Қазияи сарнишинҳои ҳавопаймоҳои ширкати "Ролкан", ки яке русу дигаре эстонӣ ҳастанд, мунҷар ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар Русия шуд ва тӯли 15 рӯз сархати расонаҳои хабарӣ мавзӯъи рақами 1 шуд. Ва боз ҳамин масъала муносибатҳои Душанбеву Маскавро ранги тиратаре бахшид, интизор меравад, ҷомаи мусбие ба бар намояд. Ҳарчанд, коршиносон мегӯянд, акнун барои ҳадди аққал 1 соли дигар муҳоҷирони тоҷик дар Русия "оромона" кору зиндагӣ карда наметавонанд.
Тафсири ҳодиса: Ҳукм, бозтоб ва раҳоӣ
8-уми ноябри соли 2011 суди шаҳри Қурғонтеппа халабонҳо Владимир Садовничий ва Александр Руденкоро бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз, нақзи меъёрҳои байналмилалии парвоз ва қочоқ муҷрим шинохта, ҳар кадомеро 8,5 солӣ аз озодӣ маҳрум кард. Ҳамчунин ду тайёраи АН-72, ки мутаалиқ ба ширкати ҳавонавардии "Rolkan Investments Ltd" буд, ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира намуд.
Баъди чанд соати нашри ин хабар дар расонаҳо мақомдорон ва сиёсадмадорони рус вокуниши шадиде нишон доданд. Дар ВАО-и Русия ин қазия ба сурати гуногун шарҳу тафсир шуд. "В Госдуме ищут рычаги давления на Таджикистан",
""Дело лётчиков": таджикская загадка непонятна аналитикам", ""Дело летчика": Рахмон может лишиться поддержки Москвы", "Рахмон сказал, но пока не сделал", "Русский заложник таджикского царька", "Онищенко осадил таджикских коллег", "Россия и Таджикистан: новая дипломатическая война в СНГ" сарлавҳаи чанд матлабе аз ин шумул аст.
9 ноябр Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия гуфт, дар сурати забони муштарак наёфтан бо Тоҷикистон дар робита ба сарнавишти халабони зиндонии рус, кишвараш дар пайи андешидани чораҳои лозим хоҳад шуд. Вай изҳор намуд, ки агар садои онҳоро дар робита ба қазияи халабонҳо нашунаванд, Русия метавонад, таҳримоти зиёди гуногун алайҳи Тоҷикистон эъмол кунад.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия бошад, дар як сӯҳбати телефонӣ бо Ҳамроҳхон Зарифӣ ҳукми зиндони халабонҳоро беасос унвон кард. Вай гуфт ба бознигарӣ ва баргардонидани шаҳрвандаш ба Русия пофишорӣ хоҳанд кард.
Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия дар қиболи қазияи лёчикҳо бо блогнависон сӯҳбат кард ва изҳор дошт, ки ба низоми додгоҳии Тоҷикистон дахолат карданӣ нест, аммо ҳукми суд дар баробари халабони рус Владимир Садовничий суолҳои зиёдеро ба миён овардааст. Президенти Русия гуфт тасмими кишвараш метавонанд бо ҳукми додгоҳ ҳамвазн бошад. Зимнан, Медведев ба сардори хадамоти муҳоҷирати кишвараш дастур дод, ки масъалаи муҳоҷирони ғайриқонуниро ҷиддӣ бигирад. Дар робита таҳлилгарон гуфтанд, ки ин ҳамон "ҷавоби ҳамвазн"-и Русия аст.
Баъди сухани Медведев расонаҳо аз амалиёти зидди муҳоҷирони тоҷик хабар доданд. Муҳоҷирони тоҷик аз Русия бо расонаҳо тамос гирифта мегуфтанд, ки кормандони хадамоти муҳоҷирати Русия ба маҳали кори шаҳрвандони хориҷӣ омада аз миёни табааи қирғизу ӯзбак танҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро бо худ мебаранд.
Генадий Онишенко ба аксияи зиди муҳоҷирони тоҷик пайваст. Сардухтури №1-и Русия изҳор намуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бештар мубталои сил, ВИЧ ва СПИД-анд. ӯ пешниҳод намуд, ки "то ҳал шудани масъалаи ҳадди аққал шароити оддитарини тандурустӣ Русия бояд муваққатан марзашро барои муҳоҷирони тоҷик бубандад".
Ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқи Русия бо нашри изҳороте аз амалкарди мақомоти Русия алайҳи муҳоҷирони корӣ нигаронӣ карданд. Дар изҳорот аз ҷумла гуфта мешуд, ки "Ба андешаи мо ин шармандагӣ аст! Ҷазодиҳии оммавӣ ва амалкарди хушунатбори мақомот алайҳи як гурӯҳи муайяни одамон қобили қабул нест, гузашта аз ин ин иқдоми манфурона аст, он муғойири қавонини байналмилаллист. Зери изҳороти мазкур Людмила Алексеева, Светлана Ганнушкинава, Сергей Ковалев, Лев Пономарев ва дигарон имзо гузоштаанд. Дар изҳороти онҳо истеъфои раҳбари хадамоти беҳдошти Русия Геннадий Онищенкоро тақозо кардаанд.
Дмитрий Рогозин, фиристодаи вижаи Русия дар НАТО гуфт, ки ба мӯҳлати ҳаштуним соли зиндон маҳкум шудани Владимир Садовничий ба обрӯи Русия латма мезанад.
"Ин ҳукм ба Русия ва обрӯи он зарбаи сахт зад. Агар чунин ҳукм дар Амрико содир мешуд, онро фаҳмидан мумкин. Чунки ИМА давлати абарқудрат аст ва ҳарчанд мо дандон ба дандон монда хашмгин мешавем, вале мефаҳмем, ки ин ҷо муҳорибаи ду давлати баробарвазн меравад. Вале вақте Тоҷикистон ҳам бо мо ҳамин гуна рафтор мекунад, кас ҳайрон мешавад".
Як гурӯҳ аз шаҳрвандони Русия назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав гирди ҳам омаданд. Онҳо бо шиорҳои "фуруди садамавӣ мумкин нест" таёрачаҳои коғазиро сӯи бинои сафорат ҳаво доданд.
10 ноябр Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти хабарии вижае дар робита ба қазияи Садовничий ва Руденко гуфт, ки ин як парвандаи муқаррарӣ аст ва набояд ба он ангезаи сиёсӣ бахшид. "Мувофиқи талаботи қонун, шахси ҷиноятсодиркарда бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Ҳавопаймоҳои мазкур бошанд, бе иҷозати мақомоти авиатсионӣ ва дигар мақомоти Тоҷикистон вориди қаламрави мо гардидаанд. Ин ҳавопаймоҳо дар ягон давлат дар қайди давлатӣ нестанд".
Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Президенти Тоҷикистон дар ин сӯҳбат таъкид кардааст, ки ин қазияро аз роҳи қонунӣ ҳал хоҳанд кард, вале барои ин Тоҷикистон намехоҳад, муносбаташро бо Русия тира кунад.
12 ноябр Ҳаракати "Русияи ҷавон" назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав пикет ташкил намуд ва талиби раҳоии Садовничийро кард.
14 ноябр Интерфакс навишт, ки Владимир Жириновский, раиси ҳизби Либерал Демократҳои Русия (ЛДПР) ба Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия номае фиристода, дархост кардааст, ки Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро бо кӯмаки нирӯҳои Русия аз зиндони Тоҷикистон раҳо шаванд.
Шаби 14 ноябр як идда аз рӯзноманигорон ва рӯшанфикрони тоҷик дар шаҳри Душанбе "Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирин"-ро таъсис доданд. Барзу Абдураззоқов, ҳунарманд ва коргардони шинохта раҳбари ин гурӯҳ интихоб шуд. Дар муҳлати кӯтоҳ ин гурӯҳ ҷонибдорони зиёде пайдо кард. Рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, шоири халқӣ Мӯъмин Қаноат, вакили МН Муҳиддин Кабирӣ, райиси ҷамъияти "Дӯстони Русия" Абдулло Ҳабибов, журналисти шинохта Муҳаммад Эгамзод (Русия), Ҳошим Холзодаи Некварз (Эрон), ҳунарманд Ортиқи Қодир, профессор Иброҳим Усмонов, ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова ба гурӯҳ пайвастанд.
Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон гуфт, ки як гурӯҳ аз вакилонро барои баррасии вазъи муҳоҷирон ба Русия мефиристад. Аммо баъдан ин тасмимро "зарур нашумориданд".
15 ноябр Абдухолиқ Назаров, муовини директории хадамоти санитарии Тоҷикистон гуфт, ки қабл аз сафар ба хориҷ шаҳрвандони кишвар аз муоинаи тиббӣ барои муайян кардани ҳолатҳои бемории сил, ВИЧ ва СПИД мегузаранд, аммо чунин эҳтимол ҳам мавҷуд аст, ки баъзеи онҳо дар Русия ба касалиҳои сироятӣ мубтало шаванд.
