Зимнан, вакилони мудофеъи "Мовароуннаҳр" бори дигар таъкид карданд, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҷӯрабек Охунов, райиси ин ширкати сохтмонӣ ғайриқонунӣ ва беасос аст. Ҳамчунин, дар нишасти мазкур бори дигар ба супоришӣ будани ин парванда ишора карданд.
"Муҳамадиев аз асли қазия хабар надорад"
Тӯрабек Охунов, иҷрокунандаи вазифаи сарвари кулли ширкати "Мовароуннаҳр" далелу арқоми ироакардаи ҷонишини аввали прокурори генералиро бепоя хонда гуфт, он ҳама ҳарфҳое, ки Абдуқодир Муҳаммадиев ба журналистон гуфтааст, ба санадҳои тафтишотӣ, ки тайи нӯҳ моҳ боз идома дорад, мувофиқат намекунад. 10-уми январ муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод изҳор карда буд, ки алайҳи раҳбари зиндонии ширкати "Мовароуннаҳр" боз ду парвандаи дигар ба анҷом расида, ба додгоҳ ирсол гардид: "3 миллиону 730 ҳазору 882 сомонӣ ҳамагӣ аз маблағи ҷудокардашуда барои сохтмони беморхонаи шаҳри Данғара истифода карда шуда, аз маблағе, ки аз ҷониби Бонки Исломии Рушд барои сохтмони касалхона ҷудо шуда буд, 7 миллиону 479 ҳазору 983 сомониро аз они худ кардааст".
Аммо Сабур Бобоев, сармуҳандиси ширкати "Мовароуннаҳр" гуфт, ширкат соли 2008 дар тендери байналмиллалӣ, ки Бонки Исломии Рушд созмон дод, аз миёни панҷ ширкати сохтмонӣ баранда шуд ва ҳаққи бунёди беморхонаи бисёрсоҳавиро дар Данғара ба даст овард: "Тибқи шартнома аз рӯи иҷрои кор Бонки Исломии Рушд дар 7 давра онро маблағгузорӣ мекунад. Маблағи умумии сохтмон 11 миллиону 480 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Транши аввалро дар ҳаҷми 25 дар сади маблағи мазкур (2 миллиону 583 ҳазор доллар) барои корҳои омодасозӣ ҷудо карданд. Ҳамин хел, давра ба давра мебоист маблағҳои дигар ҳам ҷудо мешуданд. Дар давраи аввал мо дар ҳаҷми дуюним миллион доллар корҳоро ба сомон расонда будем".
Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои "Мовароуннаҳр" мегӯяд, дар мавриди бунёди беморхонаи Данғара миёни ширкат ва Бонки Исломии Рушд шартномаи поушалӣ баста шудааст, ки мувофиқи ин шартнома ягон мақомоти Тоҷикистон ҳаққи тафтиш кардани масъалаи молиявии сохтмони мазкурро надорад. "Мақомоти дахлдори Тоҷикистон танҳо нисбат ба мӯҳлати сохтмони бинои беморхона ва сифати корҳои сохтмонӣ метавонанд тафтиш баранд. Агар дар масъалаи молиявӣ шубҳа пайдо шавад, Бонки Исломии Рушд комиссияи байналмилалие таъсис медиҳад, ки аудит гузаронда маълум мекунад, ки маблағҳо ба куҷо сарф шудаанд".
Масъулини ширкати "Мовароуннаҳр" мегӯянд, ҳоло идомаи корҳои сохтмониро дар беморхонаи мазкур ширкате, ки номи "Мовароуннаҳр-Д"-ро гирифтааст, идома медиҳад.
"Мо онҳоро бо тамоми таҷҳизоти сохтмонӣ таъмин намудаем, то кори сохтмон қатъ нашавад. Тамоми ҳисоботро назди Бонки Исломии Рушд ширкати "Мовороуннаҳр" медиҳад. Райис розӣ шуданд, ки корҳоро ширкати дигар идома диҳад, зеро агар намояндагони Бонки Исломии Рушд фаҳманд, ки раҳбари ширкате, ки дар тендер баранда шудааст дар маҳбас нишастааст, шартномаро бекор мекунанд ва барои тендери навбатӣ камаш чор соли дигар лозим мешавад. Обрӯи Тоҷикистон ҳам дар ҷомеаи ҷаҳонӣ зери суол меравад",-афзуд Тӯрабек Охунов, иҷрокунандаи райиси ширкати "Мовароуннаҳр".
