Тавре Ориф Нозимов, сухангӯи кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, аз сабаби боришоти барфи зиёд дар кишвар субҳи имрӯз шоҳроҳи «Душанбе-Хучанд» баста шуд. Мутахассисони соҳаи наҷотдиҳӣ аз ду ҷониб дар сурати сар задани ҳолати фавқулодда барои кӯмак ва наҷотбахшӣ омодаанд.
Бино ба қавли манбаъ,алъон бо супориши рохбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳайати шахсии Кумита ва сохторҳои таркибии он ва ситодхои кумита оид ба ҳолатҳои фавкулодда, ки дар шаҳру вилоятҳои кишвар фаъолият доранд, дар ҳолати тайёрии махсусанд.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки дар километри 63-64-уми шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд» дар мавзеи Майхура, дидбонгоҳ ташкил карда шудааст: «Дар ин дидбонгоҳ ҳайати шахсии наҷотдиҳандагони маркази наҷотдиҳии Кумита сафарбар гардидаанд. Ҳайати гурӯҳи наҷотдиҳандагон иборат аз 7 нафар мебошанд. Ҳамчунин, ба ин гурӯҳ мутахассисони наҷотдиҳӣ аз шӯъбаҳои кӯҳнавардиву техникӣ, ғаввосону тайёрии наҷотдиҳандагон ва тибии маркази наҷотдиҳӣ шомиланд».
Кумитаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании кишвар дар чунин ҳавои сард, бахусус аз 5 то 8-уми феврали соли равон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш мекунад, ки ба самти шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд» ва «Душанбе- Бадахшон» ба сафар набароянд.
Оид ба вазъияти роҳ ва ҳолати фавкулодда дар ин шоҳроҳҳо ба Маркази амалиётии Кумита бо рақами кӯтоҳи фаврии 111 занг занед.