Назаре ба иқтисод
Дар ҷомеаи солими асри 21 беш аз 15 сол фасли сармо аксари мардуми кишвар ба шамъу чароғи бобоӣ ба сар мебарад? Дар ҷомеаи солими иқтисодӣ ҷои афзоиши корхонаҳои хурду миёнаву бузург касру кушку меҳмонхонаҳо қатор мешаванд? Ин чӣ ҷомеаи солим аст, вақте маоши миёна дар қиёс ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маротиб поин аст.
Оё дар ҷомеаи солим маоши миёна 33 дар сад ва нарху наво наздики 60 фисад боло меравад?
Ва билохира дар ҷомеаи солими иқтисодӣ ягона роҳи пайвандгари ду минтақаи кишварро пулакӣ мекунанд?
"Бехабарӣ" ва солимии ҷомеъа
Мардум аз боздошт ва ҳабси фарзанди як мақоми аршади кишвар дар Русия танҳо бо гузашти се сол хабар меёбад ва ҳамон ҳам баъди он ки як табааи Русия, ки халабони як ширкати ҳавопаймоист бо ҳамкасби эстонии худ дар Қӯрғонтеппа бо ҳукми додгоҳ ба 8,5 соли ҳабс маҳкум мешавад. Он вақт сару садоҳо баланд шуд, ки Тоҷикистон мехоҳад, халабони рус Владимир Садовничийро бо Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, фарзанди раиси роҳи оҳани Тоҷикистон иваз намояд. Маҳз ҳамон вақт маълум гардид, ки Рустам Ҳукумов моҳи сентябри соли 2010 аз сӯи додгоҳи шаҳри Шелковои вилояти Маскав нӯҳуним сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Мақомоти Тоҷикистон ва Русия сару садоҳоро дар мавриди пешниҳоди иваз кардани Садовничий ва Ҳукумов рад карданд.
Аммо баъд… Баъд Садовничий ва Руденко озод шуданд(!). Дар ҷомеаи солим, ки даъвои ҳуқуқбунёд буданаш ҳамарӯза аз тариқи дастгоҳҳои таблиғотии ҳукумат садо медиҳад, афроде, ки бо ҷурми нақзи қоидаҳои парвоз, қасди қочоқ ва убури ғайриқонунии марз муҷрим шинохта шудаанд, раҳо мешаванд?
Ва чӣ мегӯед, ки баъди чанде аз Маскав хабари раҳо шудани Рустам Ҳукумов расид.
Ба иттилои расида, мақомоти Русия Рустамро моҳи июни соли 2008 ҳамроҳ бо се тани дигар ҳангоми ба фурӯш омода кардани 9 кило маводи мухаддир боздошт кардаанд.
Моҳи сентябри соли 2010 додгоҳи шаҳри Шелковои вилояти Маскав Рустам Ҳукумовро ба 9,5 соли зиндон маҳкум кард. Шикояти Рустам Ҳукумов ва вакили дифои ӯ аз болои ин ҳукмро додгоҳи вилояти Маскав дар моҳи декабри ҳамон сол ба баррасӣ гирифт, вале он замон рад шуд.
Носолимӣ дар соли нав
Солҳост, ки аз ахлоқи пасти ҷавонон ҳарф мезананд. Аксари онҳоро дар беодобӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба калонсолон ва ҳатто камсаводиву бештари авқот бесаводӣ ҳам муттаҳам мекунанд. "Очаи зор"-у бибиву хола ва ҳафт пушти гузаштаи ҳамдигарро дашномҳои мошу биринҷӣ кардан ба амри маъмулие таблид шудааст.
Ва бигӯед, ки оё дар ҳеч ҷомеаи солиме ҷавонеро дар шаби таҷлил аз соли нав танҳо ба ин хотир, ки либоси "Бобои барфӣ" ба бар кардааст, кордборон мекунанд?
Ин феҳрастро дар яку ду саҳифа намешавад хотима дод, он чи кӣ мисол задам танҳо барои далел буд. Далели ин ки ҷомеаи мо то куҷо солим аст. Ва чандин чунин зимистони зимистонмонанду баҳори баҳормонанд ҳам наметавонад, ки вазъро тағйир бидиҳад.
Шояд назари шумо тамоман дигар бошад. Ин ҳақро ҳамаи шумо доред, ки бо мо ҳамфикр набошед…
Абдулазизи ВОСЕЪ