Лаҳзаи фаношавӣ, ё худ пошхӯрии ИҶШС (СССР) ва таъсиси Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ)-ро ҳама дар ёд доранд. Бар асари мухолифати ҷонибҳову кашамакашиҳо ва бузургманишиву “мандонам”-ҳо маҳз пойдории он ва аз як созмони мубоҳисавӣ ба иттиҳоди бузурги ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ бадал шуданаш маҳз ба ислоҳоти пешниҳоднамудаи Назарабоев ва саҳми боризу пофишориҳояш бастагӣ дорад. Маҳз он замон Алма-ато пешниҳод карда буд, то интизори баробар шудани имкониятҳои “ҷумҳуриҳои бародарӣ”- и акнун “собиқ” нашуда, рушди ҷандҷонибаро вусъат дода, бояд нерӯи ин иттиҳодро ба ҷойи заъфи созмону кишварҳои узви он равона кард. Дар натиҷа созмони ИДМ ба як созмони комилу манфиатоваре дар арасаи ҷаҳонӣ табдил шуд.
Коршиносони умури сиёсӣ маҳз ташкилу фаъолияти чанд созмони дигар дар кишварҳои пасошӯравӣ аз қабили Авруосиё, Созмони паймонаи амнияти дастаҷамъӣ( ОДКБ), Созмони ҳамкориҳои Шонхой, Созмони Иттиҳоди гумрукӣ ва дигарро маҳз ба фаъолияти густурдаи Созмони ИДМ марбут медонанд.
Имрӯз низ райисҷумҳури Қазоқистон барои таъсиси созмони АвруОсиё чанд пешниҳоди ҷиддие карда, пешниҳоде, ки ҳанӯз дар соли 1994 зимни як баромадаш дар Донишгоҳи давлатии Маскав карда буд, тақвият бахшидааст.
5 пешниҳоди Назарбоев
Дар рӯзномаи “Известия”- и чопи Маскав ахиран Назарбоев навишт, ки ӯ панҷ роҳи таъсису тақвият бахшидани ин созмонро (Иттиҳоди АвруОсиё дар назар аст) пешниҳод мекунад, ки бино ба андешаи ӯ, метавонад ҳар чӣ фаврӣ ва самарабахш барои таъсиси созмони комил мусоидат намояд.Назарбоев пешниҳод мекунад, ки аз лаҳзаи аввали таъсисёбиаш созмони АвруОсиё бояд ҳамчун созмони бузурги иқтисодии ҷаҳонӣ эълон ва шинохта шавад.
Дуввум, ки бояд ин созмон ҳамчун иттиҳоди тавоное фаъол гардад, ки барои фарогирии мушкилоти кишварҳои АвруОсиё талош карда, пули пайвандгари миёни онҳо бошад.Пешниҳоди дигари Назарбоев он аст, ки ин созмон бояд як ба иттиҳоди худкифои дорои сохтори молии умумӣ ва баъдан дорои асъори умумӣ бошад.Зимнан, ҷалб ва узвияти ихтиёрӣ ба созмон ва ниҳоят таъсиси институтҳои умумимиллие барои дарёфти дастгирии ҷомеа аз пешниҳодоти навбатии Назарбоев мебошад.
То куҷо ин “Роҳнамои Назарбоевӣ” поядор аст ва амалишавии он оё кафолат дорад? Ин суоли матраҳ аст, албатта.
Ба ёд биёрем, агар дар мавриди таъсиси созмони ИДМ низ мухолифатҳое то он андоза зиёд буданд, аммо вақт нишон дод, ки ин созмон барои мардуми як вақтҳо зери як парчаму дар узвияти як давлат мезиста хидмати босазоеро анҷом дода меояд.Ба назар чунин мерасад, ки барои кишварҳои пасошӯравӣ давраи нави интегратсия шурӯъ мегардад. Тасмими таъсиси Иттиҳоди АвруОсиё дар соли 2015, хоҳ пешниҳодоти Назарбоев ба назар гирифта шавад, хоҳ не, ва ба он шомил шудани кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ ва нафақат онҳо, метавонад барои кишваре ҳамчун Тоҷикистон низ хеле манфиатовар бошад ва аз ин рӯ аллакай Душанбе барои узвият дар Иттиҳоди АвруОсиё омодагии худро изҳор кардааст.
Аммо то таъсиси ин созмон ҳанӯз 3 соли дигар вақт аст ва мо ҳам интизор мешавем, ки барои таъсиси ин Созмон сарони кишварҳои “бародарӣ” чӣ талошҳое хоҳанд кард ва то куҷо пешниҳодоти Назарбоев, райисҷумҳури Қазоқистон ба эътибор гирифта хоҳад шуд...
Абубакри Файзалӣ, Маскав