1. Ҳафтаи ташвишангез
Қазияи маҳдуд карда шудани фаъолияти масҷиди Муҳаммадияи деҳаи Туркобод ва мунозараву муҷодалаи муфтиёт бо бародарон Тӯраҷонзодаҳо ба ҳангомаву ғавғои навбатии ғайри мунтазир дар ҷомеа табдил ёфт. Аслан, ба моҳияту масъалагузории ҷараёни бархӯрди муфтиёт (онҳо 3 нафар буданд бо шумули раиси Кумитаи дин ва мири шаҳри Ваҳдат) бо бародарон Тӯраҷонзода авомуннос сареҳану дақиқан сарфаҳм нарафтанд.
Ҳарчанд банда воқеиятро аз нигоҳи рӯзномаҳои "Азия-плюс" ва "Имрӯз-нюс" (нашри рӯзи душанбе) то ҷое ба тӯдаҳо мефаҳмонам, лоҷарам на ҳама ба умқу жарфои моҷарои рухдода бовар мекарданд ва ҳатто садоҳое ҳам шунида мешуд, ки "паси парда чӣ гапе ҳаст?".
Оқибат аз ахбори тозаи расида гуфтам, ки қазияи сарзадаро бо итминони комилу росих президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо дидору мулоқот ва баргузории як вохӯрӣ бо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода худ ҳаллу фасл хоҳад кард. Аммо дар зимн ҷойи таассуф аст, ки бо як изҳороти уламову муфтиёт, ки деҳ ба деҳу масҷид ба масҷид паҳн мегардад ва низ бархе аз худогоҳон онро аз рӯзномаҳо мутолаа мекарданд, дар ҳафтаи қаблӣ, дар фазои ороми кишвар як нобоварию навмедӣ ва шикастарӯҳиву ошуфтазадагии ошкоро ба мушоҳида мерасад.
Оё ин ҳамаро ба чашми таҳқиқ бингариста, ба худ суол намедиҳем, ки магар муфтиёти ҷумҳурӣ наметавонист ин қазияро ба гунаи маслиҳату машварат ва ҳусни тафоҳум файсала намояд? Метавонист, албатта метавонист. Вале он ки ин идораи назорати рӯҳоният ҳам изҳорот пахш мекунаду ҳам довталабона раҳ ҷониби масҷиди Муҳаммадия мегирад ва боз дар рӯзи ҷумъа, ба яқин мӯҷиби барангезиши басо ноамниву ғалмоғалу нофаҳмиҳо гардидаву... мегардад.
Аз даъвою таҳлилгариҳои уламову муфтиёт дигаронро навмедонам, аммо ман бӯйи "талху тези" изҳороту баёнияҳои кинхоҳонаи ҳодисоти моҳи феврали соли 1990-ро аз ҷониби органҳои Ҳукумати Қаҳҳор Маҳкамов шамидам. Ёд доред: Ҳукумати вақт ҳам сӯйи мардум тир кушод, хуни 25 нафар бегуноҳро бирехт ва ҳам прокурори он дастгоҳ Михайлини "ҷосус" ҷомеаи гуноҳро ба дӯши сарварони ҷунбиши мардумии "Растохез" таҳвил дод. Ва нобоварӣ афзуд, шубҳа андар болои шубҳа зам шуд ва охир сарварони "Растохез" "сафед" гардиданду мақомоти интизомии ҳукумати вақт "рӯсиёҳ".
Аз ин хотир, бо гузаронидани ёдбуди Имом Ҳусайн (равонаш шод бод!) аз ҷониби уламову муфтиёт паҳн намудани як изҳорот ва дар он бе ҳеч таҳлилу баррасии арқому далоили таърихӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ тамомии ҷурму гуноҳро ба гардани хонадони Тӯраҷонзодаҳо ҳавола кардан аз аломату инсоф ва мантиқи воқеӣ фарсаҳҳо дур мебошад. Як нуктаро хотиррасон мекунем, ки Тӯраҷонзодаҳо он ҳангом на президент буданду на сарвазир!
