«Агар имкону қудраттон расад, марҳамат истеҳсолотро васеъ кунед, ҷойҳои нави корӣ муҳайё созед. Ошатон шавад!»,-изҳор дошт, президент чанде қабл.
Истихроҷу коркарди саноатии канданиҳои фоиданоки зеризаминии Тоҷикистон хеле заиф буда, саҳми ин бахш дар мустаҳкамсозии вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар хеле ночиз аст. Нуктаи мазкурро масъулини ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ҳам эътироф мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир тибқи иттилои расмӣ дар кишвар беш аз 600 кон ва 800 зуҳуроти зиёда аз 50 намуди ашёи минералӣ дар гӯшаҳои гуногун кашф ва қисман омодаи истифода гардидаанд. Масъулини Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки махсусан истихроҷу истифодаи захираҳои яке аз бузургтарин конҳои нуқра – Кони мансури калон, конҳои тиллои водии Зарафшшон, аз ҷумла Кончоч, Мосриф, Чоре, конҳои селестини минтақаи Кӯлоб, Чилотоҷу Гулисой, кони бори Яккархар, сангҳои қиматбаҳои Бадахшон ва антасити аз ҷиҳати сифат дар дунё беҳамтои Назарайлоқ метавонанд ба рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ мусоидат карда, даҳҳо ҳазор мутахассисонро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намояд ва боиси воридоти технологияи муосир, ташкили соҳаҳои нави саноат гардад.
Вале бо вуҷуди ин ҳама изҳорот ва интизориҳо дар Тоҷикистон сармояугзории васеъ ба соҳаи истихроҷ ва истифодаи боигариҳои зеризаминӣ ба назар намерасад.
Шӯҳрат Раҳматбоев, муовини аввали райиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ монеаҳои асосии истифодаи қаъри замини Тоҷикистонро, қонунгузории амалкунандаи кишвар ва идораи нодуруст,меномад, ки айни ҳол давлат дар ин соҳа ба роҳ мондаст.Дар Тоҷикистон қонун дар бораи истифодаи қаъри замин соли 1994 –ум қабул шудааст, ки ба гуфтаи масъулин бандҳои он асосан меъёрҳои замони Шӯравиро таҷассум мекунанд. Раҳматбоев муносибат ба маълумоти геологиро дар Тоҷикистон омили дигари боздоранда, барои истифодаи васеи боигариҳои зеризаминии Тоҷикистон номид. ӯ мегӯяд:«Айни ҳол дар ҷаҳон бисёр давлатҳо кӯшиш мекунанд, ба воситаҳои гуногун, аз ҷумла интернет маълумотро дар бораи боигариҳои табии худ дастраси сармоягузорон намоянд. Аммо дар Тоҷикистон маълумотҳои геологӣ, ки хеле ғанианд, дар фондҳои геологӣ хобидаанду, ҳатто шакли электронӣ надоранд ва дар интернет ҷойгир нестанд. Зиёда аз ин бисёри маълумотҳои геологӣ дар Тоҷикистон айни ҳол зери мӯҳри махфият қарор доранд».
Суоле дар интизори ҷавоб
Дар ҳамин ҳол, Раҳматбоев суол мегузорад, ки вақте сармоягузорони ҷаҳонӣ намедонанд, ки мо чӣ боигариҳо дорем, чӣ хел барои сармоягузорӣ ҳавасманд хоҳанд шуд? Ӯ таъкид мекунад, ки дар Тоҷикистон бояд дастрасӣ ба маълумоти геологӣ васеъ гардад.
Бахши истифодаи қаъри замин ягона, соҳае боқӣ мондаст, ки давлат дар он соҳибмулки ягона маҳсуб меёбад ва тибқи сарқонун қаъри замин ва боигариҳои он моликияти давлат мебошанд. Бино ба ин коршиносон барои давлат зарур меҳисобанд, ки дар истифодаи васеъ ва самарабахши қаъри замин ҳавасмандиро таъмин созад.
Вале низоми идора, ки айни ҳол давлат дар бахши истифодаи қаъри замин роҳандозӣ кардаст, ба гуфтаи Раҳматбоев костагиҳои зиёд дорад. ӯ зарур меҳисобад, ки Тоҷикистон аз низоми иҷозатномадиҳии мавҷуда, ки расмиёти зиёдро дар бар мегирад, ба усули шартномавӣ гузарад:«Дар ҷаҳони муосир бисёри давлатҳо аз иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи истифодаи қаъри замин даст кашида, ба шартномаҳо гузаштаанд. Аз ҷумла дар Қазоқистон муносибат байни давлат ва истифодабарандаи қаъри замин тариқи шартнома сурат мегирад».
Дар қатори камбудиҳои низоми мавҷудаи истифодаи боигариҳои зеризаминии Тоҷикистон, масъулини Кумитаи сармоягузорӣ меафзоянд, ки сохтори идораи давлатӣ хеле мураккаб буда, салоҳияти идора миёни ниҳодҳои хеле зиёд тақсим гардидаст, ки дар натиҷа идораю назорати истифодабарии сарватҳои табиӣ хеле коста мебошад.
Масъулини Кумитаи сармоягузорӣ ба қатори омилҳои боздорандаи истифодаи боигариҳои Тоҷикистон, набудани усулҳои аниқу шафофи дастрасӣ ба боигариҳо, заифии ҳимояи сармоя, қонунгузории андози зуд – зуд тағйирёбанда, набудани инфрасохтор, сустии таъминот бо барқро ҳам ном бурданд.
