Парчами Тоҷикистон дар кайҳон
Кайҳонаварди тоҷик Солеҳҷон Шарипов байрақи мамлакатро ба осмон бурд. Аммо то ҳанӯз он ба Тоҷикистон нарасидааст.
Исми Солеҳҷон Шарипов на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он шинохта аст. Вале шояд иштибоҳ намекунем, бигӯем, ки маҳз дар Тоҷикистон шинохти камтаре, дар бораи ӯ дошта бошанд. Ҳатто пайвандонаш, ки дар Тоҷикистон боқӣ мондааанд, иқроранд, ки дар бораи қаҳрамони мо шинохти камтаре доранд.
Илёс Раҷабов, яке аз наздикони ӯст, ки мегӯяд, ӯ пушти панҷуми ин авлод ба ҳисоб меравад.
Раиси маҳаллаи шаҳри ӯротеппа Ҳомидов Ҳоҷирустам низ мегӯяд, кӯшишҳояш барои пайдо кардани ақрабҳои кайҳонаварди тоҷик бесамар анҷом ёфтааст.
- "Ман маротибаҳои зиёд ба қишлоқи Қурғонча низ рафтам, чун шунида будам, ки наздикони Шарипов он ҷоянд, вале мутаассифона касеро пайдо накардам. Як хеш?ояшон будаааст, ба наздикӣ аз дунё даргузаштааст".
Солеҳҷон Шарипов, шаш сол қабл ба муддати 193 шабонарӯз байрақи Тоҷикистонро ба фазо бурд. Дар бораи миллияти ин шахсияти шинохта то ҳанӯз баҳсҳо зиёданд. Худи Солеҳҷон дар мусоҳибаҳояш зикр кардааст, ки чунин номуаян? ба зодгоҳи ӯ иртибот мегирад, зеро дар ин минтақа миллатҳои гуногун ба сар мебаранд, ӯйғӯрҳо, тоҷикон ва ӯзбекҳо. Ҳарчанд аксариятро маҳз тоҷикон ташкил медиҳанд, вале дар шиноснома онҳоро "ӯзбак" карданд.
-Аммо ҳақиқат ин аст, ки бобои ман дар Тоҷикистон таваллуд шудаву ба ӯзбекдухтар хонадор мешавад. Ҳарчанд миллати падарамро ӯзбек навиштаанд, аммо ӯ дар асл тоҷик аст.- мегӯяд Солеҳҷон.
Меҳри авлодиву миллии кайҳонаварди тоҷик 6- сол қабл вақте имкони ба фазо парвоз карданаш пайдо шуд, аз нав ҷӯш зад. Маҳз ба ҳамин хотир ӯ дар қатори парчамҳои Қирғизистону Русия байрақи моро низ дар ҳайати шабакаи байналмиллалӣ кайҳонӣ бо худ бурд. Вақте аз осмон фуруд омад, президенти Қирғизистон ӯро пешвоз гирифту байрақи кишварашро қабул кард. Парчами Тоҷикистон бошад, то ҳанӯз дар хонааш ҳифз мешавад. Ва ӯ умед дорад, ки як рӯз онро ба осорхонаи кишвар супорад. Зеро дар ҷаҳон кишварҳое кам нестанд, ки бо доштани чунин парчам ифтихор доранд. Аммо тавре дар боло ишора кардем, дар бораи Солеҳҷон Шарипов маълумоте хеле кам доранд. Худи ӯ мегӯяд, то соли 1982 онҳо ҳамроҳ бо бобову падараш ба Уротеппаву Хуҷанд зуд- зуд меҳмон мешуданд. Ҳатто хотироте низ аз он замон дар ёдҳояш боқӣ мондааст. Ба хусус инро дар ёд дорад, ки аввалин маротиба ба духтараки маҳаллӣ маҳз дар Тоҷикистон ошиқ гардид. Вале баъдан зиндагӣ ӯро ба сӯи дигар ва оилаи дигар бурд. Ҳамсараш Насиба аз рӯи ихтисосаш иқтисодчист. Духтараш Нигора бошад, МНГИМО-ро хатм кардааст. Писараш Ҷаҳонгир бошад хатмкунандаи факултаи равобити байналмиллаливу иқтисодист.
Худи Солеҳҷон Шарипов, дар ҷаҳон ба як шахсияти шинохта табдил шудааст. ӯ соли 1998 сазовори унвони "Ҳавонаварди Федератсия Русия " гардид, дорандаи медали "Барои парвози фазо" мебошад. Қирғизисон низ дар соли 1998 ба ӯ унвони "Қаҳрамони кишвар"- ро дод. Ҳукумати ӯзбекистон бошад, як сол пас тоҷикписарро бо ордени "Амир Темур" ва "Барои меҳнатҳои шоён" қадрдонӣ кард. Русия дар соли 2005 ба Солеҳҷон Шарипов унвони "Қаҳрамони Русия"- ро сазовор донист. Танҳо Тоҷикистон аст, ки ба ин намояндаи миллати худ, ягон унвону қадрдониро лоиқ надонисттааст, ҳатто кӯшишҳое анҷом намедиҳанд, ки парчами ифтихории ба фазо бурдаи ӯро ба Тоҷикистон биёранду дар ҷои намоёне ҳифз кунанд. Охиран танишҳое, ки дар муносибати байни Тоҷикистону Русия дар рӯзҳои қазияи ду халабони рус пайдо шуданд, бисёрии коршиносон мегуфтанд, бояд як ҳавонаварди касбӣ ба қазияи рухдода, ҷавоби сазовар медод. Ин нафар чаро наметавонист Солеҳҷон Шарипов бошад? Бар замми ин зарурати ба илмҳои дақиқу ҳавонавардӣ такя кардану ифтихор доштанро дар Анҷумани ҲНИТ як мулло дарк намуду ба миён гузошт. Пас, чаро ҷомеаи кишвар аз ҷумла мансабдорони давлат ин заруратро эҳсос намекунанд?
Аммо Ильёс ба вуҷуди оне, ки дар бораи гузаштагонаш маълумоти зарурӣ надорад ва шахсан бо Солеҳҷон ҳам иртиботи телефонӣ нагирифтааст, мегӯяд, ки дар интизори Солеҳҷон ҳастем.
- "Чун моҳҳои октябри соли гузашта хеле омодагӣ дидем, гуфтанд бахшида ба "Рӯзи сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон"- бояд сафар ба Тоҷикистон анҷом медоданд, аммо намедонам, ки бо кадом сабаб ин сафар анҷом дода нашуд. Хайр агар биёянд як пиёла чой карда хона мебиёремаш. Ҳатто омаданашонро ҳам аз мардум ва намояндагони мақомоти маҳаллии ин ҷо шунидам, ки барои дидани хонаи падару бобояш меомадааст.