёсии Ҳизби коммунист дар мавриди ба Афғонистон фиристодани нерӯҳо фармон дод. Артиши СССР дар Афғонистон ба муқовимати шадиди ақвому халқияти он кишвар рӯ ба рӯ гардид. Ин чирикиҳо дар маҷмӯъ ҳаракати муҷоҳидинро таъсис дода, нуфуси артиши СССР-ро дар ҶИА кам мекарданд ва ҳатто боиси аз қаламрави он кишвар хориҷ шудани нерӯҳо гаштанд. Ба ин муқовимату низоъи сиёсӣ кишварҳое амсоли ИМА, Покистон, Эрон, Арабистони Саудӣ низ ҳамроҳ шуданд.
Валӣ Сайёрабеков афзуд, қабл аз вуруди нерӯҳои ҳарбӣ дар Афғонистон ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвари ҳаммарз зиёд буданд. «Онҳо ба ҳайси тарҷумон дар бахшҳои мулкӣ фаъолият мекарданд. Вақте артиши 40-уми Шӯравӣ ба Афғонистон ворид шуд, дар баробари дигар сарбозону афсарон аз 15 кишвари бародар ҳамватанони мо ҳам буданд». Бойиси тазаккур аст, ки ду фиристодаи Тоҷикистон- Александр Мироненко (пас аз маргаш) ва Набӣ Акрамов бо гирифтани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шарафёб гаштанд.
Ҷанг роҳи ҳал нест
Бо гузашти 33 сол аз вуруди нерӯҳои Шӯравӣ ба Афғонистон дар мавриди иштибоҳоти раҳбарони вақти СССР зиёд сӯҳбат мекунанд. Аммо замони тасмимгириҳо кам касоне буданд, ки ҷуръат мекарданд, аз оқибати нохуши ин амал садо баланд кунанд. Ҳарфҳои академики маъруф Андрей Сахаров боиси ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуданаш гардид. Танҳо дар солҳои 90-ум бархе аз зиёиёни тоҷик ҳам мегуфтанд, ки ҷанг дар Афғонистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон набояд мояи ифтихор бошад. Муовини райиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон ҳам бар ин назар аст, ки дар ҳама вазъу ҳолат набояд низои мусаллаҳонаро ба унвони роҳи ҳал пиндошт. Ба қавли вай, ҳамеша бояд талош кард, то аз тариқи мусолиҳа мушкилиҳо ҳал шаванд.
-Аз ин нуктаи назар ворид шудани артиши мусаллаҳи як кишвар ба давлати дигар ҳатто агар ба манзури оромиву амният ҳам бошад, оқибати хубе ба бор намеорад. Дар Афғонистон ҳам ҳамин хел буд. Дар давоми даҳ сол чӣ қадар одамон аз ду ҷониб кушта шуд, аммо ба мақсади ниҳоӣ нарасиданд,-мегӯяд оқои Сайёрабеков.
Аммо соҳибназароне ҳастанд, ки мегӯянд, агар он солҳо Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон ворид намешуд, бо эҳтимоли зиёд ИМА ҳозир буд низомиёни худро онҷо мустақар кунад, тавре ки алъон зери чатри НАТО ин амалро пиёда кардаасту давлат меронад.
Абдулазизи Восеъ