Ҳафтаи гузашта парлумони Тоҷикистон ба қонун дар бораи консессияҳо тағйироту иловаҳо ворид намуд. Тибқи ин қонун минбаъд хориҷиён ва шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд "обу фазову ҳаво, канданиҳои зерзаминӣ, табиат, олами наботот"-ро ба иҷора бигиранд. Тибқи ин қонун то имрӯз ду ширкат дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки яке аз онҳо ширкати IRS аст, ва маълум нест, ки ба Тоҷикистон чӣ фоида меорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки сару садоҳо дар хусуси барои 49 сол боқӣ мондани пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистон вирди забонҳост. Дар иртибот ба ин масъала "Озодагон" ба коршиносон чунин суол дод:
Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқшинос
Обу замин ин моликияти истисноии давлат аст. Албатта, инҳо феълан иҷора гуфта дода истодаанд, вале ба фикрам ҳамин хел карда, охирин иншооти моликияти давлатиро нест карданиянд. Ман ин кори онҳоро дуруст сарфаҳм нарафтам. Ба ҳар ҳол ин қонунҳо дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ягон манфиати назаррас надоранд. Ҳам ба хориҷиҳо ва ҳам ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷоза дода шудааст, ки иҷора гиранд, аммо то имрӯз ҳамон иҷораҳои гирифташударо аз байн бурданд ва ягон объекти дигари муҳим ҳам сохта нашудааст. Акнун иншоотҳое монд, ки ба онҳо даст дароз кардан аз рӯи одоб нест. Чунки онро чӣ гуна истифода кардан, ба кадом мақсад иҷора гирифтан муайян нест, лекин дигар қонун қабул шуд ва акнун ба виҷдони қонунбарору қонунқабулкунандаҳо ҳавола мешавад. Агар дар қонун назорат аз болои иҷорагир муайян шавад ҳам, бо назардошти он ки имрӯз ришвахорӣ сатҳи воқеии назоратро низ аз байн бурдааст, дар қонун назорат пешбинӣ гардад ҳам, онро кӣ амалӣ мекунад, бо кадом мақсад амалӣ мекунад, муайян кардан ба фикрам бисёр душвор аст.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, профессор
Дар масъалаи қабули ин ё он қонун бояд таҳрири аналитикӣ вуҷуд дошта бошад, ба хусус дар масъалаи экология. Зеро агар чунин таҳрир набошад, заминро касоне ба даст меоранд, ки маблағи хеле зиёд доранд ва мехоҳанд сарватҳои табиии Тоҷикистонро бо мақсади боз ҳам доротар шудани худ истифода баранд. Агар мо ҳама ҷойро иҷора додан гирем, қитъаҳои замине ҳаст, ки дар он ҷо вазъи экологӣ чандон хуб нест, аммо сарватҳои зеризаминии бисёр дорад. Ба иҷора додани ин гуна мавзеъҳо боис мешавад, ки вазъи экологии Тоҷикистон хеле ногувор гашта ҷону молу дороии мардум ба хатар мувоҷеҳ мегардад. Фикр мекунам, ки бояд дар ин қонун хеле маҳдудиятҳо ва мушаххасоти зиёде ворид карда шавад. Гап дар сари он аст, ки таъсири бюрократҳое, ки дар сохторҳои давлатӣ кор мекунанд ба иҷро ва амалигардонии қонун чӣ гуна хоҳад буд? Мутаассифона, чунин аст, ки қонун дар рӯи коғаз боқӣ мемонад ва ҳамаи корҳое, ки ғайриқонунӣ сурат мегирад аз назари мардум пинҳон мегардад ва онро ошкор намесозанд. Зеро дар мо дар баробари қонунҳои бад, қонунҳои хуб низ хеле зиёданд ва ба талаботи қонунгузории байналмиллалӣ мувофиқат мекунанд. Аммо онҳо иҷро намешаванд. Ҳатто Қонуни асосии Тоҷикистон яке аз беҳтарин қонунҳост. Вале масъалаи иҷрои он муаммост. Вақте Қонуни асосӣ иҷро намешавад, амалишавии қонунҳои алоҳида зери суол аст. Масалан, дар Қонуни асосӣ баробарҳуқуқии тамоми халқиятҳои Тоҷикистон навишта шудааст, аммо баробарҳуқуқӣ дар мо вуҷуд надорад.
