Тартиб додани буҷа ва мониторинги дохилӣ матраҳ шуд
«Идоркуние, ки барои расидан ба натиҷаҳои рушд нигаронида шудааст».
Таҳти чунин унвон дар вазорати рушди иқтисод ва савдо семинари вижа ба анҷом расид, ки тӯли 3 рӯз идома дошт. Дар ҳамойиши мазкур Марко Вареа, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ, масъулини вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ширкат доштанд. Дар ин нишаст масъалаҳои стратегияи идоракунӣ, тартиб додани буҷа ва мониторинги дохилӣ баррасӣ гардиданд. Дар ин бора аз маркази матбуотии вазорати рушди иқтисод ва савдо ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ доданд.{jathumbnail off}