Раҳим Алпусбай: Занони мо дар интихоби либос озоданд
Интихоб ва пӯшидани либос барои занони мо озод аст.
Раҳим Алпусбай, муовини райиси кумитаи шӯрои намояндагони мардуми вилояти автономии Синзияну Уйғур (Шинҷон)-и давлати мардумии Чин дар ин бора зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе иброз дошт. Ӯ гуфт, дар ноҳияи мо занҳо чӣ дар донишгоҳҳо ва чӣ дар дигар чойҳои ҷамъиятӣ ба хости худашон либос ба бар мекунанд, маҳдудият дар ин росто барои онҳо вуҷуд надорад. Дар ин нишаст ба ҷуз аз намояндагони ВАО , ҳамчунин масъулини сафорати Чин, маркази тадқиқоти стратегӣ ва намояндагони ноҳияи худмухтори Шинҷон ширкат доштанд.
Мавзӯъи асосии баррасишавандаи ҳамойиш ҳамкориҳои фарҳангӣ ва дурнамои онҳо унвон гардид. Намояндагони Шинҷон (Синзяну Уйғур) қайд намуданд, ки Хитой ва Тоҷикистон, ки ҳамсоякишвари бародар мебошанд, дар гузашта низ ҳамкориҳои дӯстона ва муфид доштанд. Раҳим Алпусбай дар поёни нишаст афзуд: «Имрӯз мо хеле шод ҳастем, ки ба шаҳри зебои Душанбе, ба пойтахти Тоҷикистон омадаем ва тоҷикистониёнро аз номи 21-миллион сокини ноҳияаамон ба рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик мегӯем». {jathumbnail off}