Асомидин Атоев: Мо метавонем дар минтақа таъсиргузор бошем…
Инқилоби интернетӣ, рушди интернет ва саҳми интернет дар пешрафти ҷомеаи муосир аз чӣ иборат аст. Оё мешавад, замони ҳозираро бе интернету телефони мобилӣ, фейсбуку скайп тасаввур кард? Ҳукумати электронӣ чӣ ҳукуматест ва он дар Тоҷикистон имкони татбиқ дорад? Дар иртибот ба ин ва дигар чароҳои беохир «Озодагон» аз пайи як сӯҳбати ихтисосӣ шуд ва бо Асомиддин Атоев, сарвари академияи маҷозии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои рушди Тоҷикистон мусоҳибае анҷом дод.
Озодагон: Инқилоби интернетӣ: афсона ё воқеият?
Асомидин Аттоев: Ҳангоми сухан гуфтан оид ба инқилобҳои интернетӣ пеш аз ҳама ду чизро қайд намудан мехоҳам, ки ин ҳам нуқтаи назар аст. Дар олами акедемикии технологияи иттилоотӣ камуникатсионӣ барои рушд, ин нуқтаи назарҳо аксаран муқобили якдигаранд. Яке аз онҳо ин конструктивизми иҷтимоӣ ва дигараш дитурминизми технологӣ мебошад. Тарафдорони конструктивизми иҷтимоӣ мегӯянд, ки ҷомеа рафтори инсон технологияро муайян мекунад. Ин дар ҳолест, ки технологистҳо мегӯянд, ки технология ҷомеаро бунёд мекунад, ҷомеаро месозад, андешаи инсонро месозад. Дар ҷомеаи академикӣ, ки мехоҳанд технологияи иттилоотӣ комуникатсиониро ҳамчун воситаи рушд нишон диҳанд, бештар тарафдорони равиши мобайнӣ ҳастанд, ин равишро равиши неутрал ё ин ки равиши иҷтимоии техникӣ меноманд. Яъне на ину на он, балки технологияҳо барои ҳалли масъалаҳои гуногуни иҷтимоиёту, иқтисодиёту ҷомеа татбиқ карда мешавад. Дар атрофи андешаи он ки интернетинқилобҳо зиёд гаштаистодаанд аз нигоҳи неутрал гуфтанӣ ҳастам, ки технологияҳо заминаи рушданд, воситаи рушданд ва воситаи ҳалли проблемаҳои гуногун ҳастанд.
Ба гумони ман тарафдорони андешаи интернетинқилобҳо нафароне ҳастанд, ки мавқеи технологӣ доранд, яъне технологияҳоро боло мемонанд аз ҷомеаву аз проблемаҳое, ки ҷомеа ба он дучор мегардад. Агар аз ин нигоҳ гирем, решаи проблема гӯё технология мешавад. Агар мушаххас карда гӯем инқилобҳои инернетӣ ягон асос надоранд яъне, ки интернету технологияҳои рақамӣ ба инқилоб оварда мерасонанд ягон асос надорад. Чунки пеш аз ҳама ин чиз ба худи инсон вобаста аст, аз худи ҷомеа вобаста аст, ки барои кадом мақсад мехоҳад технологияро истифода бубарад. Фарз кардем агар мегуфтанд, ки интернеттехнологияҳо сабаби инқилоб дар кишварҳои пешрафтаи дунё шуд, махсусан дар Аврупои Ғарбӣ, дар ИМА, Канада ё дар Ҷопон шуд ман бовар мекардам, ки бале дар ҳақиқат ҳам технологияҳо тавонистанд, ки дар он ҷо инқилоб ба амал оранд. Дар он кишварҳое, ба мисли Малдова, Тунис, Эрон ва дигар кишварҳои шарқи миёна, ки онқадар пешрафта нестанд, дар муқоиса бо кишварҳои пешрафтаи дунё технологияҳои рақамӣ хелло кам истифода бурда мешаванд. Ин бештар нуқтаи назари технологӣ ҳаст яъне, нафароне, ки бовар доранд, ки технологияҳо дар пешрафти ҳаёт аввалиндараҷаанд. Дар баробари ин боз нуқтаи назари дигар вуҷуд дорад иҷтимоиёт, ки ин аввалиндараҷа аст ва чи хеле, ки гуфтам дар заминаи неутрал технологияҳоро барои рушди ҷомеа истифода мебаранд.
