Инак нашрия "Озодагон" чаҳорсола шуд. Ба ростӣ дар фазои иттилоотие, ки каҷ дору марез ва дар миёни чор дарё тахтабанд будану боз ҳар лаҳза тақозои доман тар накарданро шунидан амрест маъмулӣ, ба усулҳову арзишҳои худ содиқ мондану фаъолият кардан ва ба чаҳорумин соли мавҷудияти худ расидан, коре басо сахт буд.
Мо ҳамеша эҳсосоти тудаҳоро маҳаку дар авлавият қарор додан ва онро чун мавҷе ба ҳаракат даровардану мавҷсаворӣ кардан ва аз ин тариқ ба манфиатҳои гузаро ва ночизи модӣ даст ёфтанро комилан ба усулу арзиши озода будан носозгор дониставу медонем. Барои мо дар мушкилтарин шароити иқтисодӣ ба сар бурдан беҳтар будаву ҳаст аз он ки арзишҳову усулҳои ахлоқӣ ва манфиати миллӣ нодида гирифта шавад.
Худованд гувоҳ аст ва хонандаи ҳушёру озода медонад, ки мо таи ин чаҳор соли гузашта ҳеч матлабе дар саҳифаҳои ҳафтанома ҷой надодаем, ки дар ростои ғаразҳои шахсӣ, таборӣ ва ё маҳалӣ бошад. Ҳамеша бар ин назар будаву ҳастем, ки арзишҳои ахлоқӣ ва усулҳое монанди озод зистан, сарбаланду озода будан, дастрасӣ ба зиндагии ободу шарофатмандона, чоплусӣ накардан, безорӣ аз шахсгароӣ ва руҳияи ғуломӣ, ҷасорат ва ғайра бояд меъёри аслии фаъолиятамон қарор бигирад. Мо ҳозиру омода будему ҳастем, ки худро қурбон кунем, то ин арзишу усулҳо қурбонии манфиати шахсии мо ва ину он гуруҳи маҳалӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ нашавад.
Чаҳор сол содиқонаву самимона талош доштем, то фирефтаи ҳеч ғарази шахсӣ ё гуруҳӣ нашавем ва ҳамеша чунин будаву чунин хоҳад монд, ки ягона ғарази мо ободии ин марзу буми муқаддас, озодиву сарбаландии ин миллати азияткаш, арҷгузорӣ ба арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои усулӣ буду ҳаст. Агар бар ин натиҷа расидаем, ки шахсе ё гуруҳе бар алайҳи манфиати миллат ва ободии ин марзу бум кучактарин иқдомро анҷом дода ва ё дар фикри қадам гузоштан дар ин росто мебошад, ҳатман вокуниш кардаем ва шояд фақат дар ҳамин ҳолат аст, ки мо усули аслии рӯзноманигории ҳирфаӣ, яъне беғараз буданро риоя накардем. Албатта аз ин кор ҳоло ҳам пушаймон нестем, балки ифтихор мекунему аз ин ба баъд ҳам ҳатман аз ин усул ақибнишинӣ нахоҳем кард. Ин ҷо барои исботи ин гуфтаҳо зикри матолиби ба нашр расида дар сафаҳоти ҳафтаномаро лозим надонистем, зеро мутмаинем худи хонандаи азиз онҳоро хуб дар ёд дорад.
Мо муҳоҷирати кориро бо ҳама манфиату суди иқтисодияш як фоҷеа барои миллат хондаву ҳамчунон бар ин назарем. Зеро ҳамин манбаи ягонаи даромади ҳазорон хонаводаи тоҷик дар куштани руҳияи сарбаландиву озодагӣ ва парваришу тақвияти руҳияи ғуломӣ дар ниҳоди садҳо ҳазор наврасу ҷавони тоҷик нақши асосӣ ва калидӣ доштааст.
Аз ин назар ҳамеша бовар доштаву дорем, ки ин лаккаи нанг барои ҳамешаи таърих дар пешонаи он масъулине хоҳад монд, ки натавонистанд коре бунёдӣ ва созанда дар ростои бурунрафт аз ин вазъи асафбор анҷом диҳанд. Ин аст, ки ба оморҳои дурӯғин ва барои тавҷеҳи нотавонӣ ва оҷизии худ ироа додаи ину он пашизе арзиш қоил набудаву нестем.
«Озодагон» барои озодагон аст
Ва билахира "Озодагон" фақат ба хотири дарёфтани иҷозатномаи фаъолият ҳамчун моли хусусӣ сабти ном гаштааст. Дар асл аз аввалин рӯзи падид омадани идеяи таъсиси чунин як нашрия бино бар он будаву ҳаст, ки он муталлиқ ба мардуми сарбаланду озода аст ва мо фақат василаеву хидматгузоре ҳастему бас. Мо мисли бархе мансабдоракон иддао надорем, ки барои мардум фалону беҳмон кардем, балки бидуни ҳеч миннатгузорӣ арз мекунем, ки дар паи иҷрои вазифа ва рисолати худ ҳастем. Агар содиқона ва самимона хидматгузори мардуми озода ва сарбаланд будем хушо ба ҳоламон ва агар ғайр аз ин буда вой ба мо.
Чаҳорумин соли будану мондан дар фазои иттилоотии кишварро бар Шумо, ай мардуми озода ва соҳибони ҳақиқии "Озодагон" самимона шодбош мегӯям!
Муассис