Муҳоҷиронро забон меомӯзанд
Владимир Путин ҳамчунин дар матлабаш навиштааст, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ қонунҳои марбут ба муҳоҷиратро шадидтар хоҳад кард. ӯ менависад, ҳар нафари барои кор ба Русия омада бояд аз забону таърих ва адабиёти рус имтиҳон супорад. Мавзӯи имтиҳони муҳоҷирон дар Русия "қоғазпеч" нест. Қаблан ҳам чанд мақоми баланду паст санҷиши шаҳрвандони хориҷии барои кор омадаро амри зарур мешумурданд. Барои мисол ҳамин чанд вақти пештар Константин Ромодановский, сардори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия эълон кард, барои муайян кардани сатҳи донистани забони русӣ муҳоҷирон имтиҳон шаванд. Масрафи имтиҳонро ҷаноби Ромодановский ба ҳадди то 2 ҳазор рубли русӣ, муодили каму беш 300 сомонӣ муқаррар кард.
Ҷониби Тоҷикистон ҳам мегӯяд барои забономӯзии муҳоҷирон талош мекунад. Масъулини Хадамоти муҳоҷират дар нишасте сатҳи тахассус ва маълумотнокии муҳоҷирони тоҷик дар муқоиса ба муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои дигари ИДМ-ро нигаронкунанда хонданд. Зикр шуд, ки бо дархости онҳо тибқи созишномае вазорати маориф муваззаф шудааст, муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба таҳсил дар омузишгоҳҳои касбӣ-техникии вазорат ҷалб намояд. Аммо ин иқдомро бархе соҳибназарон танқид карданд. Ба қавли онҳо вазорати маорифи кишвар бояд ин мушкилро аз давраи таҳсили мактаби миёнаи хонандагон ба инобат бигирад. Дар сӯҳбате ба хабаргузории "Озодагон" ин коршиносон гуфтанд: "Дар ҳоле, ки 11 соли таҳсили мактаби миёна ва барои бархе муҳоҷирон таҳсил 5 сола дар донишгоҳ натавонист, донишу малака ва сатҳи ҳуқуқу забондонии онҳоро баланд бардорад, курсҳои чандмоҳа наметавонад, роҳи ҳал гардад".
Ин ҳам дар ҳоле, ки ахиран расонаҳо навиштанд, ки Хадамоти муҳоҷирати Ставрополи Русия тасмим гирифтааст, дар масҷидҳои ин минтақа ба муҳоҷирони корӣ ба таври ройгон забони русиро дарс бидиҳад. Гуфта мешавад, ки аксари муҳоҷирони кори ин вилоятро шаҳрвандони Тоҷикистон ва ӯзбакистон ташкил медиҳанд.
Путин-хайрхоҳи муҳоҷири тоҷик?
Матлаби Путин аз қадамҳои ӯ дар самти ба даст овардани дили шаҳрвандони қобили райъ унвон мешавад. Ин мақола дар сомонаи тарғиботии ӯ низ қобили хондан аст. Нахуствазир ваъда медиҳад, ки агар президент интихоб шавад ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ поён медиҳад.
Бархе соҳибназарон мегӯянд, аз ин нуктаи назари Путин набояд ранҷид. Ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ поён додан ба ин маънист, ки акнун тоҷикон назди миллатгароёну кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот сархаму бечораҳол нашуда, дар маркази таҳқиру таҳвин қарор намегиранд.
Владимир Путин ҳамчунин ба бурузи нажодпарастӣ дар қаламрави кишвараш ишора кардаву навиштааст, ки фаъолияти аҳзоби миллатгароро мамнӯъ хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон мегӯянд ҳомиёни гурӯҳҳои миллатгаро пушти деворҳои Кремл нишастаанд. Ҳолатҳои зиёди аз толорҳои суд раҳо шудани сартарошидаҳои қотил ва ё бо ҷурми авбошӣ муҷозот шудани онҳоро ин қисмати соҳибназарон далели рушане барои тақвияти фикрашон мисол мезананд.
Сиёсатмадорон ва лидерони сиёсӣ дар Русия ҳамеша барои бароварда кардани хостаҳояшон аз қартаи муҳоҷирон истифода мекунанд. Муҳоҷират ҳам омили фишор шудааст ва ҳам василаи касби маҳбубият. Бархе раҳбарони ҳизбҳо бо гуфторҳои шадидулаҳн ба адреси муҳоҷирон ва талаби берун кардани онҳо аз хоки Русия миёни мардум "холи сиёсӣ" кор мекунанд. Ва дар аксари ҳолат ангушт сӯи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба вижа Тоҷикистон дароз мешавад. Аз қартаи муҳоҷирон ҳатто давлати Русия ҳам истифода мекунад, аммо ба ҳайси фишанг ба Тоҷикистон. Ҳар вақт ки Кремл дар масъалае кӯтаҳ омад тугмаи сурхи фишангро зер мекунад.
Охирин маротиба ин абзори фишор моҳи ноябр васеъ истифода шуд. Вақте ду халабон, ки яке шаҳрванди Русия буд бо ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа 8,5 сол ҳукм гирифт. Ҳам президент, ҳам намояндаҳои Думаи давлатӣ, ҳам сардухтури №1, ҳам шаҳрванди оддӣ, ҳам саркалаки хунсард ва ҳам деди пенсионер то тавонистанд, гуфтанду куфтанд. Албатта, мо ва миллату давлати моро…
Зиндагӣ маҷбур мекунад, ки биравӣ ба муҳоҷират
Теъдоди муҳоҷирони тоҷикро дар Русия наздики ду миллион тахмин мезананд. Тибқи маълумотҳои оморӣ ин афрод солона ба кишвар аз 2,5 то 3 миллиард доллар мефиристанд, ки ба 4/3 ҳиссаи ММД-ии кишвар баробар аст. Мақомоти Русия мегӯянд, аксари ин муҳоҷирон бидуни санади расмӣ ва асноди будубош кору зиндагӣ мекунанд. Муҳоҷирон мегӯянд, тартиби дарёфти ҳуҷҷатҳо барои ҳақи фаъолияту зиндагии муваққат дар Русия осон нест ва вақту маблағи зиёдеро талаб мекунад.
Аз ҳама муҳимаш партофтани хонавода, зану фарзанд, волидайни пир дар чорсӯи зиндагӣ ва ҳиҷрат ба ватане, ки туро ба ғайри дубинкаи пулису калтаки сартарошидаҳо ва таҳқири корфармо касеву чизе интизор нест ба кӣ мефорад? Ба назарам ба ҳеч кас. Аммо зиндагӣ маҷбур мекунад, ки биравӣ ва қути лоямути оиларо пайдо кунӣ. Ба ҳар навъу шевае, ки набошад…
Абдулазизи ВОСЕЪ