Бале, демократия ва ҷомеаи мардумсолорӣ ҳамроҳ бо тамоми арконҳояш аслест барои рушду пешрафти кишварҳо. Аммо ҳини таҳлил ва баррасии демократияи Тоҷикистон, хулоса бар он меуфтад, ки мо соҳибдемукросием, аммо танҳо он чизе, ки марбут ба қоғаз аст. Фасоди бесобиқа бо хосарангии миллӣ, махсуси демукросии Тоҷикистон гашта. Фикр мекунам, дар фасоди кишвар на танҳо соҳибмансабон олудаанд, балки балегӯйии беандоза, меҳмоннавозӣ дар сатҳи офис ва корхона ва тӯҳфанавозии афроди оддӣ мансабдоронро, дарди дигари нодирдармонест.
Маълум аст, ки маҷолиси миллӣ ва намояндагон рукнҳои муҳим ва асосии сохтори демукросӣ ҳастанд. Аммо чӣ суд аз фаъолияти ин маҷолис, ки вакилонаш ба афкор ва хостҳои интихобкунандагонашон наметавонанд ҷомаи амали қонунӣ пӯшанд ва ё замоне ки бештарини насли ҷавон, аз тарзи сохтори ин ниҳодҳо хабардор нестанд, ва ё билкулл аз он нашнидаанд,ки албатта аз каммаълумоти ва ё адами маълумоти онон аст.
Пас барои кишваре, ки аксари фориғуттаҳсилони макотиби миёна ва олиаш камтарин маълумоти муосири фанноварӣ надоранд, ин ҳама “шукуҳу шаҳамоти” демукросӣ, ки он ҳам, такрор мекунам, танҳо хоси коғаз аст, чӣ хубиест?!
Ба назарам, агар ҳол чунин бошад, пас беҳтар аст дар кишваре зист, ки сохтори диктотурӣ аммо бефасод дорад, ило кишваре, ки ба ном демукросист, аммо ба асл печидаи гирдоби фасод аст. Миллати тоҷик то ҳол ба он дараҷае нарасида, ки дар чунин як давлати демукросӣ тавонад зист, зеро демукросӣ хоси давлатест, ки бештари маскунонаш афроди оқил ва таҳаммулпазиранд.
Немисҳо душмани фасод!
Дар Аврупо, бахусус Олмон фасод дар сатҳи поинтарини поин ҷо дорад , зеро барои ришва ва фасод ҳукмҳои сангине аз тарафи давлат ихтисос шуда ва райъият ва мақомот ба чунин ҳуком арҷро қоиланд ва бар хилофи ин қавонин зист ва фаъолият надоранд. Ва ин на танҳо ба он хотир аст, ки мардуми Олмон аз оқибатҳои фоҷиабори фасодкорӣ дар ҳаросанд, балки дар ин кишвар ҷамъият ва ҷамоат солим аст ва касеро чунин фикре ба сар намеояд, ки барои беҳбудии кор ва пешрафти зиндагӣ метавон ришва дод ё гирифт.
Нафаси тоза, сабоҳи нав, фикри дигар ва қадами росте ба роҳи рост моро мебояд, то аз ин ҳама олудагиҳо раҳо ёфт.
Ханҷарбек Қурбонбеков, шаҳри Гамбург, Олмон
махсус барои www.ozodgon.com