Дари ҳуҷраи Раиси Ҷамоат бе тақ-тақу иҷозатпурсии пешакӣ кушода шуду ҷавони хушқаду қомат, ки дар тан либоси шинам дошту нӯги гарданбандаш то тасмаи шимаш кашол буд ва мӯйсари равғанмолидаи шоназадааш ҷило медод, ба ҳуҷра даромад.
Ба шахсони дар ҳуҷраи раисбуда як нигоҳи беэътиёнае карду бидуни салом ба Раис муроҷиат намуд:
- Офарин, Раис! Дар курсии мулоим роҳат мекунем гӯед…
Раис аз ҷояш саросемавор хеста, тамаллуқкорона: - Ассалому алайкум, муаллимҷон! Биёянд, биёянд! Қадамҳояшон нури дида, тоҷи сар! - гӯён ӯро ба курсии худаш таклифкунон гила намуд:
- Муаллимҷон, кадом шамол парронд? О, як занг мезадед, бандаи камтаринатон Шумои азизро шахсан пешвоз мегирифт.
Сипас бо ишораи каллааш мизоҷонро барои тезтар аз ҳуҷра баромада онҳоро танҳо гузоштан водор намуд.
Ҷавон ба курсӣ нишаста, дастҳояшро васеъ кушода ба ду тарафи мизи кории Раис чун ду такячӯби бадани фарбеҳашро нигоҳдоранда устувор намуда, ба сӯҳбат оғоз кард:
- Маълум шуд, ки ман хато накарда будаам. Охир, чанд рӯз пеш хабар дода будем, ки Раиси ноҳия - намояндаи президе-е-ент, барои вохӯрӣ бо мардум ба ҷамоати Шумо меоянд, вале аз ягон хел тайёрӣ дараке нест-ку?! Ақалан гирду атрофи роҳро тоза карда, сангу деворҳоро сафед накардаед. Дару дарвозаҳои мардум бошад кайҳо рӯи рангро надидаанд. Магар таъмири роҳ, яъне ҳамон чуқуракҳои сабилмондаро бо хоку шағал пур кардан бе идораи роҳсозӣ мумкин нест?! Чаро мардумро ба ҳашар сафарбар намекунед? Охир, дар замонҳои карахтӣ ҳама фаъол буданд-ку?..
Ҷавон беш аз як соат ба Раиси ҷамоат имкони сухане гуфтан ё ҷавобе доданро намонда бо чунин оҳанг ҳарф мезад. Ногоҳ, аз афташ оташи қаҳру ғазабаш якбора хомӯш шуд, ки ба Раис:
- Канӣ, як пиёла чой рехта, сипас рӯихати чорабиниҳоро биёред-чӣ? - гӯён амр дод.
Раис пиёлаи чойро ба Ҷавон дароз намуда, аз ҷевон як даста коғазҳоро гирифту даст рӯи синааш гузошта мунтазири фармони навбатӣ шуд.
- Раис, хафа нашаведу, лекин худатон мушкилии вазифаи намояндаи Ҳукумати ноҳияро медонед. Бале, бале, масъулияти басо сангин… Воқеан, чаро Шумо рост истодаед? Шинед! Планро, э-э-э, мебахшед, нақшаро ба ман диҳед.
Раис аз байни дастаи коғазҳо чанд варақро ҷудо намуда ба Ҷавон доду эҳтиёткорона, чашмонашро аз "Намояндаи Ҳукумати ноҳия" наканда ба курсии дар паҳлӯи мизи кориашбуда нишаст.
Намоянда беэътиёна ба он варақҳо як-як назар афканду,- канӣ, рӯихати таклифшавандагонро бинем,- гӯён чанд варақи дигарро аз дасти Раис гирифт. Баъди ин рӯихати пешвозгирандагон, рӯихати соҳибкороне, ки аз ҳисоби онҳо ба пешандозу гулдастаҳову зиёфат ва тӯҳфаҳо маблағ ҷамъ карда шудааст, рӯихати баромадкунандагон, рӯихати саволдиҳандагону саволҳои онон, рӯихати саволҳои эҳтимолии беҷо ва шахсоне, ки эҳтимоли он саволҳоро доданашон мавҷуд аст ва чораҳо оиди пешгирии чунин ҳолатҳои эҳтимолии ногувору боз чандин рӯихатҳои дигар чашм андохта, якбора чизи муҳимме ба ёдаш омадагӣ барин, чеҳрааш боз ҳам ҷиддитар гашт ва гуфт:
- Пас аз ҷамъомадро кушодан кӣ шодбош мегӯяд?
Раис аз ҷояш нимхез шуда, даст пеши бар намуду гуфт:
- Чун ҳарвақта акаи Эшонхӯҷа Тӯрабоевичро илтимос мекунем.
- Ин ҳамон лектори тортанак нест?
