Дар Тоҷикистон муҳим нест, ки довталабон хоҳиши дар кадом ришта таҳсил карданро доранд. Муҳим он аст, ки интихоби кадом касб оянда онҳоро сарватманд мегардонад, ё онҳо метавонанд даромади зиёд ба даст оранд. Барои волидон аҳамияте надорад, ки фарзандашон бо интихоби касбе дар оянда аз роҳи қонунӣ пул ҷамъ мекунанд ё ғайриқонунӣ. Муҳимтар аз ҳама пайдо кардани ҷойи кор дар дохили Тоҷикистон, дар назди хонавода ҳузур доштан ва ба муҳоҷират нарафтан аст. Аммо кӣ намехоҳад, ки дар ватан ҷойи кор пайдо кунаду муҳоҷири меҳнатӣ нашавад? Фикр мекунам, аксари хонаводаҳои тоҷик орзу мекунанд, ки дар кишвар соҳиби кор шаванду машаққати ғарибиро начашанд ва таҳқири полисҳои русро нашунаванду аз ҳамлаҳои тоссарҳои фашист дар амон бошанд. Лекин пайдо кардани кор дар Тоҷикистон ба осонӣ даст намедиҳад ва ҷои кори холӣ низ зиёд нест.
Бо умеди моҳона
Як шиносам аз ман машварат гирифтан хост. Ӯ фарзанди як хешовандашро ба донишгоҳ дохил карданӣ буд, аммо намедонист, ки ба куҷо ва дар кадом факулат ҳуҷҷатҳояшро супорад. Табиист, ки аз ӯ суол кардам, ки фарзанди ӯ кадом фанро дӯст медорад, ё хуб медонад. Дӯстам дар ҷавоб гуфт, муҳим нест, ки писари ақрабояш кадом фанро дӯст медорад, муҳим интихоби касбест, ки даромади зиёд дошта бошад. Пурсидам, ки худи падар ба фарзандаш чӣ тавсия медиҳад? Вай дар ҷавоб гуфт, мехоҳад, ки фарзандаш дар бахши тиб, факултаи ҳуқуқ, гумрук, полис ва ё андоз таҳсил кунад. Зеро соҳибони касбҳои мазкур дар оянда метавонанд, зиндагии хубе дошта бошанд.
Аммо воқеияти зиндагӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки соҳибони ҳеч як аз ин касбҳои номбаршуда расман маоши баланд надоранд. Духтурон дар муассисаҳои тиббии давлатӣ 400-500 то 1000 сомонӣ моҳона мегиранд ва дар бемористонҳои хусусӣ ин рақам болотар аст. Дар ҳоле ки ҳудуди 60 дар сади аҳолии Тоҷикистон камбизоат шуморида мешаванд ва имкони дар табобатхонаҳои хусусӣ гирифтани муолиҷаро надоранд ва аз ин рӯ ин бахш ҳоло рушд накардааст. Духтурон асосан дар бемористонҳои давлатӣ ва воқеъ дар шаҳрҷойҳо кор кардан мехоҳанд ва гуфта мешавад, ки баъзан шеваи қабул кардан ба кор бо роҳи додани «пора» ё пардохти ғайрирасмӣ пардохтани маблағ сурат мегирад. Тибқи қонун тибби давлатӣ бепул аст ва барои духтурон аз буҷет моҳона дода мешавад. Вале ин ҷо суоле ба миён меояд, ки агар духтурон аз беморон пул нагиранд ва танҳо ба умеди моҳона бошанд, пас чӣ гуна зиндагии шоиста дошта метавонанд ва хоҳишмандони дар ин соҳа машғули кор оё зиёд мешавад? Маҳмуд, як нафар пизишки тоҷик, ки 10 сол дар Эрон дар риштаи тиб таҳсил кардааст ва алъон барои кор ба Тоҷикистон омадааст, аз ҳаҷми маоши духтурон интиқод карда мегӯяд, ки бо 400-500 сомонӣ дар шаҳр зиндагӣ кардан хеле сангин аст. Вай гуфт, ки агар дар ягон бемористони хусусӣ ба кор қабул кунанд ва маоши хуб диҳанд кор хоҳад кард. Дар акси ҳол авлотар медонад, ки рафта дар Арабистони Саудӣ, Яман ё ягон кишвари хориҷӣ фаъолият кунад, аз он ки аз беморон пул ситонида, зиндагиашро пеш барад.
Вале ин дар ҳолест, ки бештари волидон мехоҳанд фарзандонашонро дар бахше дохил кунанд, ки даромади хуб дошта бошад. Аммо онҳо дар фикри он нестанд, ки даромади фарзандонашон оянда қонунӣ ба даст меояд ё ғайриқонунӣ. Муҳим ҷои кори равғаниро соҳиб шаванд. Лекин агар мантиқӣ мулоҳиза шавад, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки мардуми мо ҳанӯз аз сатҳи оила роҳнамоӣ мекунанд, ки ҳамватан чашм ба кисаи ҳамватан дӯзад, фасод роиҷ гардад ё ба истилоҳ фарҳанги «кисахоликунӣ» ривоҷ ёбад.