Меҳмоншо Шарифов, ҷомеашинос
Гуфтугӯҳо матни худро доранд ва он чи имрӯз дар ҷомеа мегӯянд ва саволҳое, ки гузошта мешаванд, аз он ҷумла саволи боз чиро метавон фурӯхт, аз нобоварии мардум ба шахсиятҳои қонунбарор, муҳофизони қонун ва қабилаи сиёсатмадори имрӯзаи тоҷик дарак медиҳанд. Ин "бузургмардҳо", ки моликияти мардум аз нафси тарбиятнодидаи онҳо дар амон нест ва инро исбот карданд, ки худ ба қонунҳо ва амалҳои хеш боварӣ ва умед надоранд, чаро ки худ ба қисмате аз хоҳишҳои дигарон табдил ёфтаанд ва наметавонанд аз хоҳишҳо, манфиатҳо ва арзишҳои соҳибони ин обу хок ҳимоят кунанд. Имрӯз лоиҳаҳои қонун ва қонунҳои гуногун қабул карда мешаванд ва чун сохтакорона ва дур аз воқеият қабул мешаванд, мушкилотҳоро зиёдтар мекунанд на камтар...Имрӯз воқеияти мо аз харобии маданияти сиёсӣ ва фалсафаи сиёсии мо дарак медиҳад ва инро махсусан аз мақом ва амали забони тоҷикӣ, ки оинаи воқеияти мост метавон дарк кард. Аслан дунёи мо, сиёсати мо, миллати мо ва худи моро - забони тоҷикии мо (калимот, маъниҳо) месозад ва шакл медиҳад . Ва маълум аст ки забон танҳо суфиксу префикс нест , балки ҳаёт ва ҳақиқати мост. Чӣ гуна метавон ба онҳое боварӣ дошт, ки роҳбарии ниҳодҳои давлатии Тоҷиконро ба ӯҳда доранд, вале ҳаёти одилона ва инсонии мардумро ташкил кардан наметавонанд ва имрӯз як воқеияти забонии дигар, ки дурӯғин аст ташкил кардаанд, ки ба воқеияти аслии мардум коре надорад. Дар ин воқеияти дурӯғин бозиҳои гуногунро метавон ташкил кард, ки метавонад мантиқӣ ва қонунӣ бошад, вале чун дар матни аслӣ реша надорад, ҳосили он танҳо шармандагӣ ва ғуломист. Сиёсатмадорон ва амалдороне ки худи онҳо дар воқеияти дурӯғин шакл гирифтаанд ҳама чизро фурӯхтан метавонанд... Умуман дар Тоҷикистон қонунҳои зиёд вуҷуд дорад, аммо амал намекунад. Вақте мо дар бораи консенсус, ки маънои гузашт кардан ё ба мӯҳлати муайян ба иҷора доданро дорад, ҳарф мезанем, агар чунин гузашт кардан ба фоидаи мардум набошад, мардум аз он нафъе набинанд ва беҳбудие дар зиндагии худ эҳсос накунанд, дар ҳақиқат ин як савдогариро мемонад. Яъне бо дасти тоҷирони беҳунаре арзон фурӯхтани роҳу замин, фазову ҳарими ҳавоӣ ва обу хоки Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Фикр мекунам, ки сиёсатмадорон ва қонунбаророне, ки ба қабули қонунҳо сару кор доранд, бояд алоқамандии бисёр наздик ба мардумро эҳсос кунанд ва дар пайи ҳифзи манфиати мардуми кишвар бошанд, то ин гузаштҳо манфиати миллии моро дар худ таҷасссум кунад. Мо бояд бештар аз пайи арзишҳо бошем, на қабули қонунҳо.
Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос
Қабули қонуни консессия миёни аҳли ҷомеа баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст, вале шояд ин барои Тоҷикистон як падидаи нав аст, ки обу ҳавову роҳу дигар иншоотҳо ба иҷора дода мешаванд ва тибқи Сарқонун ҳамаи он моликияти истисноии давлат мебошад. Аммо чунин қонунҳо дар кишварҳои хориҷӣ вуҷуд дошт ва ба фикри ман қабули чунин қонун паёмадҳои ҳам манфӣ ва ҳам мусбат дорад. Имрӯз Тоҷикистон ва Қирғизистон кишварҳои дорои захираи оби зиёд дониста мешаванд ва об дар оянда манбаи даромади ин ду давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз ба иҷора додани об ё истифодаи он аз ҷониби шахсҳои алоҳида ба манфиати давлат аст ва ҷанбаи мусбати масъала арзёбӣ мегардад. Лекин ҷиҳати манфӣ он буда метавонад, ки шояд дар оянда як баҳси ҷиддие дар мавриди ба иҷора додани об ба миён ояд. Вақте дар бораи захираҳои обӣ сухан меравад, имрӯз дар Тоҷикистон тамоми хоҷагиҳои кишоварзӣ аз ин хизматрасонӣ истифода мебаранд ва ба ғайр аз муассисаҳои обтаъминкунӣ давлат метавонад ба дӯши ин хоҷагиҳо ба тариқи иҷборӣ бастани шартномаи иҷораи обу ҳаворо тибқи қонун ба зиммаи онҳо гузорад. Хоҷагиҳои кишоварзӣ маҷбур мешаванд бо давлат шартнома баста, барои истифодаи обу ҳаво, каналҳо ва захираҳои обӣ андози иловагӣ пардохт намоянд. Аз ин ҷиҳат қабули ин қонун таъсири манфӣ дорад. Зеро истеҳсолот шояд кам мешавад ва пардохти як намуди дигари андоз боз ба нархи маҳсулот таъсир мерасонад ва сабаби боло рафтани арзиши он дар бозорҳо мегардад. Бинобар ин, ман фикр мекунам, ки ҳангоми қабули ин қонун ба назар мегирифтанд, ки шояд ин қонун байни давлатҳо истифода мегардид, на ба таври умумӣ. Вақте ин қонун ба таври умумӣ қабул шуд, тамоми хоҷагиҳои хусусӣ маҷбур мешаванд, ки тибқи талаботи қонун бо давлат шартнома банданд ва дар асоси он иҷораи обу ҳаво, набототу ҳайвонот ва роҳу заминро давлат ба танзим дарорад. Дар дигар давлатҳо қонун дар бораи консессия танҳо байни давлатҳо истифода мешавад, на байни шаҳрвандон. Вокуниши аҳли ҷомеа дуруст аст, ки вақте ин қонун ба тариқи умумӣ қабул гардид, аз эҳтимол дур нест, ки пагоҳ давлат як намуди андози иловагиро ба дӯши шахсони ҳуқуқиву инфиродӣ бор мекунад ва иҷборан иҷрои онро талаб мекунад. Қабули ин қонун ба вазъи экологии Тоҷикистон низ хатар дорад. Ҳоло дар Тоҷикистон ширкатҳои бузурги чинӣ ба коркарду истеҳсоли конҳо ва истеҳсоли хишт машғуланд ва дар сурати мавриди амал қарор гирифтани ин қонун ширкатҳои бузурге, ки сармояи зиёд доранд, дар асоси шартномаи консессия фаъолияти худро васеътар мекунанд ва дар натиҷаи ба ҳаво ихроҷ кардани партовҳои заҳролуд экологияи Тоҷикистон вайрон мешавад. Оқибати он гирифторӣ бемориҳои сирояткунандаву вазнин ва кӯтоҳумрӣ оварда мерасонад. Барои ширкатҳое, ки дар Тоҷикистон фаъолият мебаранд ва аз имкониятҳои бештаре бархурдоранд, роҳи нави пулкоркунӣ ва монополикунонӣ боз шуда, фаъолияти корхонаҳои дигареро, ки сармояи зиёд надоранд, дар бозор танг месозанд.
