Боздошти як сокини Қӯрғонтеппа бо долларҳои қалбакӣ
Як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа бо ҷурми тақаллубкорӣ боздошт гардид.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, Фозил Мадраҳимови 47-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Саидови шаҳри Қӯрғонтеппа моҳи марти соли равон дар назди варзишгоҳи марказии он шаҳр, аз шахси номаълум 10.000 доллари ИМА-ро ба ҷойи қарз гирифта аз ин ҳисоб, маблағи 1.100 доллари ИМА-ро ба эҳтиёҷоти худ сарф намуда, боқимондаро ба муомилот баровардааст. Ҳамчуинин, дар назди ошхонаи «Ҳоҷиён», воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳангоми ба муомилот баровардани 8.900 доллари ИМА-и боқимонда дастгир карда шуд. Мувофиқи маълумотномаи раёсати ташхиси криминалии вазорати корхои дохилӣ аз 24-уми июни соли ҷорӣ 89- адад купюраҳои 100 доллараи ИМА қалбакӣ мебошанд. {jathumbnail off}