Ҳукми додгоҳ: Нозири роҳ 2 миллион ҷарима месупорад
Додгоҳи шаҳри Тюмени Русия мурофиаи парвандаи як корманди нозири роҳро ба итмом расонид.
Бино ба иттиллои як хабаргузории русӣ, Сергей Ушаков, сардори шӯъбаи тафтишоти маъмурии қисми раҳбонии Тюмен бо иттиҳоми ришваситонӣ ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ чанде қабл боздошт гардида буд.
Манбаъ менависад, ҳамааш аз рӯзи 12-уми январи соли 2009 шурӯъ шуд. Он вақт сокини Тюмен, Александр Воронсов бо мошинаш дар гузаргоҳи пиёдагардон духтараки ҷавонеро пахш кард. Сарнишини сабукрав бо корманди бозрасӣ- Сергей Ушаков забон як карда, ҳолати садама ва вазъи ҷабрдидаро тағйир доданд. Ба ҷои «ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ» дар маълумотномаи тиббии ҷабрдида «захми сабук»-ро бо кӯмаки мақомоти марбута сабт карданд. Корманди маъмурии бозрасӣ зимнан барои ин кораш аз ронанда 70.000 рубли русӣ «пора» гирифту ҷаримаи Воронсов бошад, ҳамагӣ 2.500 рублро ташкил доду бас.
Ҷабрдида аз қарори додгоҳ изҳори норизогӣ карда, ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурд.Дар натиҷа алайҳи ронанда парвандаи ҷиноӣ боз гардида, суд ӯро ба муддати яку ним сол аз озодӣ маҳрум кард. Нозири ришваситон бошад, барои ин амали ношоисташ дар ҳаҷми 2.000000 рубл ҷарима гардида, аз зиндон раҳоӣ ёфт.{jathumbnail off}