Фахриддини Холбек: «Дӯсти ман танҳо Худост…»
Фахриддини Холбек (Фарҳоди Милод) аслан хабарнигор аст, аммо гоҳ-гоҳ тарона менависаду овозхонӣ мекунад. Аз пешаи интихобкардааш пушаймон набудаву думболаи ҳавасҳои осмонӣ ҳам нест. Ӯ як инсони заминӣ, як шахси орӣ аз хислатҳои нохуб аст. Дӯст дорад, ки маҳфилаш бо ҳузури ёрон гарм бошад, ҳамеша ёди Модар мекунад, дилаш бо Ватан ва дар Ватан метапад… Гоҳо кунҷи танҳоиро «иҷора» мегираду ба эҷоди оҳангу тарона машғул мешавад…
Ахиран, як клип-таронаи ҳамқаламамон бо номи "Тоҷикистонам баред" манзур шуд ва моро бурд ба пойи сӯҳбати ӯ:
Озодагон: Қаблан барои омода кардани як чунин клип-таронаи хубу пур аз маънӣ ва мавриди назари мардум табрикоти моро бипазиред. Ва бигӯед, ки чӣ шуду Фахриддини журналист даст ба эҷоди суруду оҳанг зад? Магар чорчӯбаи рӯзноманигорӣ барои ҳарфҳои гуфтанӣ тангӣ кард?
Фахриддини Холбек: Ташаккур барои табрикатон. Ман ҳам яке аз муштариёни хабаргузории «Озодагон» ( www.ozodagon.tj ) ва нашрия «Озодагон» ҳастам. Ин ҷо мехоҳам ҳар як шумораи шуморо бароятон табрик гӯям, зеро хеле хуб таҳия мешаванд.
Ба таронаву оҳанг рӯ овардани ман таърихи имрӯзу дирӯз ва ҳатто як солу ду соли пеш нест. Дар даврони мактабӣ овозхонӣ мекардам. Замони донишҷӯи аввалин оҳангҳои худро эҷод кардаам, ки аз рӯи андеша ба касе ҳам пешниҳодашон намекардам. Метарсидам, ки мавриди ханда қарор мегирам. Барои мисол, таронаҳои «Тирамоҳ» бар матни Бозор Собир, ки Файзалӣ Фозилов соли равон хонд ва «Зина ба зина», ки Сарвиноз Юсуфӣ мехонад, маҳсули ҳамон солҳоянд.
Ҳамон солҳо ҳам мақолаҳо менавиштам, ки аксаран ба монанди таронаҳоям нашр намешуданд. Ҳамеша ҳам рӯзноманигор ва ҳам таронасоз будам. Аммо ҳоло? Устод Олег Фезов вақте варианти сиёҳи як таронаамро гӯш кард, аз ман боисрор тақозо намуд, ки худ хонам ва таронаҳоямро ба дигарон надиҳам. Гапи аз ҳама сахташ ин буд, ки «таронаҳо ба монанди фарзандони туанд, онҳоро ба дигарон надеҳ». Пас аз ин шурӯъ кардам.
Аммо дар рӯзноманигорӣ ҳам гапи гуфтанӣ ҳаст ва ҳам дар таронасароӣ. Дар зиндагии ман ҳарду якдигарро пур мекунанд.
Озодагон: Гузоришу маводҳои журналистият, ки аз эҳсосу ғам, андӯҳу нобоварӣ ориянд, аммо суруду таронаҳоят баръакс. Чаро?
Фахриддини Холбек: Табиати тарона чунин аст, ки бояд дард дошта бошад, шодӣ дошта бошад ва ҳам хусусияти оромӣ бахшидан ба инсон. Агар тарона дард дорад, пас дар лаҳзаҳои дардовар ва агар шод аст дар лаҳзаҳои ба ин монанд рӯи кор омадааст. Хусусияти тарона ин аст, ки ногоҳ меояд, чӣ дар ғам ва чӣ дар шодӣ. Бояд онро сароӣ. Интихоби дигар нест.
Озодагон: То ҳол аз пушти саҳна барои овозхононе чун Баҳроми Ғафурӣ, Шабнам, Фарзона, Сарвиноз, Сиёвуш ва дигарон матн ва мусиқӣ менавиштӣ, акнун дигар барои худат эҷод хоҳӣ кард?