Интернетро ба он шакле, ки ҳаст гирифта татбиқ кардан дар заминаи нав имкон надорад. Татбиқ мешавад, лекин чизи сунъӣ мешавад, ки аз он нафарони кам истифода мебаранд. Мисолаш худи Тоҷикистон шуда метавонад, ки давоми 5 соли охир шумораи истифодабарандагони интернет хеле кам буд ва ин аз он хотир буд, ки муҳит ва шароити маҳал мутобиқ нагардида буд. Имрӯз, ки мутобиқ гардида истода аст, технологияи гуногун дар интернет фаъолият мекунанд. Аз ин рӯ шумораи корбарони он рӯзафзун аст. Технологияи иттилоотӣ камуникатсионӣ имрӯз як заминаи бобарори мутахасисони гуногун гушта истода аст. Як воситаи хониш аст, агар дар соҳаи маориф гирем, омӯзиши дилхоҳ фанни таълимиро ва фаъолияти дилхоҳ омӯзгорро бе ин технологияҳо тасаввур кардан имконнопазир аст. Имрӯз як чизи бисёр ҳам мисли қаламу дафтар барои омӯзиши ҳар як фан муҳим гаштааст. Дар ҳамин ҳолат бадном кардани технологияҳо "Деманизатсия" Дема-яъне мисли бало нишон додани технология ба манфиати он нафароне, ки ба ин муҳтоҷанд ё ҷомеае, ки ба ин муҳтоҷ аст, ё ба манфиати ононе ки намехоҳанд ҷомеаи рушдкунанда ба истеҳсолкунанда табдил ёбад. Мисоли Тоҷикистон худаш исботи хуб аст, ки технологияҳои иттилоотӣ камуникатсионӣ имкон медиҳанд, ки ҳатто шахси бесавод метавонад ихтироъкор не, лекин навовар бошад, ягон навгонӣ биёрад. Мисоли одияш истифода бурдани телефонии ҳамроҳ. Фарз кардем дар яке аз лексияҳои кушода бо донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб суол кардем, ки шумо аз кадом навгониҳои технологияҳо истифода мебаред? Дар посух чунин гуфтанд, ки аз тарифи даҳсониявӣ бештар истифода мебаранд. Ин ҳам як навгонист, ки донишҷӯён аз ин чиз бе пул истифода мекунанд ё ин ки тавассути занги даромади телефон фаҳмидани он, ки кӣ ба шумо занг мезанад ва ҳатто сӯҳбат нокарда фаҳмидан мумкин, ки ба он нафар чи зарур аст. Як мисоле ба хотирам омад, ки дар Ҳиндустон бисёр маъмул аст. Ширфурӯше, ки барои ширашро фурӯхтан хона ба хона мегардад аз занги даромади телефонаш аз рӯи мусиқии телефонаш медонад, ки ин саҳар кадом муштарияш шир мехоҳад. Рушди технология то ҳамин дараҷа овардааст, ки нафароне, ки ҳатто саводи казоӣ надоранд, аққалан барои худ навгоние биёранд.
Озодагон: Технологияҳои навин дар баробари манфиат зарарҳо низ доранд. Дар ин хусус назари шуморо мехостем бидонем
Асомиддин Атоев: Албатта, ҳамаи технологияҳо мисли ҳар як чизе, ки инсон меофарад бар замми манфиат зарар низ дорад, мушкилӣ низ меоварад ва он ҳам аз огаҳмандии ҳамон ҷомеа ва ҳар як шахс ва аз фарҳанги истифода бурдани технологияҳо ва татбиқи технологияҳо вобаста аст. Имрӯз яке аз камбудиҳое, ки дар ҷомеаи мо бениҳоят зиёд аст ин заиф будани фарҳанги истифодаи технологияҳо аст. Маҳз ҳамин заиф будани фарҳанги истифодабарии технологияҳо ба он овард, ки дар ҷомеаи мо имрӯз инфрасохтори технологияҳои мобилӣ ниҳоят хуб рушд ёфта аст, исроф шуда истодааст. Мо онро ба таври даркори истифода бурда натавонем, мо телефонии мобилиро ҳамчун воситаи алоқа истифода мебарем. Вақте ки мо дар байни донишҷӯёни донишгоҳҳои Тоҷикистон назарсанҷӣ гузарондем дидем, ки танҳо донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хуҷанд телефонии мобилиро барои сабти лексияи муалимон истифода мебурдаанд. Имрӯз шабакаи алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон метавонад, ки бештари мактабҳои деҳотро ба интернет пайваст кунад. Лекин қонун, ки татбиқи онро маҳдуд мегардонад татбиқкунандагони барнома низ шояд дар бораи ин имконият фикр ҳам намекунанд, фикр ҳам, ки кунанд аз сабаби хилофи қонун будани барномаи мазкур татбиқ карда наметавонанд. Сабаби асосии бештар зарарнок будани ин технологияҳо паст будани фарҳанг аст. Шояд, ки манфиаташ аз зарараш бештар бошад, азбаски дар ҷомеаи мо нисбати технологияҳои мобилӣ як муҳити манфие мавҷуд гардидааст, ҷомеа чунин гумон дорад, ки аз манфиаташ дида зарараш бештар аст.
