Гуфта мешавад, зимни боздид ҷаноби Браунфилд нақши ММИҲОМ дар густариши ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва мубодилаи иттилооти кашшофӣ дар ҷараёни мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва роҳҳои ҳамоҳангии беҳтари кори воҳидҳои зидди маводи нашъадор дар Афғонистонро мавриди муҳокима қарор медиҳад. Ӯ инчунин, ба хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурии Қирғизистон дар Бишкек ва Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар Душанбе ташриф меорад, то вазъи кунунии ҳамкорӣ ва нақши эҳтимолии ин агентиҳоро дар ташаббус мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Манбаъ афзуд, ёвари Котиби давлатӣ инчунин ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон сафар мекунад то дар ифтитоҳи расмии хобгоҳи сарбозон (казарма) дар отряди сарҳадии Шӯробод ва бинои нави Дидбонгоҳи сарҳадии Яхчи Пун ширкат варзад. Иншоотҳои бо дастгирии молиявии INL сохташуда ба муборизаи марзбонони тоҷик дар сафи пеш ҷиҳати коҳиши ҷараёни маводи мухаддир ва тақвияти амнияти умумии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон кӯмак мерасонанд.