Фахриддини Холбек: Тавре суханони устод Олег Фезовро ёдоварӣ кардам, албатта, он тавр нахоҳад буд. Ҳоло теъдоди таронаҳоям то ҳаддеанд, ки агар тамоми умр ҳама корро як сӯ гузораму пушти онҳо шавам, ҳамаро хонда наметавонам. Барои ҳамин барои дигарон ҳам эҷод хоҳам кард, бахусус, вақте ту ба онҳо зарурӣ, бояд мусоидат кунӣ, на бахилӣ. Зеро онҳо ҳам мисли ман эҷодкоранд ва ҳамкорӣ ҳатмист.
Озодагон: «Тоҷикистонам баред»- унвони клип-таронаи нави туст, ҳарчанд матну оҳангашро барвақттар эҷод карда будӣ. Мутмаинам, ки ин суруд таърих ва сабаби пайдоиш ҳам дорад…
Фахриддини Холбек: Ростӣ, ин аз таронаҳоест, ки на дар кӯча, хона, қабристон, балки сари синтезатор омад. Он замон, хато накунам, тирамоҳи соли 2008 буд, як дастгоҳи кӯҳна доштам ва дар хона танҳо будам. Гириста – гириста ба як нишастан матну оҳангашро омода кардам. Худамро ҳамон вақт сахт мутаассир карда буд ва ҳоло мебинам, ки дигаронро ҳам мутаассир мекунад. Таърихаш ҳамин. Бавижа барои фалон касу фалон ҳодиса нанавишта будам. Яке омад.
Озодагон: Таронахонӣ ва эҷоди суруд, ҳамзамон сабту наворбардорӣ, банду басти оҳангҳо ба кори журналистиат халал намерасонад?
Фахриддини Холбек: Халал мерасонанд. Аз ин хотир, ҳоло танҳо ҳамин клипро омода кардаам. Бо он ҳангоми рухсатии имсолаам машғул шудам, ҳарчанд фикраш як сол зиёд аст, ки дар сарам буд. Ҳоло ҳам дар сарам фикри клипи дигар аст, аммо вақт надорам. Пул ҳам даркор нест. Сафар Саъдиев, коргардони клипсоз ваъда кард, ки бепул як клип барои ман месозад. Аммо вақт нест.
Аммо худи тарона ба вақту кори ман кор надорад. Аслан ҳар субҳ пеш аз кор ва ҳар бегоҳ баъд аз кор 1 – 2 соатро сари дастгоҳам мегузаронам. Баръакс ба кори ман ва пайдо шудани рӯҳияи корӣ кӯмак мекунад. Бахусус рӯзноманигорӣ, ки кори соддае нест.
Озодагон: Фахриддин, таронаи дигарат бо номи «Муҳоҷирбача»-ро, ки овозхон Баҳром Ғафурӣ сароида буд, аз сӯи мухлисон хуш истиқбол шуд. Ба назарат он суруд аз ин таронаи нават чӣ тафовути вижа дорад?
Фахриддини Холбек: Тафовути хеле калон дорад. Он ҷо маҳз дар бораи муҳоҷирин сӯҳбат мешавад, ки кӣ ҳастанду дар ҷомиаи мо чӣ нақш доранд, ин ҷо мавзӯъ – ватан аст. Ман гуфтаниам, ки тоҷик дар кадом гӯшаи дунё ва касе, ки набошад, фақат як орзу дорад: лоақал мурдаашро ба хоки ин сарзамин биспуранд. Дар кул ба хотири ҳамаи онҳое ин тарона бахшида шудааст, ки асрҳои аср ба ин сӯ дар ғарибиҳо бо орзуи Тоҷикистон мемурданду мемиранд. Ман гуфтаниам, ин ҳамон қадар ватани зебост, ки орзуи охирин барои мусофир аст. Яъне муҳоҷиратҳои имрӯз ҷузъ аз ҳамон раванди мусофиратҳои таърихии тоҷикианд. Масалан, Чингиз омад, фирор кардем, болшевикон омаданд, фирор кардем, ҳоло мушкилоти иқтисодӣ омадаанд, ки муҳоҷират мекунем. Дар Афғонистон бо наберагони як тоҷики мо сӯҳбат кардам, ки гуфт, бобоям ҳамеша як каф хоки Тоҷикистонро дар даст дошт, аммо аз мо хоҳиш мекард, ки турбати ӯро ба ватанаш бурда, ба хок супоранд.
