Соли гузашта заршӯҳои чиноӣ дар мавзеҳои тиллодори ноҳияи Шӯрообод тибқи шартнома бо Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, 2-корхонаи коркарди тиллоро бунёд намудаанд. Охири ҳамин сол, дар корхонаи муштараки «Худхам» беш аз 1 килограм тилло ба маблағи 359-ҳазор сомонӣ истеҳсол шудааст. Амирхон Икромов, райиси ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, иқтидори ин корхона дар як сол беш аз 40 килограм тилло мебошад. Агарчӣ ҳар ду корхона ҳам соли гузашта ба фаъолият пурра омода гашта буданд, вале бо сабабҳои номаълум, корхонаи дуввум ба истеҳсоли маҳсулот шурӯъ накарда буд. Ба гуфтаи ӯ, соли равон бояд ҳар ду корхона фаъолияти густардаро ба роҳ монанд. Иқтидори солонаи ҳар ду корхона дар як сол 279 килограм тилло будааст. Дар назар аст, ки то охири сол то 300 килограмм тилло дар ин корхонаҳо истеҳсол шавад. Дар ҳоли ҳозир, ба иттилои манбаъ, дар корхонаи «Худхам» 50-нафар аз сокинони маҳаллӣ ба кор фарогир гаштаанд. Ба гуфтаи Икромов, бо ба кор даромадани корхонаи дигар, шумораи коргарони таҳҷоӣ то ба 250 нафар хоҳад расид.
Тибқи иттилои раис, дар ҳудуди ноҳия боз 17 мавзеи тиллодор кашф ва ошкор гаштааст, ки шояд дар он минтақа низ корхонаҳои муштарак дар кӯтоҳтарин муддат рӯйи кор оянд. Бояд гуфт, ки масъулини ноҳия аз шумораи ба кор фаро гирифтани мардуми бумӣ огаҳӣ доранд, вале чанд нафар аз чиноиҳо дар ин корхонаҳо кору фаъолият мекунанду дар оянда шумораи эшон то ба чанд хоҳад расид, ягон маълумоте надоранд. Аниқтараш, фаҳмидан ҳам намехоҳанд. Аммо омадани чиноиҳо ба ин ноҳияи кӯҳистони дурдасти тоҷик, агар аз як тараф кӯмак барои таъмини ҷойҳои кориро ба амал оварад, аз ҷониби дигар ҷиҳатҳои манфиро низ дар пай дорад. Аввалан, ин қавм дар ҳеҷ давру замон барои муваққатан ба ягон диёре намераванд. Ҳатман, ки омаданд, мустақар мегарданд. Гузашта аз ин, метавонанд бемалол, аҳли оилаашонро ҳам биёранд. Ва ё дар як муддати кӯтоҳ, ҳамин ҷо оила бунёд намоянд. Мисолҳо зиёданд, ки хонумҳои тоҷик дар хеле маврид ихтиёри шавҳари чиноӣ кардаанд. Ва сар мешавад, тоҷикони бинипачақу чашмтангу кӯтоҳқад тавлид гаштан. Гузашта аз ин, чиноиҳо он қадар ҳисси баланди миллатчигӣ доранд, ки ба ҳеч ваҷҳ ягон миллатеро, ҳатто дар ватани худашон, бо хитоӣ баробар дидан наметавонанд, куҷо расад аз боло донистан. Ҳамин ғурури чиноӣ аст, ки ин миллат дар дилхоҳ кишварҳои дунё, наздики касеву чизе сар намефарорад ва дар мавриди ба шаъну эътибораш расидан, ҳатман даст ба гиребон мешаванд, агарчӣ барои кор кардан ҳам омада бошанд. Исботи ин гуфтаҳо зиёданд. Мисоли охирин, задухӯрди мунтазами чиноиҳои муҳоҷири меҳнатӣ бо коргарони тоҷики корхонаи тиллокории вилояти Суғд ва сокинони маҳаллӣ дар соли гузашта мебошад. Аҳолии русторо ҳам заданду ва боз муттаҳамашон намуданд, ки мутахассисони хитоиро сокинони таҳҷоӣ рӯйи хуш намедода бошанд. Панҷ сол пештар, гурӯҳи бузурги коргарони чиноӣ, ки дар Кӯлоб зеристгоҳи баландшиддати электрикӣ бунёд мекарданд, дар маркази шаҳр ба ҷавонони кӯлобӣ таҳқиру зӯроварӣ раво диданд. Вале он ҳангом, авлодони «Брюс Лӣ» аз ҷониби ин ҷавонон мурданивор лату кӯб гашта буданд. Ва ё ба гуфтаи ронандагони нақлиётҳо, дар роҳҳое, ки чиноиҳо бунёд кардан доранд, коргарони оддӣ ва механизаторҳо нисбати ронандагони тоҷик дағалӣ мекунанд. Ҳолатҳое ҳам будаанд, ки бо техникаҳои бузурги роҳсозӣ нақлиёти тоҷиконро маҷақ кардаанд. Яъне, хитоиҳои коркобу коргар дар баробари фоида овардан, дар пайи худ даҳҳо зарару зиён низ меоваранд. Ин дар ҳолест, ки 6.600 гектар заминҳои кишоварзии Тоҷикистонро низ тайи як шартнома ба ихтиёр хоҳанд гирифт.
