Дар замони мо расм шудааст, ки ҳар кас рақамеро аз они худ кунад, ба яке бартарӣ диҳад ва дигареро радди маърака кунад. Дар гузашта ҳам ҳамин одат роиҷ будааст. Адади чор мақбули як мазҳаб, сенздаҳ номақбули афроди дигар. Рӯзҳоро ҳам ҷудо мекунанд, ҳар кас аз пеши худ, ҳар гунае дилаш бихоҳад, душанбе-рӯзи вазнин, шанбе –нимарӯзи корӣ ва ғайра. Аммо назди Худои Азза ва Ҷалла ҳама рӯзу моҳу солу рақаму ададҳо якгуна ва якхелаанд, мисле, ки ҳамаи Инсонҳо офаридаи Ӯянд, ҳамин тавр.Оре, оддӣ ва ба як шакл.
Дар шабакаи ҷаҳонии интернет ва ВАО-и ҷаҳонӣ ҷор мезананд, ки 20-уми декабри соли 2012 (20.12.2012) дунё ба охир мерасад, қиёмат қоим мешавад. Зудбоварҳо ва онон, ки аз офаридгор фаромӯш кардаанд, ба таҳлука афтода пайи дарёфти ҷойи гурез ва паноҳгоҳанд. Бовар доранд, ки аз тақдир мегурезанд, сарнавишташонро дигар мекунанд, бехабар, ки қисмат дар пешонаашон хатти зиндагиашонро барвақт навишта, замоне, ки дар батни модар буданду ҳамагӣ як пора гӯште беш набуданд.
Мутаасифона, на ҳамаи мо аз неъмати азалӣ-зиндагӣ, ки муаррифгари ҳастиву нестиамон ҳаст, ба таври бояду шояд истифода мекунем. Намегӯям, ки истифода накардаем, балки аз муқаддасоти он, ҳусну қубҳ ва рисолати аслии буданамон фаромӯш мекунем. Бо камтарин комёбӣ ба осмони ҳафтум мепарем, аз камтарин мушкилотамон шикоят ба даргоҳҳои ношоиста мебарем. Роҳи бурунрафт меҷӯему намеёбем, мисле ки шомгоҳон гов гум мешавад, говгумем.
Саодат ва рифоҳро дар хӯрдану нӯшидан ва кайфу сафо мебинем, аз ҷавҳари асл фосила мегирем, роҳи наҷотро дар масту аласт гаштану чашм пӯшидан аз нуқсҳои ҷомеъа ҷӯё мешавам. Пӯё ва ҷӯё будан намехоҳем.
Истиқлоламон бисту яксола мешавад, аммо тафаккурамон ҳанӯз дар як ҷо «пой» мекӯбад. Такрор ба такрор мегӯем, ки ҳанӯз ба истиқлоли комил нарасидаем, ҳоло ҷавонем. Ҷопони милитаристӣ пас аз мағлубияташ дар ҷанги дуюми ҷаҳон дар зарфи 15 сол тавонист, ки ба як кишвари пешрафта ва рушдкарда табдил ёбад, Олмон ду нима шуду тараққӣ кард, боз воҳид шуду пеш рафт. Эрон 33 сол дар инзивоъ қарор дорад, аммо абарқудрати минтақа эътироф гаштааст.
Вакилони мо ҳаворо ба иҷора медиҳанд, аммо ангуштшумор аз онҳо аз ҳаққу ҳуқуқи муҳоҷирони ҳамватанамонро, ки беш аз 2 миллион нафаранд, дифоъ мекунад. Мансабдоре, ки вазифааш пуштибонӣ аз ғарибуфтодаҳои ватан аст, бе ҳеч азоби виҷдон мегӯяд, ки надонистани забон ва надоштани касби муайян мушкили рақами яки муҳоҷирон аст. О инсоф куҷост: Агар ҳамватани азизам, ки касб медошту забон медонист ва бори рӯзгорашро дар Меҳан кашида метонист, куҷо ба ғурбат мерафт?
Ба ҳар сурат мушкил болои мушкил дар рӯёрӯи мо қарор дорад, аз иҷтимоъ то сиёсат ва то бунёди ҷомеъаи мутамаддин, ки ҳадафаш арҷгузорӣ ба Инсон ва ин зоти шариф буда ва ҳаст.
Ноумедӣ хӯ ва хислати шайтон аст, Худо ба шайтон ноумедиро дода. Инсон бо умед зинда аст, бо умеди зистан, будан ва расидану рафтан.
Ин умед буда, ки умедворонро зинда медорад, чароғи умед ҳидоятгари мост. Орзуҳои беохир, аммо боз ҳам дилгармкунанда, ки ана-ана носозгорӣ тай шуду қуллаи мурод наздик аст, вуҷуди моро тарк намекунад.
Бовар мекунем, пофишорӣ мекунем, қад мекашем, ба роҳамон идома медиҳем. Танҳо ба як хотир, бо ҳадафи расидан ба УМЕД.
Хилватшоҳи Маҳмуд