Қарздорем, аммо 2 миллион не!
Раҳбарияти ширкати "Мовароуннаҳр" арқоми овардаи ҷонишини аввали прокурори генералӣ дар мавриди Агентии "Тоҷиксуғурта"-ро ҳам зери суол бурданд. Абдуқодир Муҳаммадиев гуфта буд, парвандаи дигар "барои аз худ намудани 2 миллиону 877 ҳазору 836 сомонии Агентии "Тоҷиксуғурта" дар баррасӣ аст. Ин маблағро ширкати "Тоҷиксуғурта" барои сохтани биноҳои сохторҳои ҳамин ширкат дар як қатор ноҳияҳо ба суратҳисоби "Мовароуннаҳр" ворид карда буд. Маблағҳои мазкурро ба манфиати шахсии худаш истифода бурдааст".
Иҷрокунандаи вазифаи раҳбари ширкати "Мовароуннаҳр" бошад мегӯяд, ин гуфтаҳо ҳақиқат надоранд. Ба иттилои Сабур Бобоев, сармуҳандиси ширкати "Мовароуннаҳр" Агентии "Тоҷиксуғурта" арзиши бинои дар ноҳияи Данғара бунёдшавандаро 700 ҳазор сомонӣ нарх гузошт ва ҳамаи маблағро ба суратҳисоби ширкат гузаронд.
"Дар муддати якуним ду моҳ 50 дар сади корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур ба анҷом расондем. Диданд, ки кори мо босуръат пеш меравад, барои бунёди як бинои дигари намояндагии "Тоҷиксуғурта" дар шаҳри Турсунзода ҳам бо мо шартнома бастанд. Дар Данғара кори иҷрокардаи мо 220 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар шаҳри Турсунзода бошад, 27 ҳазор сомонӣ кор иҷро кардем. Аммо вақте раисро боздошт карданд, корҳои сохтмонӣ қатъ шуданд. Тоҷиксуғурта барои бунёди ҳар ду иншоот ба суратҳисоби мо як миллиону 50 ҳазор сомонӣ ҷудо кард ва мо ба маблағи 247 ҳазор сомонӣ кор иҷро кардем. Яъне мо назди Тоҷиксуғурта ҳамагӣ 800 ҳазор сомонӣ қарздорем".
Тӯрахон Охунов мегӯяд, ҳамаи ин далелҳо дар санадҳои тафтишотӣ дарҷ шудаанд, вале муовини аввали прокурори генералӣ гӯё аз он бехабар бошад.
Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи ширкати "Мовароуннаҳр" изҳор дошт, ки баъд аз гузарондани тафтиши молиявии ширкат маълум шуд, ки аз ҷониби Охунов ва ширкат маблағи мардум тасарруф ё аз худ карда нашудааст, барои ҳамин онҳо маҷбур буданд, ки ӯро аз маҳбас раҳо кунанд. "Барои ғайриқонунӣ дар боздоштгоҳ нигоҳ доштан ва оғоз кардани парванда нисбат ба ӯ дар назди қонун ҷавобгарӣ дорад, барои ҳамин онҳо якбора парвандаи сохтмони беморхонаи Данғара ва Агентии "Тоҷиксуғурта"-ро ба ду парвандаи алоҳида ҷудо карданд".
Зимнан, Тӯрабек Охунов ҳам гуфт, ки дар ҷараёни тафтишот аз 580 нафар дар толори суд 500 тани онҳо аз гуфтаҳои қаблияшон дар мавриди раҳбари ширкат даст кашиданд. "Онҳо гуфтанд санадҳоро дидем, ки маблағи мо супоридагӣ беҳуда сарф нашудааст. Инҳо маҷбур шуданд, ки тафтишоти дуюмро оғоз карда бо айбҳои нав раисро муттаҳам кунанд".