Озодагон: Ҳукумати электронӣ чист ва оё имконпазир ҳаст?
Асомиддин Атоев: Дар шароити имрӯза гуфтаниям, ки роҳандозии ҳукумати электронӣ имконпазир аст мо алакай дар шароите қарор дорем, ки элементҳои электрониро дида метавонем, истифода бурда метавонем ва дарк карда метавонем. Яъне хизматҳои давлатие, ки ба таври электронӣ расонида мешаванд дар мо ҳастанд ва кӯшиш мекунем, ки зиёд карда шаванд. Яке аз мисолҳояш барои мо пӯшида нест, ки тавассути сайти президент метавонем муроҷиатҳои худро фиристем, ё тавассути сайти ҳукумати шаҳри Душанбе сокинони шаҳр метавонанд бо раёсати ҳукумат мукотиба дошта бошанд ва дар ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта роҳ ёбанд. Барои мисол ҳукумати шаҳри Хуҷанд натанҳо вебсайти худро дорад, балки як қабулгоҳи электроние тартиб дода шуд, ки тавассути он сокинон метавонанд аз 5 интернеткафеи шаҳр муроҷиат кунанд. Мисоли дигаре, ки оварда метавонем, аз вилояти Хатлон аст, тавассути сомонаи "dasras tj", ки дар он сокинони вилоят, он нафароне, ки дар ҷустуҷӯӣ кор ҳастанд метавонанд тариқи сомона худашонро ба қайд монанд ва ҳатто метавонанд, ки тавассути телефонии мобилӣ огоҳ шаванд.
Озодагон: Оё метавонем д сомонаҳои иҷтимоии ватанӣ ошта бошем ва чи мушкилиҳову омилҳо садди роҳанд?
Асомиддин Атоев: Барои он ки сомонаҳои табиӣ шаванду сомонаҳои сунъӣ нашаванд ҷавобгӯ ба он хизматҳое шаванд, ки дар бозор харидор доранд ва муштариёне ҳастанд, ки аз онҳо истифода мебаранд. Имрӯз барои дарёфтани ин муштарӣ аз сомонаҳои хабарие, ки дар ҷомеа фаъоланд метавон тариқи ин сомонаҳо табъи муштариро омӯхта аз онҳо истифода бурд. Хизматҳои бештаре, ки имрӯз дар ҷомеа расонида мешаванд хизматҳои расонаҳои хабариянд, ки ин қадами авали рушди ҷомеаи электронӣ мебошад. Дар баробари ин роҳҳои дигари сомонаҳои ватанӣ ин такя намудан таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намудан ба донишгоҳҳо мебошад. Имрӯз бештар ба он ташкилотҳое таваҷҷӯҳ карда мешавад, ки дар ҷомеа фаъолияти бештар доранд. Таваҷҷӯҳ намудан ба донишгоҳҳо боиси он мегардад, ки агар соҳаи маориф нахоҳад бозорро омӯхтан бозор худаш ворид мегардад ба соҳаи маориф. Мисол оварда метавонем, ки яке аз неруҳои бузургтарини ҷомеа барои рушд додани интернети ватанӣ ин донишгоҳҳо ҳастанд, ки бештари онҳо дар шакли электронӣ кор мегиранд. Мутаасифона онҳо дар шабака ҷой дода намешаванд. Мисоли дигар ин ки имрӯз донишҷӯёни мо маълумотҳои даркориро аз сомонаҳои русзабон кашида мегиранд, ҳастанд донишҷӯёне, ки онҳоро ҳамчун сарчашма истифода мекунанд. Албатта сохтани шабакаҳои иҷтимоии интернет дар мо нест, вале ин ҳам талаботи бозор аст талабот, ки пайдо шуд чунин шабакаҳо пайдо мешаванд. Агар чунин пойгоҳ пайдо шавад алакай бозор чунин талаботро дорад ва дар як муддати кутоҳ муштариёни зиёдеро пайдо хоҳад кард. Имкон дорем, ҳастанд гурӯҳҳое, ки чунин сомонаро созанд, лекин ҳарос дар он аст, ки то кадом андоза бозоргир мешаванд. Баробари пайдо шудани чунин эътимод, ки бозор омодааст, албатта чунин сомонаҳо пайдо мешаванд.