Таҳлилгарони бахши сармоягузории Тоҷикистон мегӯянд, сармоягузорони хориҷӣ пеш аз маблағгузорӣ ба соҳаи истифодаи қаъри замин, чанд омил , аз ҷумла пешкаши маълумоти геологӣ, кафолати ҳуқуқ ба моликият, миқдори ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, шумораи ниҳодҳои давлатии дар раванди иҷозатномадиҳӣ фаъолбуда, маҳдудияти коркард, содирот ва фурӯши металҳои қимматбаҳо ва маҳдудияти истифодаи коргарони маҳаллию хориҷиро ба назар мегиранд.
Эмомалӣ Раҳмон: Агар роҳаша ёбед, ошатон шавад
Айни ҳол дар Тоҷикистон барои истифодабарандагони қаъри замин ҳуқуқи моликият, ба дасти дигар кас додани иҷозатнома, ё фурӯши бозёфтҳои геологиашон кафолат дода намешавад. Коршиносони соҳа изҳор медоранд, ки дар низоми созишномавии истифодаи қаъри замин, ки дар ҷаҳон роиҷ аст ва дар назар аст дар Тоҷикистон ҳам ҷорӣ шавад, барои истифодабаранда ҳуқуқи истифода, додани салоҳияти худ ба шахси дигар, гаравмонии маъодин ва ғайра бояд таъмин гарданд. Дар ҳоли ҳозир ҷалби ҳар чи бештари бахши хусусӣ ва осон намудани дастрасии соҳибкорон ба истифодаи қаъри замин зарур арзёбӣ мегардад.
Айни ҳол дар Тоҷикистон бо вуҷуди зиёд будани ашёи хоми маҳаллӣ ва боигариҳои зеризаминӣ, якчанд корхонаҳои фаъоли саноатӣ ҳам аз ашё хоми воридотӣ истифода мебаранд. Корхонаи алюминийи Тоҷикистон «ТАЛКО» аз гилхок ва кокси нафтии дигар кишварҳо истифода мекунад. Инчунин бисёре аз корхонаҳои саноатии хурду бузург баъди пошхӯрии шӯравӣ ва қатъи занҷири истеҳсолӣ аз кор бозмонданд, зеро дастрасӣ ба ашёи хом надоранд. Дар кишвар таи солҳои охир ҳудуди 1300 корхонаи хурду бузург хусусӣ шуда, чоряки онҳо бекор ва қисми зиёди онҳо бо иқтидори нопурраашон фаъолият доранд. Бо назардошти ин ҳолат дар
кишвар вақтҳои охир даъватҳо барои аз сари нав давлатӣ кардани корхонаҳои хусусии нофаъол зиёд садо дода истодаанд.
Аз ҷумла президенти Тоҷикистон чанд моҳ пеш зимни сафараш ба вилояти Хатлон аз фаъол набудани баъзе корхонаҳои саноатии хусусигардонидашуда интиқод намуда, ба соҳибмулкон аз имкони бозпас гирифтани корхонаҳо ҳушдор дода буд: «Агар имкону қудраттон расад, марҳамат истеҳсолотро васеъ кунед, ҷойҳои нави корӣ муҳайё созед. Ошатон шавад! Вагарна мо роҳаша меёбем. Меёбем соҳибкоронеро, ки истеҳсолотро васеъ мекунанд, технология ворид мекунанд, ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозанд».
Аммо Анвар Наҷмиддинов, муовини сардори Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон кашида гирифтани корхонаҳои хусусишудаи аз кор бозмондаро роҳи ҳал намедонад ва таъкид кард, ки бояд вазоратҳои соҳавии Тоҷикистон дар самти дастгирӣ ва мусоидат барои густариши фаъолияти корхонаҳо фаъолтар шаванд.
Шӯҳрат Раҳматбоев ҳам ба гузашта салавот гуфта, афзуд, ки 15 – 20 сол пеш дар кишвар шароите буд, ки амволро дар ягон шакл нигоҳ доштан зарур буд. Ба гуфтаи ӯ имкони давлат ва мақомоти дар соҳа фаъолият дошта намерасид, ки амволро нигоҳ кунад:
«Ин ҳолат дар бисёр соҳаҳо ҷой дошт. Амвол ё таллаю тороҷ мешуданд, ё ба дасти ягон соҳиб доданашон даркор буд, ки дар ягон намуд, онҳоро нигоҳ дорад. Акнун мо маҷбурем шартномаҳои 15 – 20 сол пешро иҷро кунем. Наметавонем, гӯем, ки мебахшед мо хато кардем, онро хато фурӯхтем, онро баргардонед. Шояд ҳамин тариқ мо 1000 – 100 ҳазорро мебурем, лекин садҳои миллион, миллиардҳо сармояи ба Тоҷикистон меомадаро роҳашро мегирем»
Раҳматбоев, таъкид мекунад, ки сармоягузорони хориҷӣ ба риоя шудани ҳуқуқи моликият аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд ва эҳтиёткориро дар муносиботи амволӣ зарур арзёбӣ кард. Масъулини Кумитаи сармоягузорӣ мӯътадилиятро махсусан барои ҷалби сармоя ба соҳаи истифодаи қаъри замин муҳим арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо сармоягузорӣ ба ин соҳа таваккал ва сарфи вақту маблағи зиёдро тақозо карда, мӯътадилияти бардавом дар ҳамаи соҳаҳо аз ҷумла сиёсӣ, амволӣ, молияивӣ зарур аст.
Ҳаким Давлатёр