Руҷӯи аввал
Худованд дар Қуръон ҳамаи гуноҳонро якояк баршумурдааст ва аз ин миён ҳукми Худованд нисбати онҳое, ки ҳақиқат ва адолатро поймол кардаанд, қотеъ аст. Воқеан ҳам ин тоифа бадсират ва бадсуратанд ва агар ба аъмоли зикр шуда, ки халқи Худоро дар ғафлат нигоҳ медорад даст зананд, табдил додани сурате аз аввала зишттару хунуктари эшон ба сурати дигарӣ дар миён аст: яъне Худованд ононро (хоҳ зану хоҳ мард) ба шакли ҳайвонот дар меоварад. Чунончи, ғоратгарро ба шакли сустмор, мутакаббирро ба сурати зоғ, моли мардумхурро ба гунҷишк. Онҳое, ки халқи Худо ва ҷомеаро ба кулфатҳои моддиву маънавӣ гирифтор карданд, ба чӣ сурате дархоҳанд омад?...
Ҳукумати беэътибор
Мардуми мо аз қадим ба ҳар чизи катбӣ эътиқоди хос доштанд. Китобро ҳеч кас хор намедошт, балки варақи чопии дар замин афтодаро мисли нонреза бардошта, рӯи тоқ мегузошт. Ҳарчанд рӯзноманигорӣ дар таърихи фарҳанги мо таҷрибаи тоза буд, вале тафаккури воқеанигорӣ собиқае дошт. Аз замони устод Рӯдаки ба баъд адибону муаррихони мо ба воқеияти зиндагӣ назари мӯшикофонае доштаанд ва ба ин васила бар авзои ҳоким бар муҳити ҷомеа таъсир низ гузоштаанд. "Сафарнома"-и Носири Хусрав намунаи шинохти ҳақиқатнигоронаи ҳаводиси сиёсӣ ва иҷтимоии замони муаллиф аст.
Рӯзномаи тоҷикӣ, ба маънои томаш, ибтидои асри гузашта ба вуҷуд омад ва имрӯз ҷузъи мустақил ва таъсиргузори фарҳанги ҷомеа эътироф шудааст, ки аз он ба унвони "Ҳукумати чорум" низ ёд мекунанд. Дар замони истиқлол зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки ин ҳукумат истиқлол ва ҳуввияти бештаре ба даст овард. Вале дар асл воқеият ба сурати дигар ҷараён мегирад. Назари дунёи мутамаддинро ба нақш ва ҷойгоҳи матбуот дар ҷомеа суханони зерини Ҷефесон хеле дақиқ ва равшан ифода мекунанд: "Агар маро махайр кунанд, ки дар кишварат давлат бидуни рӯзнома ва ё рӯзнома бидуни давлат бошад, бетардид дуввумиро интихоб хоҳам кард." Вале, мутаассифона, дар муҳити мо андешаи Ҷеферсон роҳ намеёбад. Далел раванди фишор болои рӯзноманигорон, ба додгоҳ кашидани рӯзномаҳо ва муаллифони алоҳида ё худ пинҳону ошкор ҷустуҷӯи муаллифи ин ё он мақолае, ки бо имзои мустаор чоп шудааст ва пайгирии баъзе нафарони гумонбар дар нашри ин ва ё он мақола мебошад, ки тадриҷан ҳодисаи муқаррарӣ мегадад ва ин ҳодиса заминаи устуворро барои хунсо кардани дахолати рӯзноманигор дар масоили доғи рӯзгори ҷомеа муҳаё месозад ва табиист, ки барои пешрафти ҷомеа низ монеаи ҷиддӣ ба вуҷуд меоварад.
Онҳое, ки замони Шуравӣ дар матбуот кор кардаанд, аз таъсир ва нуфузи рӯзномаҳо дар ҳаёти ҷомеа хуб огаҳанд. Ҳатто як мақолаи танқидии одӣ дар сатҳи олӣ муҳокима ва чораҷӯӣ мешуд. Дар асоси мақолаи рӯзнома парвандаи тафтишотӣ боз мегардид ва аксаран ҳақ ба ҳақдор мерасид. Ҳарчанд он замон низ фишори шахсиятҳои ҷудогона бо мақсади ҳифзи нуфузашон болои рӯзномаҳо ва рӯзноманигорони ҷудогона истисно набуд, вале дар маҷмӯъ ин ҳукумат назди давлат ва ҷомеа эътибор дошт. Агар хотирам фиреб надиҳад ёд надорам, ки рӯзномае ё рӯзноманигореро барои мақолаи танқидӣ ба додгоҳ кашида бошанд.