Назаров ҳарфҳои Онишенкоро дар мавриди назорати нокофии тиббӣ дар қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ рад намуд.
Сафиаллоҳ Девонаев, раҳбари хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, ки аз ихроҷи шаҳрвандонамон аз Русия набояд зиёд нигаронӣ кард. ӯ гуфт, ки ниҳодаш тасмим гирифтааст, депортшудаҳоро шурӯъ аз Соли нави мелодӣ ба Белорус фиристанд.
16 ноябр додситони кулли Тоҷикистон хабари оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи раҳбарияти ширкати ҳавонавардии "Rolkan Investments Ltd"-ро рад кард. Аз ин пеш бархе расонаҳо навиштанд, ки кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон алайҳи раҳбари ширкати "Rolkan Investmens Ltd" Сергей Полуянов парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дар навбати худ раҳбарияти ширкати ҳавонавардии "Rolkan Investments Ltd" эълон доштанд, ки барои баргардонидани ҳавопаймоҳои АН-72 Тоҷикистонро ба додгоҳ мекашанд. "Мо тасмим дорем онҳоро ба суд бикашем, вале ҳоло тақдири халабонҳо муҳимтар аст", -изҳор дошт сарвари кулли ширкат Сергей Полуянов.
17 ноябр вазири дифои Тоҷикистон гуфт, ки аз Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон супориш гирифтааст, ки масъалаи Владимир Садовничий ва Александр Руденкоро "мусбӣ ҳал кунад". Ин нуктаро Шералӣ Хайруллоев зимни дидору мулоқот бо ҳамтои русаш Анатолий Сердюк иброз дошт.
18 ноябр муаррифии "Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон" баргузор шуд. Зикр шуд, ки коҳиши шиддати ташаннуҷи авзоъ миёни ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистону Русия аҳдофи аввалиндараҷаи онҳост. "Гурӯҳ ба ҳеч ҳизбу созмон ва ташкилоти сиёсӣ ҳамроҳ нест ва ҳадафҳои сиёсиро ҳам ба думбол надорад",-изҳор шуд дар расми муаррифии Гурӯҳ. Ҳамчунин, як ҳайат аз ин гурӯҳ ба Русия барои мулоқот бо ҷомеаи шаҳрвандии Русия сафар хоҳад кард. Баргузории як нишасти хабарӣ дар Остона, ки маҳалли баргузории як ҳамоиши минтақаист яке аз дигар ҳадафҳои аввалиндараҷаи гурӯҳ унвон шуд. Қарор аст як ҳайат аз ин гурӯҳ ба Русия барои мулоқот бо ҷомеаи шаҳрвандии он кишвар сафар намояд.
Як ҳайати ҲНИТ бо шумули Сайидумари Ҳусайнӣ, Маҳмадалии Ҳаит ва Абдуқаҳҳори Давлат ба манзури дидору мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Русия, созмону марказҳои ҷамъиятиву фарҳангии тоҷикон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии Русия, шахсиятҳо ва рӯҳониён он кишвар ба Русия сафар карданд.
19 ноябр Маҳмудҷон Собиров, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон мулоқот кард.
Собиров аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бархе аз шахсони расмии воломақом ва воситаҳои ахбори оммаи Русия ҳангоми шарҳ додани қазияи шаҳрванди маҳкумшудаи Русия нисбат ба Тоҷикистон, миллати тоҷик ва ҳукумати кишвар хеле манфӣ ҳарф мезананд.
22 ноябр Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Иттиҳодияи журналистон ва "Медиа Алянси Тоҷикистон" аз журналистони тоҷик ва рус даъват намуданд, ки дар инъикоси қазияи халабонҳои рус ва муҳоҷирони тоҷик аз "баёни душманона" худдорӣ намоянд. Ин се созмони хабарнигорӣ дар баёнияи муштарак навиштанд, ки баҳси халабонҳо дар Тоҷикистон ва муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз як қазияи додгоҳиву ҳуқуқӣ ба як баҳси сиёсӣ табдил шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки баҳси халабонҳову муҳоҷирон идома дорад, ҳатто таҳқир ва даъватҳои ифротгароёна ба мушоҳида мерасад. "Ин шароит рӯҳияи бегонаситезӣ дар ҷомеаи Тоҷикистону Русияро эҷод хоҳад кард",- гуфтаанд Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Иттиҳодияи журналистон ва Медиа Алянси Тоҷикистон.