Мактуб мӯҳрро баргардонд, аммо…
Абдулқодир Муҳаммадиев, муовини аввали додистони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарии прокуратураи генералӣ изҳор дошт, ки Охунов дар маҷмуъ ба маблағи 15 миллион доллар ба 517 ҷабрдида зарар ворид кардааст. Аммо раҳбарияти ширкати "Мовароуннаҳр" иттилои мазкурро ҳам тақзиб карданд. Тӯрабек Охунов, иҷрокунандаи вазифаи директори генералии ширкат мегӯяд, дар давоми чор соли фаъолият мизоҷони "Мовароуннаҳр" дар маҷмӯъ ба ширкат 16 миллион доллар маблағгузорӣ кардаанд. "Тафтишот нишон дод, ки ҳамаи маблағҳои воридшуда барои сохтмон сарф шудааст. Ба ғайр аз маблағҳое, ки мизоҷон супориданд, Охунов аз ҳисоби худ 27 миллион сомонии дигар барои сохтмон сарф кардааст. Ин ҳам дар санади тафтишотӣ ҳаст. Пас чӣ гуна мешавад, ки мизоҷон ҳамагӣ 16 миллион доллар дода бошанду Охунов 15 миллион долларро аз худ карда бошад?"
Охунов мегӯяд, онҳо барои ширкат дар нишасти хабарии худ намояндагони прокуратураи генералиро ҳам даъват карданд, аммо касе аз ин ниҳод ҳузур пайдо накард. "Агар бо факту далелҳои дуруст сухан кунанд, мо ҳарфе намегӯем, аммо вақте гуфтаҳояшон бо санадҳои тафтишотӣ мувофиқат намекунад, зарур мешуморем, ки ба ҷомеа иттилои дурустро пешниҳод намоем",-афзуд Охунов.
Вакилони мудофеи ширкати "Мовароуннаҳр" гуфтанд, ки Абдуқодир Муҳаммадиев дар нишасти хабарӣ гуфтааст, фаъолияти ширкати Мовароуннаҳр баъди боздошти Охунов қатъ нашудааст, аммо онҳо санадҳоеро нишон доданд, ки аз додситонии кулл ирсол шуд, зераш имзои худи Муҳаммадиев гузошта шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки ширкат дар суратҳисобаш маблағ надорад ва имконияти минбаъд сохтмони хона ва баргардонидани пул надорад аз ин хотир зарурати фаъолияти ширкат вуҷуд надорад.
Ба қавли онҳо мӯҳри ширкатро танҳо 3 октябри соли 2011 баргардонданд, аммо ҳуҷҷатҳои заруриро барои фаъолият дар охири моҳи октябри соли гузашта дарёфт карданд. Гуфта мешавад, фаъолияти ширкат танҳо баъди мактуби Матлубхон Давлатов, райиси дастгоҳи иҷроияи президент имконпазир шудааст.
"Кумита бо Охуновҳо абон як накардааст"
Маҳмадназар Раҳматшоев, райиси кумитаи мизоҷони ширкати "Мовароуннаҳр" ҳам ҳарфҳои муовини аввали прокурори генералиро рад намуд.
Абдулқодир Муҳаммадиев, муовини аввали додистони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Охунов дар пайи муроҷиати 70 нафар шаҳрванд оғоз шудааст. Вай гуфт, ин муроҷиат ба прокуратураи генералӣ бевосита аз тариқи дастгоҳи иҷроияи райисҷумҳур ворид шудааст.
Аммо ба қавли райиси кумитаи мизоҷони "Мовароуннаҳр" аслан он аризаи шикоятӣ ҳам набуд. "Агар он аризаи шикоятӣ мебуд ба суд ё прокуратура ирсол мешуд. Дар асл ин ариза ба хотири дастгирии ширкати "Мовароуннаҳр" дар давраи бӯҳрони иқтисодӣ иншо шуда, аммо шахсони алоҳидае мазмуни онро дигаргун карданд. Бо вуҷуд дар толори суд ин шахсон худашон омада иқрор карданд ва аз нав мактуби ҷавобӣ навиштанд, ки аз аризаи худ даст мекашанд. Дар асл онҷо на 70 балки 42 имзо буд. Баъди як рӯзи он ки прокуратураи генералӣ Охуновро боздошт кард, ҳамин 42 нафар мактуби ҷавобӣ навишта хостори раҳоии ӯ шуданд".
