Бозори муҳоҷират бесоҳиб аст?
Аммо Сафиаллоҳ Девонаев дар ҳоле масъалаи қазияҳои ошкорнашуда ва ҳарф заданро ҷиҳати ба ҷавобагарӣ кашидани нафароне, ки дар қатли муҳоҷирони тоҷик даст доранд, аз салоҳияти худ берун меҳисобад, ки бархе аз коршиносони бахши муҳоҷират инро яке аз вазифаҳои ҷонии хадамоти муҳоҷират унвон намуданд. Моёншо Маҳмадбеков, коршинос, ҳамзамон номзади илмҳои сиёсӣ иброз намуд, ки вазифаи намояндагиҳои Хадамоти муҳоҷирати кишвар дар Русия дар кадом ҳолате, ки набошад ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон, омӯхтани бозори меҳнат, пешниҳод намудани ҷойҳои кории холӣ мебошанд:
- Муҳоҷирати имрӯза муҳоҷирати танзимнашаванда аст. Бубинед, муҳоҷирони мо сари худ, аз пеши худ сафар мекунанд. Дар ҳоле, ки мо бо давлати Русия шартномаи байнидавлатӣ дорему ҳар муҳоҷири мо, ки ба он ҷо меравад, бояд тамоми ҳуҷҷатҳои лозимаро гираду кор ёбад. Субъектҳои хоҷагидорие, ки то имрӯз вобаста ба интиқоли қувваи корӣ фаъолият мебаранд, корҳои онҳо қаноатбахш нестанд. Зеро, агар мо теъдоди умумии ҳарсолаи муҳоҷирони мавсимиро ба Русия 730 ҳазор гуфта гузарем, аз ин ҳамагӣ то 1000 нафарро субъектҳои хоҷагидории кишвар метавонанд ба кор таъмин кунанд. Сари ин масъала ҷиддитар андеша кардан лозим.
Моёншо Маҳмадбеков амали Хадамоти муҳоҷиратро ҷиҳати бозомӯзии муҳоҷирон яке аз масъалаҳои муҳимтарин роҷеъ ба рақобатпазир шудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори ҷаҳонӣ ҳисобид, вале мутаасиф аз он шуд, ки чунин иқдомҳо чанд сол пеш низ буданд, ки дар амалия иҷро намешуданд. Ин ҳамсӯҳбатамон мегӯяд, агар ин омилро 5 ё 6 сол пеш ба инобат мегирифтанд, дар ҷумҳурӣ база ташкил мекарданду муҳоҷиронро на танҳо ба Русия, балки вобаста ба талаботи бозори дигар кишварҳо тайёр мекарданд, имрӯз мо метавонистем гӯем, ки муҳоҷири мо дар бозори меҳнатии ҷаҳонӣ рақобатпазир шудааст, лекин мутааасифона ин ҳама дар гап буд, на дар амал.
Ба андешаи ҷаноби Маҳмадбеков, дар Ватани худ тайёр намудани муҳоҷирони меҳнатӣ яке аз омилҳои рақобатпазир намудани онҳо дар бозори меҳнатии ҷаҳон мебошад: «Масалан бубинед, ки он фишорҳое, ки Русия сари Тоҷикистон овард аз чӣ буд? Сабабаш яктарафа будани муҳоҷират ба давлати Русия мебошад. Мо агар дар ин маврид бозорҳои меҳнатии дигар давлатҳоро меомӯхтему муҳоҷиронро тайёр мекардем, мумкин, ки муҳоҷиони мо имрӯз шакли дигартару муташаккилонатар доштанд».
Қирғиз дар Русия бологузар аст, мо не
Нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик дар Русия ва муносибати сарди бархе аз шаҳрвандони ин кишвар аз масъалаҳоест, ки тақрибан давоми ҳар ҳафта дар сархати расонаҳои хабарӣ ба назар мерасад. Муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия фаъолият доранд, баъзе аз онҳо низ ҷиҳати то куҷо ҳимоя гардидани ҳуқуқҳояшон дар ин кишвар, назарҳои мухталиф доранд.Ҷамшед Собиров, аз қабили он муҳоҷироне мебошад, ки мегӯяд нисбати муҳоҷирони дигар кишварҳо, муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба таҳқиру нақзи ҳуқуқҳояшон дар ин кишвар рӯ ба рӯ мешаванд:
- Ҳуқуқи муҳоҷирони дигар кишварҳо, аз қабили Қирғизистон ва Ӯзбакистон нисбати тоҷикҳо дар Русия хубтар ҳимоя мешаванду онҳо дар бештари мавридҳо зимни ба кор даромадан имкониятҳои зиёдтар доранд. Дар ҳақиқат муҳоҷири тоҷик дар ин ҷо мисли ғулом қадр дорад. Обявлениҳое, ки вобаста ба ҷойҳои кории холӣ дар ин кишвар аз тариқи интернет пайдо мекунему барои кор қабул кардан занг мезанем, аввал мепурсанд, ки аз куҷоӣ, вақте гражданини тоҷик мегӯӣ, дар посух мегӯянд: Мо катии тоҷикҳо кор намекунем, новобаста аз чӣ касб доштанатон. Чунин муносибат асосан аз ҳамон рӯзе, ки халабонҳои ин кишварро дар Тоҷикистон дастгир карданд, оғоз шуд. Қирғизҳо дар ин кишвар аз русҳо дида бештар арақ менӯшанду ҳар гуна корҳои ношоистаро зиёдтар мекунанд, вале боз мебинем, ки рафтори онҳо ба чашми мақомоти ин давлат намерасаду ҳеч гуна монеаэҷодкунӣ ба онҳо дида намешавад. Ҳатто метавонанд, зуд паспорти ин давлатро гиранд. Муҳоҷирони дигар кишварҳо низ дар Русия тоҷикҳоро ба як ҷашми нафратангез менигаранд. Ҳастанд, баъзан муҳоҷирони тоҷик, ки забони русиро дуруст намедонанду аз қонунҳои ин кишвар огоҳӣ надоранд, вале мебинам, ки аз дигар кишварҳо низ бархе муҳоҷиронаш чунин норасоиҳоро доранд.
Хадамот ва мушкилоти он
Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ дар соли гузашта 816 тан аз коргарони муҳоҷир, хусусан 51 нафар зан дар Русия ба қатл расонида шудаанд. Бархе аз расонаҳои хабарӣ бошанд, иттилоъ медиҳанд, ки аз шумораи умумии қурбониён 91 нафар дар хушунатҳо ва даргириҳо кушта шуданд ва боқимонда дар ҷараёни тасодуф, беморӣ ва дигар ҳодисаҳо ҷони худро аз даст додаанд.
Ҳарчанд Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз қабили ниҳодҳоест, ки ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии кишвар дар хориҷи кишвар сару кор мегирад, вале ба андешаи бархе аз соҳибназарон, танҳо ин хадамоти дар ин росто ҳамаи мушкилоти муҳоҷиронро ҳал карда наметавонад. Зеро ба қавли ин гурӯҳ коршиносон, чун ин хадамот навтаъсис аст ва дар ин ҷо дигар ниҳодҳои марбут ба ин соҳа бояд фаъол шаванд.
Алишер Зарифӣ