- Муаллимҷон, акаи Эшонхӯҷаро нотавонбинон чунин лақаб додаанд. Ба фикри онҳо, гӯё вай дар ҳама маъракаҳою маросимҳо баҷою беҷо баромад карда, яъне "лексия" хонда, иғвогарӣ мекардааст. Аслан ин тавр нест. Мо хубтар медонем. Дар Ҷамоат бошад соҳиби иззату обрӯст. Баъзан эҳтиром намуда вайро шӯхиомез "обсофкунак" ҳам меноманд… + ифодагари афкори умум аст.
Намоянда каме мулоим шуда, - хайр, майлаш, обсофкунак бошад, обсофкунак! Хуб, инаш ҳам ҳал шуд, - гуфта аз ҷояш хест. Дастонашро ба миён гузошта гӯё аз бори бағоят вазнине озод шуда бошад, чанд дақиқа "уфф-уфф"- кунон боз ба ҷояш нишаст:
- Акнун, Раис ба сари масъалаи дигар оем. Ба Шумо пӯшида нест, ки баъзан Ҳокимро атрофиёнашон ҳамроҳӣ мекунанд. Онҳоро низ набояд фаромӯш кард.
Дар майнаи Раиси Ҷамоат пас аз ин суханони Намоянда фикре чун дар компютер барқосо гузашт: "Атрофиён: а) дар гузаштаи дур - аҳли дарбор ва наздикони онҳо; б) дар гузаштаи наздик - актив; в) ҳоло бошад, мубаллиғони лагандбардор ва хешу табору хизматгорони содиқи онҳо" ва ӯ ин дафъа ҳам аз ҷояш хестанро фаромӯш накарда:
- Бале, муаллимҷон, бале, - гӯён даст рӯи сина гузошт…
Ҳамин тавр, Намоянда вазифаи сангини дар наздаш гузошташударо (миссияашро) ба итмом расониду пас аз зиёфат сархуш ба маркази ноҳия баргашт.
Раиси ҷамоат худи ҳамон бегоҳ ҷамъомади фаврӣ даъват намуда, то ними шаб дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт. Пас аз маҷлис Обсофкунакро (Эшонхӯҷа Тӯрабоевич, яъне лектори тортанакро) нигоҳ дошта масъулияти дар назди ӯ истодаро махсус қайд намуд.
- Асло парво накунед, - гуфт Обсофкунак. - Худатон медонед, ки ман ҳамеша ба чунин чорабиниҳо омодагии садфоиза дорам.
Ду рӯз гузашт. Кӯчаи марказию майдони назди ҷамоат намуди идона доштанд. Пойандозу гулдастаҳо ва муаллимону мактаббачаҳо ба дараҷаи аъло тайёр буданд…
Раиси ноҳияву атрофиёнаш омада рост ба толор даромаданд. Ҳама дар саҳнаву қаторҳои аввали толор мувофиқи одат ҷойҳояшонро ишғол намуданд. Маҷлис сар шуд.
Мувофиқи нақша ба минбар Обсофкунак баромада ба таърифу тавсифи раиси ноҳияву атрофиёни ӯ сар кард. Раисро, ки ҳамсоли наберааш буд, устод номид, падари ӯро падару модарашро модар хонд, ба атрофиён низ сано мехонд, ки хотирашро нооромию пичир-пичири толор парешон сохт. Ба тарафи Раиси ҷамоат нигариста дид, ки ӯ бо ду даст сарашро дошта дар ҳолати ногуворе қарор дорад. Ҳайрон шуда ба коғази дар дасташ буда назар афканду ҳуш аз сараш парид. Беихтиёр, -э-э-э! О, ин баромади дафъаи гузашта-ку, - гӯён ба такурӯ кардани варақҳои дар дасташбуда шурӯъ кард, вале чизи лозимиро намеёфт. Аз ин ҳолат боз ҳам саросематар гашта дар куҷо буданашро фаромӯш сохт ва бо овози баланд нидо кард:
- Бало занад, ин сабилмонда куҷо шуда бошад-а? Та-ак- та-а-а-ак! Хайр, ҳеҷ гап не. Ягон илоҷ меёбем. Хар ҳамон - полон дигар…
Ҳама якбора ором шуданд. Хомӯшие буд басо ногувору ҳавлангез. Гумон мекардӣ, ҳатто нафасгириро ҳам фаромӯш кардаанд…
Ҳафтае нагузашта нафаре, ки фарзандашро ба муҳоҷирати меҳнатӣ гусел мекардааст, ба деҳа хабар овард, ки собиқ Раиси ҷамоат, Намояндаи раиси ноҳия ва чанде аз мутасаддиёнро дар фурӯдгоҳ дидааст. Гӯё омадани тайёраеро интизор будаанд, то ба Русия ба мардикорӣ раванд…
Абдуқаюми МУҲАММАДҶОН