Комёб Ҷалилов, коршиноси масоили амниятӣ дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
Ба иҷора додани ҳарими ҳавоӣ ба амнияти кишвар хатар надорад. Мутобиқи қонуни байналмиллалӣ ҳарими ҳавоии ҳар як кишвар ба худи ӯ тааллуқ дорад. Бинобар ин ҳар як ҳавопаймое, ки аз ҳудуди як давлат парвоз карда мегузарад, бояд ҳатман иттилоъ диҳад ва иҷоза гирад, ки кадом навъи ҳавопаймост ва ба кадом самт рафтанист. Бинобар ин, ин банди қонун мавзӯи нав нест. Қаблан давлати шӯравӣ ҳарими ҳавоии моро таҳти назорат дошт. Вале мо имрӯз мустақил ҳастем ва шароит дигар шудааст. Пештар ҳама чиз давлатӣ буд ва шаҳрвандони алоҳида соҳиби ҳавопаймои шахсӣ ё ҳарими ҳавоии хусусӣ шуда наметавонистанд. Лекин имрӯз ҳама чиз шахсӣ шуда истодааст. Ҳоло ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон метавонад ҳарими ҳавоӣ ва тайёраи шахсиву ҳавопаймо дошта бошад. Ва мақсад аз қабули қонун ҳам аз он иборат аст, ки шахсе, ки ҳавопаймои шахсӣ дорад, бояд ҳатман иҷоза дошта бошад, ки ба кадом самтҳо парвоз мекунад, то рафта ба ҳавопаймои дигар барнахӯрад. Иҷора додани ҳарими ҳавоӣ хатар надорад, баръакс амнияти ҳавоиро таъмин мекунад. Имрӯз шароит дигар шудааст ва аз ҷаҳони гузаштаи шӯравӣ, ки мо ба он одат карда будем ба куллӣ фарқ дорад.
Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ
Баҳсу мунозираҳо атрофи қонун дар бораи консессия, ки ҳафтаи гузашта аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул шуд, зиёд буд ва баъзе нуқсонҳое ҳам дар қонун вуҷуд дошт. Аммо бо вуҷуди аз ҷониби баъзе вакилон талаб кардани таъхири қабули ин қонун бо раъйи аксарият он қабул шуд. Дар мавриди ҷузъиёти қонуни мазкур, ки ба иҷора додани иншоотҳои бузурги давлатӣ, аз ҷумла роҳҳо ва фазои ҳавоии кишварро дар бар мегирад, ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки ҳам паҳлӯи мусбат ва ҳам манфӣ дошта метавонад. Ин вобаста аст ба мавзӯи ба кӣ додани иншоотҳо ва чӣ тавр фаъолият кардани ширкатҳо. Инро намешавад танҳо манфӣ ё мусбат гуфт. Бинобар ин вақте иншоотҳои муҳим ба иҷора дода мешаванд, давлат бояд мутаваҷҷеҳ бошад, ки аз моликияти ба ихтиёри кансессиягир вогузошта сӯиистифода сурат нагирад. Дар Тоҷикистон на танҳо қонуни консессия, балки дигар қонунҳое ҳам қабул шуданд, ки дар он хоҳиши мардум ба эътибор гирифта нашудааст. Барои гурӯҳе ё касе мувофиқ бошад қабул мешавад. Бинобар ин қонуни мазкур ҳам дар қатори қонунҳои дигар, бо вуҷуди пешниҳоди тағйирот ё муддате ба таъхир андохтан қабул шуд. Дар оянда маълум нест, ки чӣ натиҷае ба бор меорад. Чизе пулакӣ нашудааст, танҳо дар асоси ин қонун ҳукумати ҷумҳурӣ ҳақ дорад, ки тариқи музояда иншоотҳои ба иҷора пешнбинишударо ба муддати муайяне дар ихтиёри ширкатҳои ғолиб гузорад. Танҳо мо ду иншооте доштаем, ки ба иҷора дода шудаанд, ки яке ширкати "Помирэнержӣ" ва дигаре ширкати IRS аст. Дар мавриди иҷора додани роҳ ба ширкати IRS, ки чӣ гуна соҳиби роҳ шудани он то имрӯз муаммост, камбудиҳои зиёде ҷой доранд, ки дар маҷлис мавриди баҳс қарор гирифт. Ба хусус дар қонун омадааст, ки иншооте, ки аз тариқи консессия дода мешавад бояд ба музояда гузошта шавад. Аммо ин ширкат бидуни музояда роҳро соҳиб шудааст. Дар мавриди фаъолияти ин ширкат ҷаноби Ҷумъахон Давлатов дар маҷлис изҳор дошт, ки шароити имрӯза чунин ҳақро медиҳад, ки номи соҳибони он пинҳон дошта шавад. Вале ҳар чизеро, ки пинҳон мепиндорем, дар асл чунин нест. Як мақоли тоҷикӣ ҳаст, ки "ин розро аз занакои лави ов пурс, медонанд", ки чист. Мардум медонанд, ки соҳиб ин ширкат кӣ ҳаст, вале намояндаи президент гуфт, ки Тоҷикистон ба пинҳон доштани номи ӯ ҳақ дорад. Ҳақ дорад ё не, ин масъалаи дигар аст, вале ба ҳар сурат то имрӯз махфӣ мондааст.