Мутаассифона, дар рӯзгори мо ин ҳукумат, ки ҳадафи аслиаш мусоидат ба пешрафти давлати миллӣ ва ҷомеаи пешрафта аст, дар назди низом чандон иътибор надорад. Аввалин мақолаи танқидие, ки нашр мешавад, чунин пурсишро дар пай дорад: муаллиф кист? Касе ба моҳияти масъалаҳои дар мақола гузошташуда таваҷҷӯҳ намекунад, дар ҳеҷ зинае он мақола муҳокима ва арзишёбӣ намешавад. Фақат таваҳуми шахсияти муаллиф доираҳои манфиатхоҳро ба ташвиш меовараду бас.
Фарз кардем, ки қатли Муҳиддин Олимпур ба фаъолияти рӯзноманигориаш рабте надошт. Вале ӯро дар рӯзи равшан аз даҳонаш паронда, ҷасадашро дар назди факултети рӯзноманигории Донишгоҳи миллӣ раҳо кардан чӣ маънӣ дошт. Ин гуна таҷрибаҳоро таърих зиёд дидааст, вале номи ҷабборонро мардум зуд аз ёд бурдаанду исми қурбониёнро ҳифз кардаанд. Лабони шоири озодаи ҳақгӯи Ирон Фаррухии Яздиро духтанд, Амири Кабирро барои ислоҳотхоҳиаш ва ростиаш дар ҳаммом гудохтанд, боз ҳам кӣ? Падарарусаш! Вале ин ду шаҳид ҳамчунон зинда ва таъсиргузоранд.
Аз фаъолиятҳои ислоҳотхоҳонаи ду рӯзнома- "Тоҷикистон" (сармуҳаррираш Насруллоҳ Асадуллоев) ва "Мизон" касе ёд намеоварад. Ҳол он ки ин рӯзномаҳо нахустин чарахаи матбуоти озод буданд, ки дар давраи басо мураккаб бо беадолатиҳои моддиву маънавӣ даст ба гиребон буданд. Вале ман гумон намекунам, ки Мухтор Боқӣ бо "Нерӯи сухан" ва Раҷаби Мирзо бо "Рӯзи нав" барои ҷомеа хатаре эҷод карда бошанд. Аслан сари Мухтор Боқӣ ва Раҷаби Мирзоро рӯзномаҳояшон, фаъолияти мустамари ҳақталошиашон хӯрд.
Ҳанӯз ҳам тааҷҷубзада ҳастам, ки чаро нашри мақолае дар рӯзномаи "Нерӯи сухан " дар боби тағйири номи мактабҳо ба хотири хешу табори афроди мансабдор, он рӯз ва имрӯз низ пинаки ҳеҷ касро напаронду намепаронад? Вале он рӯз ва ҳоло низ дар тасаввури баъзеҳо айб ба гардани Мухтор Боқист. Гап- гапаст, ки агар ӯ ин мақоларо чоп намекард, ҳоло кайф карда мегашт.
Вале Мухтор Боқӣ ба воситаи рӯзномааш як саҳнаи бисёр ҳам хандахези амалу кирдори баъзе мақомдорони ноҳия ва ҷумҳуриро дар сафаҳоти таърих абадан сабт кард. Дар мақолаҳое, ки ӯ нашр карда буд, сухан аз он мерафт, ки чаро дар ноҳияи Айнӣ якбора номҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Абдулқодири Бедилро аз пештоқи мактабҳои деҳаҳаҳои Хушекат ва Дарғ канда партофтанд. Ва якеро ба номи Шоисмат Ҳасанов- хусури ҳокими онвақтаи ноҳия М. Бобоева ва дигареро ба номи Наврӯз Восеев- бародари он вақт Мушовири калони Президенти Тоҷикистон Қурбон Восеъ мусаммо карданд. Хуб, фарз кардем, ки Бедил як шоири турктабори маҷзуб буд ва байтҳои зеринаш-
Ин давр даври ҳез аст, вазъи матин кӣ дорад?