22 ноябр хабаргузориҳои Русия аз коҳиши рейдҳои боздошти муҳоҷирони тоҷик хабар доданд. Интерфакс бо такя ба Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия навишт, ки дар Маскав ва дигар минтақаҳои Русия рейдҳои вижаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ғайриқонунӣ дар ҳудуди Русия ба сар мебаранд, қатъ шудааст.
Фиктор Иванов, раҳбари хадамоти федеролии назорати маводи нашъадори Русия гуфт, Тоҷикистон барои Русия хатари маводи мухадирро надорад. Маводи нашъадор дар Афғонистон тавлид мешавад, Тоҷикистон бошад ҳамсояи наздики ин кишвар аст. ӯ гуфт, ки Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз кочоқи маводи мухаддир талоши зиёд мекунад ва барои ошкор намудани нашъаҷалобон бо мақомоти Русия ҳамкорӣ менамояд.
21 ноябр Сергей Градировский, мудири озмоишгоҳи сиёсати иҷтимоӣ-демографии донишгоҳи "Мактаби олии иқтисодӣ"-и Русия дар матлабе ба сомонаи "Слон" навишт, ки Русия феълан ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷула ба нерӯи корӣ аз Тоҷикистон ниёз дорад. Дар ин матлаб вай исбот мекунад, ки будани муҳоҷирон ба нафъи Русия аст.
16 ноябр Никита Белих, губернатори вилояти Киров навишт, ки вақте сухани Геннадий Онишенко дар мавриди дорои маризии сироятӣ будани тоҷиконро шунид, маълумотҳоро аз бахши беҳдоштии вилояти Киров талаб намуд, маълум шуд, ки дар солҳои 2010 ва 2011 ягон шаҳрванди Тоҷикистон, ки касалии сил ё ВИЧ дошта бошад, дар қаламрави вилоят ба сар намебурдааст.
Толибҷон Азимов, ёвари додситони вилояти Хатлон, ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нисбат ба Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро "ниҳоят сангин" унвон кард ва аз Коллегияи додгоҳи вилояти Хатлон талаби нармтар кардани ҳукмро тақозо намуд.
21 ноябр "Новая газета" навишт, ки амалиёти вижаи раёсати хадамоти муҳоҷирати Русия дар Омск маълум кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон миёни дигар муҳоҷирони корӣ бештар қонуну қоидаи ин кишварро риоят мекунанд. "Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар вилояти Омск ба сар мебаранд, ба онҳое, ки раҳбарияти хадамот мегӯянд, чандон монанд нестанд",-навиштааст рӯзнома.
22 ноябр коллегияи додгоҳи вилояти Хатлон, ки масъули бозбинии парвандаи Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Александр Руденко, табааи Эстония буд, эътирози додситонӣ дар мавриди афви ин ду халабонро пазируфт. Бо ҳукми додгоҳ Садовничий ва Руденко ба 2 солу шаш моҳу 10 рӯзи зиндон маҳкум шуда, бар асоси қонуни афви Тоҷикистон ба озодӣ баромаданд.
Баъди раҳоӣ Владимир Садовничий гуфт, к ибо вуҷуди "сафед" нашуданаш аз ҳукми додгоҳ хушҳол аст. ӯ гуфт, худро хушбахт эҳсос мекунад.
Вазорати умури хориҷии Русия раҳоии Садовничий ва Руденкоро як "муваффақияти бузург" номид. Интерфакс аз қавли як манбаъ аз ин ниҳод навиштааст, ки бо озодшавии Владимир Садовничий адолат барқарор шуд.
Аммо дар мавриди адолат шояд гуфтан барвақт бошад, зеро ба иддаои бархе таҳлилгарон қазия анҷом наёфта, акнун идома меёбад, зеро намояндаи додситонии Хатлон ва вакили мудофеи халабонҳо дар мавриди ҳавопаймоҳои АН-72 ва як муҳаррик, ки ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира шуд, чизе нагуфтанд. Дар ҳоле, ки баъди ҳукми додгоҳи Қурғонтеппа бархе аз сиёсатмадорони рус мегуфтанд, ки мақсади аслии ин парвандаҳо ҳамон ду таёра буд ва халабонҳо дар ин байн "қурбонӣ" шудаанд. Коршиносон мегӯянд, ба гумон аст, ки соҳибони ҳавопаймоҳо, ки гуфта буданд "ҳатто Амрико доштани онро орзу мекунад" осонакак аз он даст кашанд.
Таҳияи: Абдулазизи Восеъ