Озодагон: Чаро дар гузоришнависӣ ва таронасаройӣ Фахриддини Холбек нею исми Фарҳоди Милодро баргузидӣ?
Фахриддини Холбек: Фарҳоди Милод ҳамон Фарҳоди Кӯҳкан аст. Дар сарчашмаҳои исломӣ қаҳрамонони тоисломӣ бо тахаллуси Милод ёдоварӣ мешаванд, аз ҷумла Рустам, Сӯҳроб, Каюмарс. Ман дар «Самаки айёр» Фарҳоди Милодро дучор омада будам. Соли 1998 яке аз мақолаҳоямро бо ин тахаллус нашр кардам. Дар «Рӯзи нав» ҳам бо ин тахуллус маводи фарҳангӣ менавиштам.
Озодагон: Ҳамкорону ҳамсабақон ва онҳое, ки туро мешиносанд ва якҷоя кор кардаанд, мегӯянд Фахриддин журналисти сермаҳсул ва масъулитяталаб аст. Аммо вақтҳои охир навиштаҳоятро камтар дар ВАО-и ватанӣ мебинем, сабаб чист?
Фахриддини Холбек: Сабаб дорад. Дар Радиои «Озодӣ» солҳои пеш иҷоза дода буданд, ки бо номи аслиам мақола нависам. Ҳоло низоми кориамон дигар шудааст ва ман ҳаққи нашри мақолаҳоям дар нашрияҳои ватаниро надорам.
Озодагон: Бештар ёди кадом давраи зиндагиатонро мекунед, кӯдакиву деҳа, ҷавонию донишҷӯӣ ва ё …?
Фахриддини Холбек: Бештар лаҳзаҳоеро ба хотир меорам, ки бо модарам будам. Ҳоло ҳам лаҳзаҳои беҳтарини зиндагиам дар канори модарам будан аст. Ягона орзуям ҳам дар канори модар будан аст. Ҳатто дар назди ӯ ҳам ба ёдаш дилам гум мезанад.
Озодагон: Илҳоми Фахриддини журналист ба назарам рӯзона меояд. Шабҳангом, аснои хомӯшии сокити атроф эҳсоси эҷоди таронаву суруд қалби туро фарогир мешавад?
Фахриддини Холбек: Тарона гузориш ё хабар нест, ки бояд омода кунӣ, аз чор тараф мавод ҷамъ орӣ. Тарона моли ҳама давру замонҳост, агар воқеан, таронаи хуб бошад. Ин як ҷодугарест, ки чӣ тавр туро ба дом меафтонад, нафаҳмида мемонӣ. Тарона сеҳр дорад ва ҳамон қадар ин сеҳрро ту сароида ба дигарон дода метавонӣ, ки зӯрат мерасад. Зӯри ман ҳоло ҳам ба таронаҳоям намерасад. Аз ин хотир, онҳо дар муттадтҳои тӯлонӣ ниҳоӣ мешаванд. Дар ин муддат фикр мекунам, ки ширинии аввалии онҳо костааст. Тарона туро фаро мегирад, аммо ҳунар ин аст, ки ту таронаро фаро гирӣ. Чизе берун аз ман нест, ки илҳоми маро орад. Ҳар чӣ меояд, аз дарун аст, аз умқи ишқҳое, ки дар замир дорам.
Озодагон: Дӯст кист ва дӯст киро мешуморӣ? Умуман, ин вожа барои Фахриддин чӣ маънӣ дорад?
Фахриддини Холбек: Дӯст инсони бузург аст. Рафиқ нест. Ҳар касе дар зиндагӣ як дӯст пайдо кард, ӯ хушбахттарин аст. Дӯст инсоне, ки ҳамеша бо туву дар дилу хаёлҳои туст. Ба ҷуз Худо касе ин рисолатро барои ман анҷом дода наметавонад. Дӯстоне, ки мо дар назар дорем, рафиқанд. Бузургии миллати мо ин аст, ки калимаи «дӯст»-ро дорад ва пеши ҳар инсон вазифаи бузург - ёфтани дӯстро гузоштааст.
Мусоҳибаи Хилватшоҳи Маҳмуд