Боди бурути мардӣ ғайр аз сурин кӣ дорад?
Осори ҳақпарастӣ хатм аст бар муханнас,
Ғайр аз дубурсириштон сар бар замин кӣ дорад?
Азбаски давр гардун, гардонд таври мардум,
То пушт барнатобад, барзан яқин надорад?-
Далели дар муҳити маънавии мо ҷойгоҳ надоштани ӯ бошад, пас сабаби ба ҷои Ҷомӣ баргузидани исми як инсони одӣ чӣ ваҷҳе дошт?! Ин қабил мисолҳоро фаровон метавон нақл кард, ки бояд нанги ҷомеаи мо бошанд.
Раҷаби Мирзо ба касе хусумати шахсӣ надошт. Вале ба сару рӯи ӯ чандбор заданд, то ҳастиашро фаромӯш кунад ва мисли баъзеҳо чандрӯя шавад. Сарнавишти ахири Ҳ. Сайфуллозода низ аз ин рангбозиҳо ҷудо нест. ӯро зарбу лат карданд ва боз гуфтанд, ки худаш ташкил кард. Сонеҳае, ки ба сари Хуршеди Атовулло омад, низ ба раванди номатлуби ҳаводис ҳадс мезанад. Дар ин ҳол танҳо метавон тамсили улулуро, ки душмани озодист, ба миён кашид ва аз забони шоири Эрон Сайид Ашрафуддин Ҳусайни Қазвинӣ (Насими Шимол) рӯзноманигоронро насиҳат кард:
Махур аз баҳри Ватан оҳу афсӯс,
Ҳеҷ сӯҳбат макун аз тозаарӯс,
Бигзар аз марҳалаи мурғу хурус,
Сӯҳбат озод макун, улулӯ меёд,
Бачаҷон, дод макун, улулӯ меёд.
Аз бузургон ҳама танқид макун,
Ёд аз Рустаму Ҷамшед макун,
Аз Ватан ин ҳама тамҷид макун,
Васфи аҷдод макун улулӯ меёд,
Бачаҷон, дод макун, улулӯ меёд.
Сари шаб то ба саҳар бода бинӯш,
Бодаро бо санаме сода бихӯр,
Ҳарчи дар суфра бишуд омода бихӯр,
Фикри меод макун, улулӯ меёд,
Бачаҷон, дод макун, улулӯ меёд.
"Алифбо"-и юған…" ва каҷдору марези дигар
Аслан Вазири маориф ҳақ дорад аз рӯзноманигорон ранҷад. Охир, ҳамин тоифа буданд, ки вақте ӯ Раиси комитети радио ва телевизион буд ва аз кормандони ин муассиса иншо гирфт, эътироз карданд. Эътироз нодуруст буд, зеро Вазир медонист, ки муҳити мо пур аз бесаводҳост. Бубинед, ин ҳақикатро он вақт баъзе рӯзноманигорон нодида гирифтанд. Ман он вақт ва ҳоло низ тарафдорам, ки дар паси дари ҳар идорае нафареро гузоранд то саводи онҳоеро, ки ба кор даромаданиянд, бисанҷад, пеш аз он ки аризаи қабули онҳо имзо шавад.
