Нигаронии раиси ҷумҳур самимӣ буд?
Илати ин ҳамаро Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон "АМСТ" дар паст будани фарҳанги сиёсии аксари амалдорон медонад. Ба бовари номбурда бештар маврид амалдорон камбудии фаъолияти худро пушти номи "президент" пинҳон нигоҳ медоранд.
"Таъкиди навбатии раиси ҷумҳур то андозае самимӣ ба назар мерасад. Дар сурати ҷиддан талош намудани дастгоҳи раисҷумҳур ин супориш амалӣ гардида, натиҷаи мусбат ҳам медиҳад. Аммо мушкил дар ин аст, ки то ку?о дастгоҳи иҷроия пайи супориши Эмомалӣ Раҳмон мераванд. Онҳо бояд ҳайате таъсис дода, худ аз шаҳру навоҳӣ дидан карда, бидуни роҳбаладии раисон бо сокинон сӯҳбати озод анҷом диҳанд",- мегӯяд Абдулғанӣ Маҳмадазимов.
Дар сурати ғайр ин супориш низ рӯйи қоғаз монда, мисли дигар таъкиду эродҳо аҳамияти худро гум мекунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари Ҷаҳонгир Бобоев, коршиноси мустақил раисҷумҳур аз вазъияти мардум ба хубӣ огоҳ буда, ин ҳама таъкиду супоришҳо самимӣ нестанд.
"Агар воқеан раисҷумҳурро аз тамаллуқкорӣ хушаш намеомад, дастур медод ва ин раванд кайҳо аз байн мерафт. Ҳамагӣ шоҳиди таасуфи раиси ҷумҳур аз пешвози бодабдаба ва хушомадзанӣ шудем. Ин бори нахуст нест. Фикр намекунам, ки дар Тоҷикистон коре бидуни огоҳии президент амалӣ гардад. Воқеан агар ӯ мехоҳад раванди барояш "нописанд"-ро аз байн бубарад, пас ба ниҳодҳои давлатӣ дастури ҷиддӣ бидиҳад. Ё худ сафарҳои ғайри нақшавиро ташкил бикунад", -афзуд Ҷаҳонгир Бобоев. Номбурда бар ин назар аст, ки ин раванд дар Русия дар ҳоли ҷорӣ шудан аст ва бигзор Тоҷикистон ҳам таҷриба бикунад. Эмомалӣ Раҳмон ба манотиқи кишвар бидуни огоҳӣ сафар карда, сӯҳбатҳои вижа низ дар ҷойҳои ғайримаъмулӣ анҷом бидиҳад. Коршиночи тоҷик мегӯяд, ки ин таъкидҳо бозии сифр сиёсӣ буда, танҳо барои моил кардани мардум равона шудааст.
Бозиҳои интихоботӣ шурӯъ шуданд
Дар ҳамин ҳол раҳбари АМСТ мегӯяд, ки албатта ҳоло нигаронии бештари мардум аз фаъолияти ҳукумат мушоҳида мешавад. Аммо ин норозигӣ дар сатҳи паст, "дар ҳамон ошхонаи хонавода" қарор дорад.
"Бо намоиши чунин саҳнаҳои "ҳассосӣ" ҷалб кардани мардум ба фаъолияти ҳукумат ғайри имкон аст. Мардум бидуни таъкиди раиси ҷумҳур ва ё кадом як мансабдори дигар вазъи зиндагиашро ба хубӣ медонад. Норозигиҳо зиёданд. Ин эътирозҳо ҳоло зери назорат аст. Ҳоло он ба қучаву хиёбонҳо таъсир намерасонад.
Аз ин рӯ ин ҳама таъкидҳои раиси ҷумҳур то андозае ба наздикшавии интихоботи президентӣ рабт дорад", -мегӯяд Абдулғанӣ Маҳмадазимов.
Бо ин роҳ ҳукумат мехоҳад ба мардум нишон диҳад, ки президент низ дар баробари дигарон 365-рӯз дар андешаи кор буда, ҳадафи аслӣ низ ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ҷомеа аст, ин популизм аст. Раҳбари АМСТ иддао дорад, ки ҳукуматро лозим аст, аз шароити феълӣ ва нигаронии мардум хулосаи дақиқ барорад.