-Муҳамадиев гуфтааст, ки ҳайати намояндагии Кумитаи мизоҷон тарафдори ширкати Мовароуннаҳр аст ва бо бародаронаш забон як кардааст. Ин сухан ба нафаре, ки чунин вазифаи масъулро дорад, зебанда нест. Кумитаи мизоҷон ҳамин ҳайати намояндагиро ташкил намуд, то дар назди мардум ҷавобгар бошад. Вазифаи аввалиндараҷааш ин аст, ки мардуми маблағсупорида соҳиби хона шаванд, бонкҳое, ки маблағ гузаронданд пулашонро соҳиб гарданд ва таъминотчиҳое, ки ширкатро бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин мекарданд, ҳақашонро гиранд.
Гуфта мешавад, кумитаи мизоҷон қасд дорад, аз бенизомиҳо дар дастрасӣ ба хона дар ширкати мазкур ҷилав бигирад. Раҳматшоев мегӯяд, то имрӯз чандин хона аз сӯи мансабдорон бепул ё бо маблағи ночиз гирифта шудаанд. Зиёда аз 45 хона ҳоло дар дасти одамони бегона аст. Мизоҷон ҳам омада шартномаро иваз мекарданд, хонаҳоро арзон ё онҳоро иваз мекарданд. Ба райис таҳдид мекарданду роҳкиро талаб мекарданд. Мо пеши роҳи ҳамин бетартибиро гирифтем ва акнун касе аз мансаб истифода карда, ягон молу амволи ширкати "Мовароуннаҳр"-ро гирифта наметавонад.
Ба иддаои райиси кумитаи мизоҷони "Мовароуннаҳр" муовини аввали прокурори генералӣ бо иттилои паҳнкардааш дар нишасти хабарӣ ширкатро муфлис карданӣ аст. "Яъне чӣ хел? Боварии таъминотчиён, боварии мизоҷонро нисбат ба ширкат паст кард. Тафтишоти дуборае, ки имрӯз гузаронда истодаанд мақсадашон як аст. Ҳамин тафтишот ягон чизи навро муайян намекунад. Фақат мӯҳлати тафтишотро дароз карда, боварии мардумро нисбат ба "Мовароуннаҳр" паст мекунанд. Мақсад ҳамин аст".
Бояд тазаккур дод, ки Кумитаи мизоҷони ширкати "Мовароуннаҳр" баъди боздошти Ҷӯрабек Охунов ва бенизомиҳо дар ширкат таъсис ёфт.
Қудратов: Парванда нисбат ба Охунов супоришӣ аст
Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои ширкати "Мовароуннаҳр" мегӯяд, оғоз намудани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Охунов ва ба ҳабс гирифтани ӯ бе гузаронидани ташхиси молиявӣ, ки тасаруфи маблағҳоро аз ҷониби раҳбари ширкат муайян кунад, ғайриқонунӣ аст. Тибқи натиҷаи тафтишот ба ҳамаи иншоотҳои сохтмонӣ 137 миллион сомонӣ сарф шудааст, ки аз ин фақат 62 миллионаш маблағи мизоҷон буд. 48 миллион сомонии дигараш маблағҳои қарзӣ, грантҳо, беш аз 2 миллион маблағи Бонки Исломии Рушд ва 27 миллиони дигар маблағи шахсии худи райис аст.
Парвандае, ки назир надорад
Ҳомид Маъмуров, адвокати мизоҷони ширкати "Мовароуннаҳр" мегӯяд, ман ҳимоячии манфиатҳои мизоҷон ҳастам, аммо ҳамин хел шудааст, ки манфиатҳои мизоҷон бо манфиати Охунов дуруст меояд, аз ин сабаб гуфтан мумкин, ки ман ҳимоятчии райиси ширкат ҳам ҳастам.
ӯ мегӯяд, аз соли 1974 то замони нафақа баромадан дар соли 1998 дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият дошта, асосан ба ҳайси муфаттиш кор кардааст. Аз соли соли 1998 ҳамчун адвокат фаъолият мекунад. "Давоми 38 сол бо ҳазорҳо парванда рӯ ба рӯ шудаам, аммо парвандаи ҷиноие, ки нисбат ба Охунов прокуратураи генералӣ тафтиш мекунад, эҳтимол дар ҷаҳон бемисл бошад. Ҳамаи ҳаракатҳо дар ин қазия ба қодекси шаҳрвандӣ мебарад ва на бояд дар чорчӯби кодекси ҷиноӣ баррасӣ мешуд. Тибқи кадом қонун ин масъаларо ба парвандаи ҷиноӣ кашиданд, номаълум аст. Айбе, ки ба Охунов ҳамчун қаллобӣ эълон карданд, ба ҳолатҳои аслӣ мувофиқат намекунад. Дар давоми зиёда аз як сол, ки Охунов дар маҳбас қарор дорад, ба ҷонибдории ӯ мақолаҳои зиёде нашр шудаанд. Аз таҷрибаи 38 солаи худ бори аввал мебинам, ки мардум айбдоршавнадаро ин қадар ҷонибдорӣ намоянд".