Он ҷангу куштор ва омилҳову сабабҳояшро аз марҳум Раҳмон Набиеву командаи ӯ С.Кенҷаев ва Н.Дӯстов бояд пурсид, ки мутаассуф кайҳо аз олам гузаштаанд. Ва ҳамин "сафари таърихии" муфтӣ ба Ваҳдат, ба масҷиди Муҳаммадия ҷунбишу такон ва овозаҳои ҳаросбарангезеро рӯйи кор овард, ки баёни онҳо ногуфта беҳ! Вале бадбахтӣ дар он буд, ки вазъ то ҷое буғранҷу ноором гардид, мардуми бечора боз ҳам дар ташвишу такопӯ афтоданд, ки магар боз чӣ пайомади ногуворе ононро дар қабзаи худ гирифтор хоҳад кард? Ва то асли воқеа ва ҳақиқати ҳол маълуму равшан гардид, ки басо дилҳо ғамин ва хотирҳо парешон шуданд чун тақдири ину он шахсият не, балки сарнавишти миллату Ватан пеши чашм дар ҷилва омада буд!
2. Эшони Нуриддинҷон бо мардум намози ҷумъаро адо кард!
Як нигаронии дигари мардум аз он буд, ки овозаву суханҳои мухталиф ҳамаро ба ваҳшат оварда буд, чун мегуфтанд, ки гӯиё Эшони Нуриддинҷонро ба ҳабс гирифтаанду масҷиди деҳаи эшонро комилан бастаанд. Ва боз хабар меоварданд, ки дар роҳҳои мошингард постгоҳҳои назоратӣ ташкил кардаанд ва нафарони бешумори мақомоти интизомӣ одамонро тафтишу тафаҳҳус мекардаанд.
17.12.2011. Нисфирӯзӣ, қариби соатҳои 12.40 ба масҷиди ҷамеъи деҳаи Моинкаҷи минтақаи Роҳатӣ баҳри адои намози ҷумъа шитобидем. Маъмулан, намозгузорон дар намозгоҳ нишаставу интизори садо додани бонги азон буданд. Гурӯҳе дар саҳн мунтазир меистоданд. Як дӯсти банда аз дастам кашида, ба сафи якуми намозгузорон, ки дар саҳни пешайвони масҷид нишаста буданд, ишора бинмуда гуфт:
- Овозаю ҳангомаи бисёр мебардоранд, талхакафат мекунанд. Ана бубин, худи Эшони Нуриддинҷон дар намоз истодааст.
Ва ман ба он ҷониб нигариста, воқеан ҳам Эшони Нуриддинҷонро бо ҳамон шукӯҳу шаҳоматашон бидидам, ки ба муроқиба рафтаанд. Баъди хатми намози ҷумъа мардум чун одати қаблӣ ба зиёрати Эшон шитобиданд. Ва ҳама оҳи сабук мекашиданд ва шукри онро менамуданд, ки олам ҳама тинҷу амонӣ будааст. Албатта, ҳузури нозирони минтақа хаёли намозгузоронро то ҳадде парешон намудаву ба тафаккури амиқ бурда буд, вале ҳама охир баҳри зикру ёди Худованди якто ба ин ҷо омадаанд.
Дарвоқеъ, аз дидани ин ҳолу мушоҳидаи манзараи воқеӣ ба андеша рафтам, ки як амали нобарҷову ҳаракати шитобзадагии масъулони дин, хоса муфтиёт чӣ пайомади ташвишбарангезу пурҳаросе ба бор оварданд. Дар ёд гирифтану аз рӯйи ин нукта амал кардан беҳуда набудааст, ки "Оламеро як сухан вайрон кунад...".
3. Боз ба умеди президент?!
Чаро аз ноӯҳдабароиву нотавонии ину он мақомот, ки дар фарҷом аз ҳаллу баррасии қазияҳо оҷиз мемонанд, боз президенти кишвар ҷавобгӯ бошад? Масъалаи халабонҳои рус ва беҷуръативу бесалоҳиятии судҳои маҳаллӣ корро то сатҳи олӣ бардошт. Ахир президент ба ин масъала дахл намуда, ба ҳалли мусбати он мусоидат кард. Ҳамакнун чун мушкили тоза зуҳур кардааст, ҳама, минҷумла худи шахси Эшони Нуриддинҷон умеди файсалаи онро аз дахолат ва машварати президент - Эмомалӣ Раҳмон медонанд. Танҳо президенти кишвар метавонад бо роҳу шеваи мусолиматомез ва оҳанги хайрхоҳона ҷонибайнро ба якдигарфаҳмӣ орад. Аммо пурсида мешавад, ки то кай ҳалли ҳама гуна ноҷӯриҳову амалҳои хатарзои ину он масъул ва мақомотро бояд президент ба дӯши худ гирад?!
Боястӣ сари ин масоил ҷиддан андеша кард!
Шодӣ МУҲАММАДРАҶАБ