Ҷаҳонгир Бобоев дар тақвияти ин суханҳо мегӯяд, ки албатта, раиси ҷумҳур комилан бехабар аз вазъи ҷомеа нест. Гумонҳо вуҷуд дорад, ки дастгоҳ иттилои дақиқ ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намекунад. Зеро дар сурати пешниҳоди иттилои воқеъӣ мақомоти поён? ҷазо мегиранд. Бино бар ин баъид аст, ки ин навбат амалдорон дар пайи иҷрои супориш мешаванд. Метавон гуфт, ки ин супориш низ ба монанди дастурҳои қаблӣ рӯйи қоғаз боқӣ мемонад ва ё умқан мавриди баррасӣ қарор намегирад.
Маврид ба зикр аст, ин таъкиди нахустини раиси ҷумҳур аз "шахсиятпарастӣ" нест. Қаблан низ дастуру супоришҳои ҳаммонанд аз ҷониби ӯ сурат гирифта буд. Ду сол қабл Эмомалӣ Раҳмон зимни як сухарониаш эълон дошт, ки аксҳояш бо раисону афроди бонуфузи шаҳру навоҳӣ аз хиёбонҳои кишвар барчида шаванд. Сабаби аслӣ аз суйиистифодаи аксҳо ва бар зарари мардум фаъолият кардани раисон арзёбӣ гардида буд. Тибқи мушоҳида метавон гуфт, ки ин супориш то андозае амалӣ гардид. Аксҳои Эмомалӣ Раҳмон бо раисону ноҳия ва фермерҳо барчида шуданд. Аммо ба ҷойи он аксҳои зиёди танҳои раиси ҷумҳур дар ҳузури кӯдакону наврасон ва ё пиронсолон пайдо шуд. Коршиносон роҳи аслии бартараф кардани шахсиятпарастӣ ва хушомадзаниро танҳо дар сиёсати мардумсолорӣ мебинанд. Ҷаҳонгир Бобоев мегӯяд, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки эҷоди низоми демократӣ дар ҷамъият роҳи мубориза бо тамаллуқкорӣ аст. Ин мушкил танҳо мушкили Тоҷикистон нест. Дар кишварҳои ҷаҳонӣ бо роҳи тақвияти озодии матбуот ин мушкилотро бартараф мекунанд. Масъулин бояд дар фаъолияти хабарнигорон маҳдудият ҷорӣ насозанд.
"Албатта, дар Тоҷикистон матбуот озод аст. Аммо ин озодии нисбӣ. Ҳамоно барои мо инъикоси масоили табу зиёд аст. Озодии матбуот ин баёнгарӣ пешрафти ҷомеа аст. Тоҷикистон дар сиёсати худ бояд таҷдиди назар бикунад. Фишор ба расонаҳоро камтар карда, баръакс ба ҳарфи онҳо гӯш бидиҳанд. Чун расонаҳои хабарӣ воситаи аслии муаяйн ва ошкор кардани мавқеъгириҳои доираҳои гуногуни сиёсӣ ва аҳзоби мухолиф мебошад", -зикр намуд Ҷаҳонгир Бобоев.
Суханрониҳои мардум набояд танзим шавад
Номбурда бар ин назар аст, ки чунин пинҳонкориҳо фосилаеро миёни раиси ҷумҳур ва мардум ба вуҷуд овардааст, ки дар сурати пешгирӣ накардан он пайомади ногувор дорад. Дар ҳамин маврид Абдулғанӣ Маҳмадазимов аз "танзим"-и суханрониҳои мардум дар назди раиси ҷумҳур мисол оварда мегӯяд, ки на ҳама имкони гуфтани ҳарфи дили худро ба Эмомалӣ Раҳмон доранд. Агар гурӯҳе барқ ва ба интернет дастрасӣ надорад, гурӯҳи дигар барои гуфтани хушомад муввазаф мешавад. Ба бовари номбурда ин раванд ба суботи ҷомеа хатар дошта, бояд фавран аз байн бардошта шавад.
Ҳумайрои БАХТИЁР