Дар ноҳияи Фархор, ки шумораи корхонаҳои саноативу сохтмонӣ ангуштшуморанд, бо ибтикори як соҳибкори маҳаллӣ корхонаи хурде сохта ба истифода дода шуд. Ин муассисаи истеҳсолӣ 30 нафар аз сокинони маҳаллиро ба ҷойи кори доимӣ ва маоши саривақтӣ таъмин намудаст. Мавлуда Алиева, муассиси корхонаи навбунёд ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, дар ҳоли хозир ин ҷо сехҳои истеҳсоли нон, кулча ва дигар маҳсулоти ордӣ, истеҳсоли равған, қаннодӣ, коркарди шолӣ ва осиёб ба кор шурӯъ намуданд. Бону афзуд: «Ҳоло ин оғози кор буда, дар ояндаи наздик дар нақша аст, ки фаъолияти корхонаро боз ҳам васеъ карда, шумораи коргаронро ба маротиб афзоем.
Бо дастгирии ҳукумати маҳаллӣ мо як мавзеро дар шафати варзишгоҳ, ки солҳои зиёд бекор хобида буду ба партовгоҳ табдил ёфта буд, интихоб карда поку тоза намуда, аз нав обод намудем. Аз он ҷо беш аз 40 автомашинаи КАМАЗ партову ифлосиро берун кардем».
Масъулин дар шафати бинои корхона боғи нави мевадиҳанда бунёд кардаанд, ки дар он 135 бех ниҳол парвариш меёбад. Инчунин, барои рӯёнидани маҳсулоти полезӣ гармхонаҳо бунёд намудаанд.
-Дар ҳоле ки дар ноҳия таъмини сокинон бо ҷойи кор яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб меравад, бо бунёди ин корхона ва ба тарзи густарда фаъол намудани он, каме ҳам бошад дар ҳалли ин мушкил ҳиссагузор мешавем,-мегӯяд Алиева.
Тибқи иттилои манбаъ, барои фаъолияти густурдатар роҳбарони корхона таҷҳизоти нави замонавии истеҳсоли туркиро ба маблағи беш аз 40 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷумҳурии Укроин харидорӣ кардаанд ва сар аз соли нав онро васл намуда, мавриди истифода қарор хоҳанд дод. Гуфта мешавад, Фархор ноҳияи аграрӣ буда, сокинони он усулан ба кишоварзӣ машғул мебошанд.
Қурбонбой Каримов, райиси ноҳия мегӯяд, аз 3.273 ҷойи кории дар соли равон таъминнамуда барои аҳолӣ 75 фисадаш дар самти кишоварзӣ будааст. Танҳо ҳамин сол ин ҷо наздик ба 1000 хоҷагии нави деҳқонӣ бунёд ёфтаву сокинони рустову ҷамоатҳо бо истифода аз саҳмдориашон ба кор таъмин гаштаанд.Гузашта аз ин, корхонаҳои саноатии фаъолбуда низ аксарашон мавсимӣ мебошанд, зеро сирф ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд. Ба гумони ғолиб, бунёду созмон додани ин гуна корхонаҳои хурди саноатӣ саривақтӣ буда, барои таъмини сокинон бо ҷойи кор ва дар ҳамин ҳол, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум мусоидат хоҳад кард.
Аслиддин Достиев