Масалан агар Худо накарда ман Вазири маориф шавам, аввал "аъзоёни коллегияи Вазорати маорифи ҶТ"-ро, ки соли 2002 ба нашри китоби дарсии "Адабиёти тоҷик" фатво додаанд, ҷамъ карда иншо мегирифтам. Чӣ, мавзӯъашро мепурсед? Албатта дар мавзӯи "Повестҳои Ф. Муҳаммадиев "Таркише, ки ба вуқӯъ напайваст" ва "Бибӣ- Зайнаб". Баъди ин боз аз "Ҳайати мушовараи Вазорати маорифи ҶТ", ки соли 2008 китоби "Адабиёти тоҷик"-ро барои синфи 7 такроран "ба чоп тавсия" кардаанд, дар мавзӯи зикр шуда иншо мегирифтам. Бовар дорам, ки агар имрӯз ҳам Вазир бошаму ҳамин корро кунам, ҳеҷ кадоме аз аъзоёни коллегия ва ҳайати мушовара дар ин мавзӯъ иншо навишата наметавонанд. Чун ки Ф. Муҳаммадиев чунин асарҳо надорад. Бале, корҳои мо ба ҳамин дараҷа музҳиқ аст, азизон! Нависандаи забардасти мо Ф. Муҳаммадиев бо номҳои "Тири хокхӯрда" ва "Қиссаи Зайнаббибӣ" повестҳо дорад, ки аввалӣ ба русӣ бо номи "Взрыв которого не было" ва дуввумӣ таҳти унвони "Биби- Зайнаб" тарҷума ва чоп шудааст. Муаллифони шермарди китоби дарсии "Адабиёти тоҷик", ба гумони ман матни тарҷумаи ҳоли нависандаро аз китоби русии "Писатели Таджикистана" тарҷума кардаанд ва ба ёдашон нарасидааст, ки китоби "Нависандагони Тоҷикистон" ба забони тоҷикӣ низ вуҷуд дорад. Мутаассифона, он чи дар замина гуфта шуд, мисоли ягона нест.
Дар боби "Алифбо"-и юған…" ёдам нест, касе тақризи муфассал чоп карда буд, ки бештар аз он метавон ин китобро интиқод кард. Вале ҳоло банда наметавонам аз мушкиле, ки ин китоб ба сари фарзанди мактабхони мо овард, ҳарф назанам. Китоб бо он ҳаҷме, ки нашр шудааст, ҳатто дар сумкаи мактаби намеғунҷад. Хайр, ин ҳам як бало, бечора бача дар таги кашаш ба мактаб мебараду меорад, вале бо ин ва юған пуған ин алифбо ислоҳ намешавад. Ҳоло ҳама чизро фурӯ гузошта, таваҷҷӯҳро танҳо ба сурати китоб ҷалб мекунам.
Рӯи китоб, хоса "Алифбо" бояд дар ҳукми сурати инсон бошад, ки қарор аст хонандагон бо он ҳамсӯҳбат шаванд. Дар ин ҳол сурати инсон дар ҳукми ҳуввияти тасвир аст. Аз назари график тамоми шаклҳо ва навиштаҳо дар чунин китобе бояд дар ҳукми як тасвир бошанд. Барои ин гуна китоб ҳуруф низ дар ҳукми тасвир аст. Ҳуруфҳо пеш аз он ки хонданӣ бошанд, диданӣ ҳастанд. Барои тафсири ақлраси ин масъала ёддошти як тасвиргари Ҷопонӣ қобили мулоҳиза аст: ин тасвиргар, ки хатти форсиро намешинохтааст, доир ба ҳамаи шаклҳои ҳуруф изҳори назар карда ва гуфта, ки ҳар намуди хат баёни хоси равоншиносонаи графикӣ дорад. Дар таҷрибаи нашри ин гуна китобҳо ҳатто ҳамсояҳои дуру наздики мо таҷрибаи судманд андӯхтаанд. Масалан, истифода аз ҳуруфи "пур" ва "тиҳӣ" дар мавриди лозим, ки яке бо намоиши сангинӣ ва қудрати зиёд муаррифи истеҳком ва даруннигарист ва дигаре бо баёни камвазнӣ ва сабукӣ муаррифи парвоз, раҳоӣ ва буруннигарист, дар нашри китоби "Алифбо" арзиши аввал дорад. Дар ин маврид риояти андоза ва таносуби ҳуруфро низ наметавон нодида гирифт. Ҳарф дар "Алифбо" аз нигоҳи эҷоди ҷозиба ва афзудани мизони шавқи мутолиа бояд интихоб ва сабт шавад. Ҳамин андешаро дар мавриди интихоби ранг низ метавон гуфт. Масалан, гуфтаанд, ки "ранги сурх ранги хун аст, ки аз ман ба ман наздиктар аст." Ин ҳарф ишора дорад ба қудрати фавқулода зиёди ин ранг дар ҷалби таваҷҷӯҳи дигарон. Соҳибназарони соҳа низ ба ин назаран, ки ранги сурх аз нигоҳи физикӣ дорои тӯли мавҷи болост ва тамошои он ҳатто дар лаҳзаи кӯтоҳ метавонад заррабони қалбро ташдид карда, эҷоди ҳаяҷон ва иштиёқ намояд.