Номбурда афзуд, ки воқеан дар миёни 500 нафаре, ки дар толори суд пурсида шуданд, касоне буданд, ки муқобили Охунов ҳарф заданд, аммо ин одамон мардуми камбағалу бечораҳол набуданд ба хона эҳтиёҷ надоштанд. "Шахсоне буданд, ки чор- панҷ хона доштанд: "Бизнес карда хонаҳоро бо нархи арзон харида бо арзиши гаронтар мефурӯхтанд. Эҳтимол онҳо миёни ҳамон 42 нафаре, ки аризаи шикоятӣ навиштанд буданду мардумро ба иғво хезонданд. Дигар хоҳиши мардуми бечора ин аст, ки Охуновро тезтар раҳо кунанд, то тезтар онҳо соҳиби хона шаванд".
Мизоҷон ҳам ҳайронанд
Пас аз нишасти хабарии прокурори генералӣ чанд тан аз мизоҷони ширкат ҳам назди хабарнигорон омаданд. Нахуст зани солхӯрдае наздик шуда гуфт, ки онҳо ба Ҷӯрабек не, балки ба давлат бовар карда, пулҳои худро ба "Мовароуннаҳр" оварда буданд. "Ҷӯрабекро набояд ҳабс мекарданд, балки бояд ӯро дастгирӣ мекарданд, ки мардум бе хонаву дар намонад. Се фарзандам дар кӯчаҳо гаштаанд. Ман Ҷӯрабекро гунаҳкор намекунам. Касе, ки ин корро ҳамин хел печутоб дода кашол дод, ҳамонҳоро гунаҳкор медонам. Бо маҳкам кардани Ҷӯрабек ягон пешравӣ намешавад, баръакс асабҳои ин қадар мардум хароб шуд. Дар ин як сол чӣ азобҳое кашиданд, худашон медонанду Худо".
Як мард, ки худро вакили маҷлиси шаҳри Душанбе муаррифӣ кард, гуфт: "Дар маҷлиси вакилон то замоне ки Ҷӯрабек дар озодӣ буд ,ӯро ҳамеша барои арзон будани арзиши хонаҳо ва сифати биноҳое, ки ширкаташ месозад, таърифу тавсиф мекарданд. Мо мехоҳем, ки аз рӯи адлу инсоф тафтишот гузаронанд ва Ҷӯрабек озод шавад, то мо соҳиби хона шавем".
Як зани дигар, ки намояндаи кумитаи мизоҷони ширкат будааст, гуфт 80 дар сади мизоҷони ширкатро занҳо ташкил медиҳанд. Ба қавли вай, ин бонувон маблағҳои бо ҳазору як азоб ёфтаи шавҳару писарони худро оварда ба ширкат гузошта буданд. "Аз рӯзе ки ин масъала сар шуд, мо аз тарбияи фарзандон ҳам канор мондаем. Дар урфият мегуфтанд, аввал пурсиш баъд кушиш, аммо имрӯз чунин шудааст, ки аввал кушиш баъд пурсиш".
Вақте нишасти хабарӣ ба поён расид, кормандони "Мовароуннаҳр" гуфтанд, ки гурӯҳе аз бозрасони агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳаминҷоянд. Хостем бо чанд суол ба онҳо муроҷиат намоем, вале эшон аллакай биноро тарк карда буданд ва аз онҳо фақат дарҳои мӯҳрзадаи чанд утоқи корӣ нишона монда буду халос.
Ёдрас менамоем, Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" моҳи октябри соли 2010 боздошт шуд. Мурофиаи додгоҳии ӯ моҳи августи соли 2011 дар Додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз ёфта, баррасии парвандаи ӯ ҳоло ҳам идома дорад. Масъулини ширкати мазкур бошанд мегӯянд, баъди иҷозаи дубора гирифтан, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар чанд иншоотро аз сар гирифтаанду саргарми хонасозӣ мебошанд.
Абдулазизи Восеъ