Амният Абдуназаров, роҳбари созмони "Демократия"
Ба иҷора дордани ин ё он иншоот ба Тоҷикистон хатаре надорад. Зеро иҷора медиҳад, на барои ҳамеша мефурӯшад. Аммо қонунҳои дигаре бояд бошанд, ки фаъолияти ширкатҳои алоҳида ё шаҳрвандонеро, ки моликият дар ихтиёри эшон вогузошта шудааст, танзим кунанд ва ҳаққи истифодаи ин ё он объектро мушаххас созанд. Ин амал боиси зиёд шудани даромади буҷети давлатӣ гардад. Дар бисёр кишварҳо ҷаҳон иҷора додан роиҷ аст, лекин ҳамзамон аз болои он назорат мекунанд. Дар Тоҷикистон ҳатто аз болои заминҳое, ки аз рӯи қонун назорати он ҳатмист, ҳеч назорате вуҷуд надорад. Бигзор ба ҳамаи шаҳрвандоне, ки имкони иҷора гирифтан доранд, баробар назар кунанд. Имрӯз дар Тоҷикистон тамоми ҷабҳаҳои тиҷорат монополия аст. Ду-се кас ҳамаро идора мекунанд. Дигар одамон ҳатто барои иҷозатнома гирифтан дармонда мешаванд. Дар тиҷорати алюминий, пахта ё сӯзишворӣ ҳар кас наметавонад аз имконоти худ истифода барад. Агар ба ҳамаи шаҳрвандон иҷозат медоданд ва рақобати иқтисодӣ пайдо мешуд, вазъи иқтисод комилан аз имрӯза беҳтар мегашт. Ширкати IRS гӯё дар асоси қонуни консенсия соҳиби роҳ шудааст, аммо ин ширкат на танҳо монополист аст, балки хоҷаи аслии худро ҳам махфӣ нгоҳ медорад. Гуё мардуми Тоҷикистон намедонанд, ки ин ширкат аз кист. Мардум хуб медонанд, ки ин ширкат ширкати соҳибмансабон аст. Роҳи Душанбе Чанак аз ҳисоби буҷети Тоҷикистон таъмир карда шуд. Вақте маблағ буҷет сарф мешавад, пас бояд ин ширкат роҳро соҳиб нашавад. Аввалан ин роҳ роҳи давлатист ва агар ширкат мехоҳад аз мардум пул ҷамъ кунад, бигзор роҳи алтернативӣ созад ва пул ҷамъ кунад. Аммо ронандаҳое, ки бо роҳи пулакӣ мегузаранд, бояд аз андози роҳ озод карда шаванд. Имрӯз мардум ҳам ба ширкати IRS пул месупоранд ва ҳам аз роҳ андоз месупоранд. Ба ҳамин хотир мардум эътироз мекунанд. Чунки дар Тоҷикистон низом нест. Дар Тоҷикистон ҳам қонун, ҳам суд ва ҳам прокурор соҳибмансаб аст. Агар ҳама қонунро риоя мекарданд, Тоҷикистон гул-гулшукуфон мешуд.