Таносуби рангҳо дар "Алифбо" магар беаҳмият аст? Ҳар рангро дар навишти ҳуруф рӯи кадом замина (ранг) бояд нақш кард, то роҳат шинохта, хонда, дарк ва ба ёд супорида шавад. Дар ин маврид дастандаркорони тарсими намуди зоҳирии ин китоб суханони зерини А. Тарковскийро бояд дар назар мегирифтанд: "Дарки як асари зебо барои мо мумкин нест ва танҳо метавонем онро ҳисс кунем". Китоби "Алифбо", пеш аз ҳама бояд тобеи қонуни зебошиносӣ бошад, вагарна ҳеч аст.
Сӯҳбат сари мазмун ва мӯҳтавои ин китобро ба вақти дигар гузошта, ҳодисаи дигарро, ки ҳам барои давлат ва ҳам барои хонандагони хурдсол паёмади ногувор дорад, зикр накарда наметавонам. Дар яке аз мактабҳои шаҳр (шояд дар мактабҳои дигар низ) ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ китобчаеро бо номи "Сайқали фикр" ба арзиши 5 сомонӣ фурӯхтаанд. Муратиби он И. Асоев буда онро Шӯрои методии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди ВМҶТ бо қарори №2 аз 12.07.2010 ба чоп тавсия намудааст. Ман дар бораи забони хароби ин "китобча" чизе намегӯям, зеро фақат муқаддимаи он мақоли ранг бину ҳол пурсро таъйид мекунад. Вале аз дастандаркорони аршади соҳа мепурсам, ки оё онҳо ба фарзандони хурдсолашон иҷоза медиҳанд, ки ҳамин гуна музахрафотро хонанд. Ман намедонам мураттиби "китобча" чӣ ихтисос дорад, вале аз кори анҷомдоаш маълум аст, ки вай масъулияти маслиҳатгари методиро дар забон, математика ва ҳатто шеъру шоирӣ ба ӯҳда гирифтааст. Мо дар бораи ин "китобча" зиёда аз ин чизе нагуфта, фақат аз муаллиф ва масъулин пурсиданием, ки оё ин "китобча" воқеан ҳам "ҷиҳати татбиқи раванди ислоҳоти маориф барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ(?) кӯмаки амалӣ хоҳанд (?) расонд"? Агар ҳа, чӣ гуна? Охир, дар тавзеҳоти ҳуҷҷати расмии Вазорати маориф "Нақшаи таълимии намунавии мактабҳои таҳсилоти умумии ҶТ" ва барномаи таълимӣ ҳадфи таълими ин ё он фан дар синфҳои ибтидоӣ сареҳан муайян шудааст- ку? Саволи дигар боқӣ мемонад: агар ин "китобча" барои "хонандагони хурдсол" пешбинӣ шуда бошад, оё мураттиб ва онҳое, ки аз ҳисоби хазинаи давлат онро нашр намудаанд ва имрӯз аз он судҷӯӣ мекунанд, боре андешидаанд, ки аз назари равоншиносӣ, ахлоқӣ ва педагогӣ ин китоб коршоям аст ё на?!
