Барандагони озмуни «Ҷаҳони бидуни маводи мухаддир» муайян шуданд
Озмун бахшида ба «Ҷаҳон бидуни маводи мухаддир» дар Душанбе ҷамъбаст гардид.
Тавре ба «Озодагон» сарнозири шӯъбаи мусоидат бо ҷомеаи ситоди Агентии назорат аз болои маводи нашъадор Бобоҷон Шафеъ иттилоъ дод, баъди сухании муқаддимотии муовини ин ниҳод Бунафша Одинаева ва раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов диплом ва мукофоти пулӣ ба ғолибони ҳар бахш супурда шуд
Ҳамин тавр, дар бахши телевизион шахсони зерин барандаи озмун гардиданд. Фотима Ғоибова барои филми “Умеди охирин” ҷойи аввал, гурӯҳи эҷодии телевизиони “Сафина” барои филми кӯтоҳметражи “Фоҷеа” сазовори ҷои дуюм ва журналисти мустақили телевизиони шаҳри Қӯрғонтеппа Алишер Одинаев (наворбардор Абдурозиқ Маҳмадшоев ва муҳаррир Умар Камолов) барои барномаи телевизионии “Доғи зиндагӣ” мансуб дониста шуд.
Дар бахши “Беҳтарин барноми радиоӣ” ҷои аввал ба Идигул Раҷабова (радиои Тоҷикистон) барои силсилабарномаи “Нашъамандӣ ин фоҷеаи ҷомеа” дода шуда,
ҷои дуюм ба Валентина Кондрашова (хабарнигори радиои “Азия-плюс”) барои гӯшаи “Рӯйдодҳо” лоиқ дониста шуд. Ваҳҳоб Фазлиддинов (хабарнигори радиои “Ватан”) барои барномаи “Нашъамандӣ - вабои аср” сазовори ҷои сеюм гардид.
Дар бахши “Беҳтарин мақола” бошад, ҷои аввал ба журналисти мустақил Абдулвосити Фазлиддин (Нуралиев) барои силсиламақолаҳои «Селоби харобиовар», «Нашъамандӣ ба беномусӣ мебарад», «Худро ҳалок насозед» ва «Мазаммати маводи мухаддир дар шеъри Худораҳм» сазовор дониста шуд. Эмомалӣ Сайидамиров (мудири шӯъбаи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон») барои силсилаи мақолаҳои «Дасти берун аз гӯр», «Маводи «қотил» ва тамоюли таҷовузкорӣ» мақоми дуввумро соҳиб гашт. Ҳотами Ҳомид (хабарнигори ҳафтаномаи «Чархи гардун») барои силсилаи мақолаҳои «Ҳамсарамро бо героин иваз намудам», «Марги сафед рӯзгорро тира мекунад», «Нашъа якеро кушту дигаронро ба ғам гирифтор намуд» ва «Марг ба «марги сафед», ки…» муносиб дониста шуд.
Маврид ба ёдоварист, озмуни мазкур аввали моҳи майи соли равон аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар ва Иттиҳоди журналистон Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи КАДАП, ки Иттиҳодияи Аврупо онро маблағгузорӣ мекунад, эълон шуда буд.
Гуфта мешавад, дар ин озмун бештар аз 60 рӯзноманигор ва намояндагони ВАО-и минтақавӣ иштирок намуданд ва беҳтарин нигоштаҳои худро, ки аз тариқи радио ва телевизион пахш шудаанд ва ё дар матбуот интишор ёфтаанд, пешниҳод карданд. Маводи бештар аз ҷониби ВАО чопӣ ворид шуда буд ва сифати онҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон қайд карда шуд. {jathumbnail off}