Фаъолияти муассиси ҳафтаномаи «Пайкон» барҳам дода мешавад.
Дар ин бора қабл аз зӯҳри имрӯз додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳалнома содир кард. Тавре ба хабарнигори «Озодагон» дар ин мақомот иттилоъ доданд, даъвои вазорати адлия дар қиболи Бюрои Маслиҳатдиҳӣ, Сухансанҷӣ ва Тадқиқоти Журналистӣ оид ба манъи фаъолияти бюрои мазкур қонеъ гардонида шуд.Аммо вакили мудофеъи БМСТЖ Шӯҳрат Қудратов мегӯяд: «Пас аз гирифтани нусхаи ҳалномаи додгоҳӣ мо ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳем бурд, зеро суди ноҳияи Фирдавсӣ қарори ғайримунсифона ва ғайриқонунӣ баровардааст, мо эътироз мекунем». Вазорати адлияи Тоҷикистон бюрои мазкурро дар фаъолияти ғайриқонунӣ, бе огоҳии қаблӣ иваз кардани қароргоҳаш муттаҳам медонад. Сарвари БМСТЖ Ҷумъаи Толиб ин иддаоҳоро бепоя хонда мегӯяд, нашри матолиби интиқодӣ дар ҳафтаномаи «Пайкон» сабаб гардид, ки фишор болои муассиси нашрия зиёд гардад.
Ёдрас менамоем, чанд рӯз қабл иҷрокунандагони ҳукмҳои додгоҳӣ аз идораи ҳафтаномаи мустақили “Пайкон” ду компутар, як телефони корӣ ва сканеру принтерро мусодира карда буданд. Гуфта мешуд, ин молумулк ба хотири иҷрои ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар моҳи октябр “Пайкон”-ро ба нафъи идораи давлатии “Тоҷикстандарт” 300 000 сомонӣ ҷарима баста буд, гирифта шудааст.