Ҳамин гуна китоби дигаре бо номи "Маҷмӯаи имло барои синфҳои ибтидоӣ" ба даст расид, ки барои омӯзгорон тавсия шадааст. Муаллифони ин дастур И. Уроқова ва М. Азизова бо таҳияи матнҳо барои саводомӯзӣ дар синфҳои ибтидоӣ дониста надониста хидмати хирсонае кардаанд. Мо дар бораи мазмун ва моҳияти матнҳои пешниҳодшуда, ба талаботи методӣ мутобиқ будан ё набудани онҳо алҳол чизе намегӯем. Фақат барои собит кардани то куҷо ба ҷараёни саводомӯзии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ёрирасонидани ин дастур аз матни имлои санҷишии "Роҳи Помир" чанд ҷумларо иқтибос меоварем: Фақат дар замони соҳибистиқлол гаштани Ватани маҳбубамон ин орзӯи онҳо амалӣ гардиданд(?). Роҳ ба одамони вилояти Бадахшон ва водии Рашт ҳаёти боз ҳам хуб (?) онҳоро сари вақт овард (?) Бинобар ин халқ ба сохтани роҳ (?) бо ғайрати зиёд меҳнат намуда ва сари вақт (?) бо муваффақият (?) ба истифода доданд (?) Орзӯи аҳолии кӯҳистон маҳз бо дастгири (?) ва кӯшишҳои зиёди савари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд(?) Акнун сухан ба шумост, сарварони азиз, ин дастури пурхато оё ба фарзандони мо савод меомӯзад? Тасаввур мекунед, ки агар муаллими бечора ба хатоҳо сарфаҳм наравад, кор ба чӣ меанҷомад? Саволи дигаре ҳам ҳаст: чаро ва то кай мо барои китобҳои дарсии забон ва чунин дастурҳое аз матнҳои худсохта, тарҷумазада ва ахбори рӯзномаву маҷаллаҳо истифода мебарем? Оё адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо матни сазовори забономӯзӣ надорад? Магар "Гулистон"-и Саъдиро бало задааст? Ба осори Айнӣ чӣ шуд?
Мо дар боло доир ба китоби "Адабиёти тоҷик" барои синфи 7 ишораи кӯтоҳе доштем. Агар баҳсро дар боби нуқси китобҳои дарсии адабиёт идома диҳем бояд чандин ҷилд коғазро сиёҳ кард. Дар ин боб чандсол пеш доир ба баъзе аз ин китобҳои пурхато мулоҳизаҳоямро ба Вазири мӯҳтарам пешниҳод карда будам. Вале он китобҳо мисли ҳамон китоби синфи 7 ҳанӯз ҳам ба ҳамон сурату сират нашр мешаванд. Шояд дар такя ба мақоли саг аккос мезанад, корвон меравад. Вале ба умеди он ки орзӯ замингирамон накунад ин ҳарфҳоро навиштам ба умеди зери чатри маърифат якдилу яксадо шудан… Ва рафта- рафта қашав аламдор нашудан.
Руҷӯи охир
Овардаанд, ки рӯзе Хусрав дар боргоҳ менишаст ва аз кӯча садое ба гӯшаш расид, ки мегуфт: Се ҳикмат мефурӯшам дар ивази ҳазор динор. Оё хоҳишманде ҳаст? Бифармоед? Шоҳ фармуд, ки ҳикматфурӯшро ҳозир кунанд ва чун ҳозир карданд гуфт: Баргӯй!
Гуфт: На хайр, нахуст динорҳоро омода кун ва пасон хоҳӣ шунуфт.
Ва чун динорҳоро омода карданд гуфт: Ҳикмати нахустини ман ин аст: дар мулки ту як нафар одами дурусткор ёфт намешавад. Ва ҳикмати дуввум ин аст: Ҳарчанд ҳама одамон чунинанд, ту наметавонӣ аз онҳо иҷтиноб варзӣ ва аз муомила накардан бо онҳо чора надорӣ. Ва ҳикмати севвум аз ду ҳикмати пешин бармеояд: Шоҳ бояд андозаи бадиеро, ки дар ниҳоди одамон ниҳон аст бидонад, то ба андозаи бештар ё камтар аз онҳо дурӣ ҷӯяд.
Шоҳро ҳикматҳо писанд уфтоданд. ӯ ҳакимро бисутуд ва фармуд, ки ҳазор динорро ба ӯ бидиҳанд. Аммо ҳаким диннорҳоро напазируфт. Шоҳ гуфт: Шигифто, пас барои чӣ ин қадар бо исрор онҳоро талаб мекардӣ ва ҳатто дархостӣ, ки онҳоро пешакӣ омода кунем? Гуфт: Ман қасд кардам биозмоям, ки оё дар рӯзгори мо боре як нафар пайдо мешавад, ки ҳикматро ба зар харидорӣ кунад.
Саҳобуддин Содиқи АМИНПУР