Ба иттилои Беҳрӯз Зеваров, сарвари иҷроияи ширкати продюсерии «JM» падару писар-Ҷонибек ва Ҷӯрабек рӯзи 25 ноябр ба Амрико парвоз карданд. То ифтитоҳи ҷашнвора онҳо ба тамрин машғул хоҳанд шуд. Ёдовар мешавем, ин дуюмин ҷоизаи Big Apple Music Awards-и Ҷонибек Муродов аст. 16 ноябри соли 2009 вай «Беҳтарин овозхони мард аз Тоҷикистон» эълон шуда буд.
Ҳамчунин, Шабнами Сурайё ҷоизаҳои «Беҳтарин овозхони зан аз Тоҷикистон» ва Баҳром Ғафурӣ «Беҳтарин овозхони ҷавони Тоҷикистон»-ро дар ин ҷашнвора ба худ ихтисос доданд.
Интизор меравад, соли равон Таркан, Андӣ, Шаҳзода, Dj Аллигатор ва дигарон ҳам ҷоизаҳои Big Apple Music Awards-ро соҳиб шаванд.
Аммо рӯйхати ҷоизаҳои Ҷонибек бо ду мукофоти Big Apple Music Awards ниҳоӣ намешавад. Солҳои 2005, 2006 ва 2007 ҷоизадори озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сол», соли 2008 ғолиби озмуни «Ситораи сол» шуд. Вазорати фарҳанг ҷоизаи «Беҳтарин сарояндаи соли 2011»-ро ҳам ба Ҷонибек супурд. Ҳамчунин дар ин сол вай ҷоизаи «Беҳтарин клип»-ро соҳиб гардид. Ба раҳбари ширкати продюсерии вай Беҳрӯз Зеваров бошад, ҷоизаи «Беҳтарин продюсери сол»-ро тақдим карданд.
Ҷӯрабек Муродовро бошад, бо ҷоизаҳои олии иттиҳоди Шӯравии собиқ сарфароз кардаанд. Ӯ 24-уми декабри соли 1942 дар ноҳияи Айнии Тоҷикистон ба таваллуд шудааст. Эҷодиёти Ҷӯрабекро таронаҳо бо забони афғонӣ, арабӣ, руси, озарӣ, гурҷӣ, арманӣ, қирғизӣ ва ҳато ҷопонӣ ташкил медиҳанд. Соли 1975 бо мукофоти комсомолии ленинии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистони Шӯравӣ (1974), ҳунарманди мардумии СССР (1974) мебошад.
Вай шаҳрванди ифтихории шаҳрҳои Самарқанд (1980), Бухоро (1980) ва Нурато (1982) мебошад.
Соли 1987 ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро гирифт. Ҳамон сол 1987 ҷоизадори нишони тиллои Анҷумани мусиқии Ҷопон шуд.
Теъдоди таронаҳои Ҷӯрабек Муродов кайҳост, ки марзи 1000-ро гузаштааст.
Вай дар ҳайати гурӯҳҳои консертии мухталиф ба кишварҳои мухталифи дунё сафари ҳунарӣ анҷом додааст. Барои мисол Афғонистон (солҳои 1966, 1979, 1982), Канада (1967), Булғористон (1968), Белгия (1969), Эрон (1972, 1996), Ҳиндустон (1976, 1985), Покистон (1976, 1985), Сурия (1977), Ироқ (1977), Австрия (1975, 1990, 1993), Ливан (1973), Италия, Малта, Кипр, Миср (1973), Ҷопон (1982, 1987), Тайланд (1986), ИМА (1989, 1991, 1993, 1995), Исроил (1993), Туркия (1995), Аморати муттаҳидаи Араб (1997) ва ғайра.
Ҷонибек Муродов аз пайи падар ба фатҳи бузургтарин толорҳои Аврупову Амрико иқдом кардааст. Ҷонибек ва Шабнами Сурайё аз аввалин овозхонҳои ҷавони Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ сафарҳои ҳунарии тиҷоратӣ анҷом доданд.
PS: Ҷонибек 29 майи соли 1986 дар хонаводаи Артисти Халқии СССР Ҷӯрабек Муродов ба дунё омадаст. Солҳои 1998-2005 муассис ва раҳбари гурӯҳи «Боло» буд. Дар соли 2006 гурӯҳи «Вазир»-ро таъсис дода, аз соли 2007 ба ин сӯ дар танҳоӣ баромад мекунад. Таронаи русии «Песня для любимой»-ро аз эфири 100 радиои Русия ва ИДМ шунидан мумкин аст. Охирин барномаи консертии Ҷонибек моҳи октябри соли равон дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор шуд.
Албоми аввалини Ҷонибек «Шукри Худо» унвон дошт. Албоми дуюми худро бо номи «Олоҳу» бо Шабнами Сурайё ба дасти мухлисонаш расонид. Албоми сеюм «Ай дил, ай дил» ном дошта, чорумаш соли 2010 бо номи «Ман на манам, на ман манам» ҳадяи ҳаводоронаш шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Беҳрӯз Зеваров, сарвари иҷроияи ширкати «JM» мегӯяд, мухлисони Ҷонибек Муродов метавонанд, пас аз чанд рӯзи дигар албоми панҷуми ӯро бо номи «Оллоҳ» дастрас намоянд.