Теъдоди хоҳишмандон барои таҳсил дар синфҳои шабона, ки дар чор мактаби ноҳияҳои пойтахт таъсис дода мешавад, ба 600 нафар расидааст.Гулнора Бобоева, сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар як нишасти хабарии созмонётфт эълом дошт, ки айни замон масъалаи дар кадом мактабҳо ҷорӣ кардани ин навъи тадрис ҳалли худро ёфтааст. Барои таҳсили шабона мактабҳое интихоб гардидаанд, ки ҷойи нишасти зиёд доранд ва барои ҳозир шудан ба мактабҳои мазкур хизматрасонии воситаҳои нақлиёт хуб ба роҳ монда шудааст ва ин таълимгоҳҳо ҳамагӣ дар маркази шаҳр ҷойгиранд.
Хонум Бобоева мегӯяд, феълан теъдоди онҳое, ки ба таҳсили шабона рағбат доранд, ба 600 нафар расидааст. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар мактабҳои шабона таҳсил ройгон буда, шаҳрвандони аз 16-сола то 50-сола ҳуқуқи таҳсил карданро доранд. Қарор аст, ки синфҳои шабона дар давоми соли 2012 ба фаъолият шуруъ хоҳанд кард.
Коршинос: Ин таҷрибаи нав нест
Шариф Муллоев, устоди донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ба он назар аст, ки таъсис додани мактабҳои шабона танҳо ба манфиати беҳбуд бахшидани фаъолияти сохтори маориф мебошад: «Гумон мекунам,ки шояд аз ташкил намудани ин мактабҳо сафи бесаводон кам карда шавад. Баъзеи ҷавонон рӯзона аз пайи ризқу рузӣ шуда мактабро фаромӯш карданд. Фикр мекунам,шояд бо ин роҳ каме ҳам бошад савияи дониши шахсони аз макотиб дуршударо таъмин намоем, ин таҷриба шояд меваҳои хуб ба бор орад. Ҷавонони тоҷик акнун метавонанд рӯзона кору фаъолият намуда, шабона дониш андӯзанд». Номбурда иброздшт, ки ин таҷриба пеш дар ҷумхурӣ амал менамуд, бисёр шахсони машҳури соҳаи илми тоҷик дастпарварони мактабҳои шабона мебошанд. -Аз ин таҷриба шояд бурд намоем,-афзуд Шариф Муллоев, устоди донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия
Ҷовид Муқимов, устоди ДМТ таъсис шудани мактабҳои шабонаро иқдоми хуб арзёбӣ намуда изҳор дошт, ки таъсиси мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шабона, ки асосан дар он нафароне, ки рӯзона кор мекунанд, ё ин ки аллакай синну соли онҳо барои рӯзона таҳсил кардан дар мактаби ҳамагонӣ мувофиқ нест, барои онҳо равона шудааст: «Ин иқдоми хуб аст. Дар замони шуравӣ чунин мактабҳо дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳо умуман дар собиқ шуравӣ вуҷуд доштанд. Мутаасифона, баъд аз соҳибистиқлолии кишвар вақте ҷанги шаҳрвандӣ сар заду бесару сомониҳо шуд ин мактабҳо аз байн рафтанд. Аслан, таҳсилоти шабона чизи нав нест, ҳатто дар донишгоҳу донишкадаҳо шӯъбаҳои шабона ҳам буданд, ки аслан барои нафароне равона шуда буд, ки рӯзона кор мекарданд». Номбурда ба он назар аст, ки мо аллакай дер кардем бояд ин мактабҳо барвақт таъсис дода мешуданд зеро аллакай як гурӯҳи ҷомеаи мо аз мактаб дур монданд ва онҳо аққалан таҳсилоти пурраи миёна ҳам надоранд. Ӯ мегӯяд, то кадом дараҷа ин таҳсилот воқеӣ сурат мегирад ва дар он ҷо доништалабон чӣ гуна дониш меомӯзанд, ин суоли дигарест. Дар ҳоле, ки имрӯз сатҳи дониш дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии рӯзона дар сатҳи паст қарор дорад ва дар донишгоҳу донишкадаҳо низ талаботи донишомӯзи дар сатҳи поин аст наметавон гуфт, ки ин мактабҳо имрӯз яку якбора сатҳи дониши довталабонро боло мебаранд. Агар воқеан ҳам барномаҳои мактабӣ пурқувват бошанд ва аз шогирдони дарсхон ба таври бояду шояд илм талаб карда шавад, он вақт шояд ин мактабҳо донише ба шогирдон диҳанд. Агар ба хотири ному ба хотири гирифтани номаи камол дар бораи хатми мактаб бошад ва агар талабот чиддӣ ба роҳ монда нашавад, аз ин навъи таҳсил ҳам чизеро интизор шудан мумкин нест, ҳатто ба гумон аст, ки чизе ба даст орем.
Ибодуллоҳи Тоир