Акнун тоҷикони бекору сарсону саргардон худ қудрати коркарди ин заминҳоро надоранд? Ва ё мутахассисони тоҷик наметавонанд дар ҳамон минтақаҳои тиллодор корхонаву артелҳои заркорӣ ба роҳ мондаву бойигарии меросиро коркарду истеҳсол намоянд, дар ҳоле ки аз 4 як ҳиссаи аҳолии ин диёр дар пайи ризқу рӯзӣ дар мамолики дур саргардон будаанд?
Тоҷикон ҳам метавонанд, агар дастгирӣ ёбанд
Мутахассисон ва соҳибкорони тоҷик мегӯянд, ки аз ӯҳдаи инчунин корхона баромада метавонанд, агар маблағи зарурӣ дарёфт карда тавонанд. Пас, танҳо бонкҳои ҷумҳуриро зарур аст, ки ба ин гуна соҳибкорон маблағҳои қарзӣ дарёфт ва пешниҳод намоянд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки тоҷикон қодиранд аз боигарии зеризаминӣ ба хубӣ истифода баранд ва дар рушди кишвар ва баланд гаштани сатҳи зиндагонии мардум ба пуррагӣ мусоидат намоянд. Исботи ин гуфтаҳо, танҳо метавон корхонаҳои коркарди тиллои мавзеи Шугнов бошад. Баъди пошхӯрии давлати Шӯравӣ ва ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ, силоҳдорон ин мавзеъро тамоман ғорат намуданд. Гузашта аз ин, тақрибан кулли техникаву таҷҳизотро шикаставу дуздида бурданд. Баъд аз тинҷиву оромӣ, мутахассисони инглису амрикоӣ ва ҳам русҳову чиноиҳо бо навбат ба ин мавзеъ расида, кушиши тиллокоркунӣ намудаанд. Вале ҳамагӣ бо сабабҳои гуногун, тарки он кардаанд. Ҳамакнун, бо ибтикор ва ғайрати чанд тан аз соҳибкорони маҳаллӣ ва ҳам кумитаву вазоратҳои ҷумҳурӣ фаъолияти чанд корхона аз нав барқарор гардида, гузашта аз ин артелу корхонаҳои хурди нав бунёд гардиданд. Садҳо ҷойҳои кории нав пайдо шудаву сатҳи зиндагии мардуми кӯҳистон ва рушди ноҳия низ баланд гаштан дорад. О, мешавад, агар мутахассисони худӣ дастгирӣ ёбанд. Пас, дигар минтақаҳои боигарии зеризаминӣ доштаро низ метавон аз ҳамин усул кор гирифт ва боигарии диёрро сарфи рушду нумуъи кишвар кард. Зеро то ҳанӯз касе дақиқан гуфта наметавонад, ки корхонаҳои муштарак чӣ миқдор барои худ аз боигарии мо манфиат мебаранду барои мо чӣ мегузоранд. Боз ҳам барои мисол, масъулини ҳукумати ноҳияи Шӯрообод танҳо аз он «хурсанд» будаанд, ки бо фаъол гаштани корхонаҳои хитоӣ, чанд тан аз сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мегарданд, бехабар аз он, ки чӣ миқдор боигарии мо ройгон ба кисаи чиноиҳо меравад. Ва агар боз ҳам 17 мавзеи ошкоргаштаи тиллоро дар ин ноҳия тиллокорони хитоӣ соҳибӣ кунанд, ҳайфи ин ризқи худодод. Мо бошад танҳо худро ором мекунем, ки «ахиран, ҷойҳои корӣ зиёд мегардад».
Ҳадаф бад кардани хитоӣ нест
Мақсад аз овардани ин матлаб дар он нест, ки мутахассисону соҳибкорони аҷнабиро дар кишвар роҳ надиҳем. Не ва ҳаргиз мо хостори ин нестем. Бигзор бошанд, биоянд ва дар ҳали корҳо, махсусан боигариҳои зеризаминӣ, бо мо дар ҳамкорӣ бошанд. Вале, на ба ҳайси авбошу зӯр ва соҳибмулк гаштан. Корхонаҳо созмон диҳанд, аммо дар он ҳуқуқи тоҷиконро ҳамчун соҳиби хона эътироф намоянд ва ба ҳеҷ ваҷҳ, маоши як коргари ҳаммиллаташонро аз коргари маҳаллӣ боло надоранд. Ҷалби мутахассисони диёр дар корхонаҳои муштарак зиёдтар шавад, зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар аксари маврид мутахассисони тоҷик паси дар мемонанд. Зеро мо таҳҷоием ва ватандору соҳиби ҳамон боигарӣ, на хориҷие, ки бо бунёди як корхонаи хурд даъвои он (боигарӣ) мекунад.
Аммо…
Чанд сол пештар Хитой яке аз корхонаҳои бузурги коркарди тиллоро дар вилояти Суғди Тоҷикистон аз они худ кард. То имрӯз аз фаъолияти ин корхонаи ба истилоҳ муштарак, тақрибан омори дақиқе рӯи даст нест. Дар ҳамин ҳол, коргарони таҳҷоӣ, ё ба истилоҳ «соҳибони аслии тилло» дар нисбат ба ҳамтоҳои чиноии худ дар ин коргоҳ якчанд маротиб маоши пасттар дарёфт менамоянд.