Озодагон: Бо кадом роҳҳо метавонем аз истеъмолкунанда ба истеҳсолкунандаи технологияҳои навин табдил ёбем?
Асомиддин Атоев: Пеш аз ҳама бо таҳким бахшидани фарҳанги информатсионии ҷомеа метавонем аз истеъмолкунанда ба истеҳсолкунандаи технологияҳои навин табдил ёбем. Фарҳанги иттилоотӣ гуфта ман онро дар назар дорам, ки риоя кардани он қоидаву талаботе, ки ҳар як мавод бо худ дорад. Яъне ҳангоми гирифтани маводеро аз шабака гирифтан бояд дар назар дошт, ки қадр кардани қоидаҳои сарчашма ин пеш аз ҳама қадр кардани ҳуқуқи эҷод кунанда ва риоя кардани қоидаҳо, ки тавассути он мавод дастрас аст.
Озодагон: Оё дар ҳукумати Тоҷикистон зарурат ва ҷойгоҳи технологияи навини иртиботӣ ва иттилоотиро дарк кардаанд?
Асомиддин Атоев: Дарки моҳияту манфиати ҳукумати электронӣ рӯз ба рӯз зиёд шуда истода аст. Ин пеш аз ҳама фаъол гаштани шуро оид ба технологияи иттилоотӣ камуникатсионии назди президенти ҷумҳурӣ мебошад, ки дар ҳамин як сол соли 2011 ду ҷаласаи он шуда гузашт. Моҳи феврал ва моҳи ноябр ва дар ҷаласаи дуюми шуро масъалаи асосӣ ин масъалаи татбиқи ҳукумати электронӣ буд ва дар он лоиҳаи консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид ва чунин супориш ҳам дода шуд, ки то оғози соли 2012 татбиқ карда шавад. Бояд қайд намуд, ки худи ҳамин санад дар ҳамкорӣ бо тамоми ҷонибҳо натанҳо сохторҳои давлатӣ, балки сохторҳои хусусӣ ва ҷалби мутахасисон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардид ва умедворем, ки дар татбиқи ин консепсия ҳамкории фаъоли ҷонибҳо низ дида хоҳад шуд.
Озодагон: Чаро ҳаққи истифодаи интернетдар Тоҷикистон гарон аст?
Асомиддин Атоев: Сабаби гаронии нархи интернет ин набудани махзанҳои ватании интернет аст. Дар сурати ба миён омадани махзанҳо нархи интернет ба сурати табиӣ арзон мешавад.
Озодагон: Оё мо метавонем дар минтақа таъсир гузор бошем ва пули иртиботии фарҳангӣ бошем?
Асомидин Атоев: Бале метавонем, чунки имрӯз заминаи хубе фароҳам омадааст ва ин имкон медиҳад, ки кишварҳои ба мисли Тоҷикистон дар канори дунёанд ё дур аз соҳили баҳранд, метавонанд бо тамоми ҷаҳон натанҳо мукотибаи фарҳангӣ дошта бошанд, балки робитаи иқтисоди низ дошта метавонанд. Яъне мо метавонем, ки бихарем ва метавонем, ки маводи худро пешкаш намоем яъне ба бозор барорем. Мавод гуфта ман ҳам маводи зеҳниро дар назар дорам ва ҳам маводи ҷисмониро ё ин ки физикиро. Дар масъалаи иртиботи фарҳангӣ Тоҷикистон як имконияти нодире дорад. Тоҷикистон метавонад пули фарҳангӣ дар минтақа бошад, заминаҳо алакай гузошта шудаанд. Якум шабакаи рушдёфтаи интернетиву мобиливу дигар технологияҳои иттилоотӣ камуникатсионӣ чи дар дохили кишвар ва чи дар берун аз он ҳаст. Имрӯз дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ҳам хати крилӣ ва ҳам хати форсӣ ба роҳ монда шудааст. Ин соли аввал нест чанд сол мешавад, ки ҳардуи хатро меомӯзанд барои ҳамин якеи аз ин омилҳо ин омӯхтани хатҳо аст, ки ин омилҳо алакай вуҷуд доранд. Мо ягона кишваре дар Осиёи марказӣ мебошем, ки барандаи ду фарҳангем: ҳам фарҳанги форсизабон ва ҳам фарҳанги шӯравӣ. Фарҳанги шӯравӣ гуфта на танҳо фарҳанги тоҷикизабонро,балки фарҳанги русзабонро низ дар назар дорам. Яъне бо истифода бурдани мавқеи худ ва бо мустаҳкам кардани омилҳо метавонем, ки дар минтақа таъсиргузор бошем.
Мусоҳибон: Алишер Зарифӣ ва Ибодуллоҳи Тоир