Барои рӯзи мабодо?
Гуфта мешавад, ки маоши расмии милиса ё корманди андоз низ ҳудуди 700-800 сомонист, вале даромади ғайриқонунӣ ё ба истилоҳ «левак»-и калон дорад, ки асосан аз ҳисоби даромади ғайриқонунӣ зиндагиро пеш бурдан имкон дорад, на маоши расмӣ. Аз ин рӯ одамон медонанд, ки кадом бахш чӣ гуна даромад дорад ва аз ҳисоби маоши он чӣ тавр зиндагӣ кардан мумкин аст. Аммо ҳуқуқшиноси тоҷик -Зафар Қурбонов бар ин назар аст, ки дар мақомоти милиса ё дигар ниҳодҳои қудратӣ хоҳиши кор кардани ҷавонон бо вуҷуди маоши кам сабаби дигаре дорад. Ба андешаи ӯ, беадолатии иҷтимоӣ боис шуда, ки мардум кӯшиш мекунанд то як нафар фарзанд, бародарзода ё хешашон дар мақомоти қудратӣ ба кор қабул шавад ва дар ҳолатҳои зарурӣ ақраборо дастгирӣ кунад. Ин ҳама ба хотири нобаробарии иҷтимоӣ, авлавият дар маҳал, шароити бади иқтисодӣ ва беадолатиҳои бархе аз мансабдорон нисбати одамони камбизоат мебошад, ки мардум кӯшиш мекунанд то бо ин роҳ худу авлоди худро муҳофизат кунанд. Вай мегӯяд, ки бо фароҳам сохтани чунин як муҳити нодуруст шаҳрвандонро ба ин кор маҷбур месозанд. Ба бовари оқои Қурбонов шароити бади иҷтимоиву иқтисодӣ мардуми мусалмони Тоҷикистонро аз фикри корҳои ҳалолу ҳаром дур кардааст ва онҳо танҳо нигарони ояндаи фарзандони худ ҳастанд.
Гуфта мешавад, ки нодорӣ инсонро ба ҳар роҳ мебарад ва аз паёмбар ҳадисе ҳам ҳаст, ки ҳар гоҳ нодорӣ аз дар медарояд, имон аз тиреза мебарояд. Абдуҷалил, як нафар омӯзгор, ки аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ зиндагиашро пеш мебарад, дар як сӯҳбат гуфт, ки виҷдонаш иҷоза намедиҳад, то аз ҳисоби кисаи донишҷӯ зиндагӣ кунад. Аз ин хотир авлотар медонад, ки бо меҳнати ҳалол нон ёфта хӯрад. Вай мегӯяд, ки агар хоҳиш медошт, метавонист дар Тоҷикистон зиндагии осуда дошта бошад, аммо виҷдонаш иҷоза надод.
Чапу рост ва мушкилоти зиндагӣ
Дар ҳамин ҳол бархе аз соҳибназарон чунин мешуморанд, ки ҳарчанд довталабон бо хоҳиши волидайн ба бахшҳои ояндааш сердаромад ё «равғанӣ» дохил мешаванд, аммо на ҳамаи онҳо аз ӯҳдаи касби интихобкардаашон мебароянд ва ҳамин беҳунарӣ дар бисёр ҳолат сабаб мешавад, ки тарки касб карда, рӯ ба муҳоҷират оранд. Журналисти тоҷик, Фазлиддин Асозода дар ин бора чунин гуфт: «Дар ҳоле ки бояд як нафар фарзанди тоҷикистонӣ мустақилона касбу кори ояндаи худро интихоб намояд, баръакс пеши ӯ садд мегузоранд. Кӣ? Албатта падару модар. Ин амал метавонад дар оянда монеи мустақилона амал кардани фард гардаду ӯро дастнигар созад. Ҳарчанд мақсади волидон ин нест ва онҳо мехоҳанд фарзандашон воқеан ба ҷое дохил шудаву хонад, ки он донишгоҳ ё донишкада оянда коргоҳи «равғанин»-ро муҳайё карда тавонад. Пас, беҳтар нест, ки аз аввал ин тоифа ҷавонон ба омӯзишгоҳҳои касбии сохтмонӣ дохил шаванду касб омӯзанд?».
Ҳоло маълум нест, ки интихоби кадом роҳ барои ҷавонон муфид аст. Аз роҳи «чап» маблағ ҷамъ карда тавонанду дар нимароҳ намонанд, ё дар фикри ҳалолу ҳаром бошанд ва ё аз рӯи хоҳишу шавқи худ таҳсил намоянд.
Исфандиёр Халилӣ