На танҳо андоза ва кадом ченаки муайянро меъёр мегӯянд. Аммо «ҳар суханро ҷову ҳар нуктаро маъно бувад»-и пешдодиён ҳам барҳадар гуфта нашуда.Амале, ки аз ҷониби ин ё он мансабдор, ба вижа онҳое, ки дар роҳаткурсии идораҳои барҳавои давлатӣ менишинанду аз кисаи шаҳрванди оддӣ маош мегиранд, бояд меъёр ва стандарти худро дар чорчӯби қавонини роиҷи ҷомеъаи муосир дошта бошад. Ин ашхос жарфтару сареҳтар биандешанд, ки буҷаи давлатӣ аз осмон намеояд ва он дирам болои дирам аз обилаи даст ва пасандози сокинони кишвар ҷамъ мешавад. Эшон бояд фаромӯщ накунанд, ки масъулин барои хидмати мардум таъин ва ё интихоб мешаванд, на мардум барои хидмати онҳо.
Одоб ҳам як рукни меъёри инсонӣ маҳсуб мегардад ва арҷгузорӣ ба ин арзиш кори шойистагон аст. Рисолати ҳирфаии як рӯзноманигор ҳам новобаста аз шакли фаъолияти коргоҳаш инъикоси воқеъияти давр ва пайгириву рӯшанӣ андохтан ба иттилоъи саҳеҳ асту бас. Арқомро бошад, масъулин муваззафанд, ки дар ихтиёри журналист гузоранд.
Аммо бархӯрди баъзе аз ҳамкорони мо, ки дар хадамоти матибуотии мақомоти давлатӣ ифои вазифа доранд, касро ба андеша кардан водор месозад. Тасаввур кунед, ки ба нишасти матбуотии тақвимӣ рафтаед ва масъули ин бахш аз шумо суол мекунад, ки туро ба ин ҷо кӣ даъват кард? Ва боз илова мекунад, ки агар роҳбарамон пурсад, бигӯ, ки «худамон бе даъват омадем…Намедонӣ, ки ба ҳоли ин ҳамқалам бихандӣ ва ё гиря кунӣ, гузашта аз ин вақте худро дар ҷои ӯ ва ӯро дар ҷои худат тасаввур мекунӣ, навори лаҳзаи ба сарат оби хунук рехтан пешорӯ меояд.
Саҳнаи аз ин аҷибтар дар толори маҷлисгоҳ туро интизор аст. Вақте роҳбари як ниҳоди танзимкунандаи меъёрҳо матлаби интиқодии як расонаро ба номи дигар расона эълом мекунад. Ва аснои радду бадал маълум мешавад, ки мавод дар ВАО-и ватанӣ нею дар расонаи хориҷӣ нашр шудааст.
Ин ҳам дарди ба хайр аст, агар ангуштшумор ҳодиса дар меъёри вақту замон бошад. Сари ҳар қадам мебинед, ки арзишҳои меъёрӣ ва инсонӣ зери по мешаванд, онро эҳтиром намекунанд: Ронандаи мусофиркаш аз меъёр зиёд мусофир бор мекунад, мансабдор «бе меъёр» қонуншиканӣ мекунад, табиб қасами Ҳиппократро риоя намекунад, халабони аҷнабӣ ҳарими ҳавоии кишвари мустақилро убур мекунад ва додгоҳ зери фишори беруна муҷриминро раҳо мекунад…
Пас, бардошти мардум аз унсури меъёр мисли фаҳмиши як чизи беҳуда ва нозарур арзёбӣ мешавад. Дигар касеро парвои он нест, ки дурӯғ торикии имон аст, ростиву растагорӣ ҳам дар ин росто зери суол рафта, ҷойи асосии меъёрҳои инсониро дурӯғ мегирад. Дурӯғу дурӯягӣ, ки инсонро ба нестӣ мебарад.
Хилватшоҳи Маҳмуд