Ахиран, ҳамроҳ бо боздошту маҳбас намудани сарнишинони тайёраи низомии Русия муқовимату пофишориҳои мақомоти дахлдори он кишвар, билхоса дар нисбати муҳоҷирони тоҷик ва фишору тааддӣ сари лашкари беҳисоби ҷавонмардикору занону бонувони ҷигарсӯхта, ки барои дарёфти ризқу рӯзӣ ва расидан ба зиндагии одамворона меҳнати шоққаву гуфтан мумкин, бардагиёнаро ихтиёр кардаанд, ба таври тасаввурнопазир зиёд гардида.
Як хеши банда бо исми Сайёд, ки дар вилояти Ленингради шаҳри Санкт-Петербург анқариб муддати 6 моҳ ба корҳои сохтмонӣ машғул аст, чанд рӯзи баъдӣ занг задаву бо ман дар тамос шуда, фарёди додхоҳӣ баланд мекунад. ӯ мегӯяд пас аз он ки як воқеаи ташвишбарангези маълум (ҳамон боздошту зиндонӣ намудани халабонҳои Русия) ба зуҳур омад, дар ин кишвар, бавижа шаҳри Санкт-Петербург сару садоҳои гуногун, вале бештар якпаҳлӯи дархӯри манфиатҳои русиро ба пайдо овард.
Ҳамакнун як раванди хеле ғайримунтазир ва хилофи қоидаву қавонини муҳоҷирати меҳнатӣ роҳандозӣ мегардад ва гашта истодааст. Сухан сари масъалаи маълум, вале хеле ҳам таассуфзо, яъне фишору ҷабр алайҳи мардикорони тоҷик меравад.
- Ман, - мегӯяд Сайёд, ҷавони 27-солаи тоҷик, аз пардаи телевизион медидам, ки чӣ тавр дар пойтахти Русия - Маскав тӯда-тӯда мардону ҷавонон ва занони об дар дидаи тоҷикро доштаву "депортатсия" намуда, аз он шаҳр ҷабран берун мекарданд.
Худоё, - мегуфтам пеши худ, наход мақомоти Русия "қасди Исоро аз Мӯсо" бигираду мардуми бе ин ҳам ҷон ба лабрасидаи тоҷикро, ки ба умеди маблағе дарёфтан (чун дар Ватани азизашон кореву сармояе ба каф наоварданду гумон аст, ки солҳои наздик соҳиби пешаву амале гарданд) ба ин ҷо омадаву дасти умед дароз кардаанд, ба чунин ҳол аз "хонаи хеш" пеш кунанд?
Ё магар сарварони Ҳукумату мақомдорони марбутаи мамлакати Русия кайҳо мунтазири чунин як "моҷаро" буданд, то заҳраву сафраи сӯхтаашонро сари муҳоҷири беҳуқуқи тоҷик пош диҳанд? Ку адолату инсофи тамаддунҳо, ку гуманизме, ки лоф заданро аз ин боб сарварони феълии рус зиёд дӯст медоранд?!
- Кунун ҳамон вазъи муҳоҷирони маскавии тоҷик ба сари мо омадааст, - идома медиҳад ба сӯҳбати телефониаш бародар Сайёд.
Чанд рӯз қабл аз деҳаи Виркии вилояти Ленинград ба маркази шаҳри Санкт-Петербург ба мағозаи маълуму машҳури "Народный" баҳри хариди маҳсулоти ғизоӣ ва маводи озуқа равон шудем. Бояд гуфт, ки дар ин мағозаи серхаридору серодам аз солҳои қаблӣ муҳоҷирони тоҷику ӯзбек асосан кор мекунанду ба ҳаммолӣ машғуланд, занону бонувон бошанд, аз пайи шустушӯйи фаршу тирезаҳо мебошанд.
Инак, чун ба мағозаи номбурда ворид гардидем, анбӯҳи ҳаросону рамидаи тоҷиконро дучор шудем. Чашмони онон зуд-зуд ҷониби дари даромад менигаристанд. Пуризтироб ва бас нигаронкунанда метофт нигоҳашон. Ҳамин дам, як ҷавонмарди ҳамдеҳаам, ки лақабаш "Борману" исмаш Абду мебошад, ба мо наздик шуда, ҳолу аҳвол пурсид ва зимнан фаҳмонд, ки аҳвол рӯз то рӯз бад шуда истодааст. Пурсидем, ки чаро? ӯ гуфт таъқибу фишори тоҷикон зиёд гардида истодааст.
Мана, худи дина соатҳои тақрибан 12.00-и рӯз "сипоҳи бузурги милисаҳо" ба мағозаи "Народный" зада даромаданд ва девонавор мардуми тоҷику ӯзбекро ба тагпурсӣ гирифтанд. Медонед, онҳо чӣ амр медоданд?
- Таджики стройтес! Нам только нужны таджики. Узбеков не надо, пускай работают.
Ва дар як зум тоҷиконро (зану мардро!) чанд саф ороста, ҳуҷҷату асноди дар қайдбудаашонро ҷамъ оварда, бозпас ҳарфи зиёдатие нагуфта, бароварда, ба мошинҳои махсус бор карданд. Ба чашмандози мо, наздики 25-30 нафарро гирифта бурданд. Як нафар "калони" онҳо (милисаҳо) бонг мебардошт, ки "ҳоло ин ҳама аз нӯги хамир фатир. Лаънатиҳо, тамомии шуморо, якто намонда, "депортатсия" мекунем. Ана мебинед, ки "бо думи шер бозӣ кардан" чӣ маънӣ дорад?".
Ва ман чизе нагуфта, ҳайратзо пайомади ин амалиётро меандешидам".
Сайёд мегӯяд ана чунин як муҳити бағоят муаммобарангез рӯйи кор омада. Ҳама ҷавонони муҳоҷир дар ҳолати навмедӣ ва рӯҳшикастагӣ қарор доранд. Овозаҳое рӯз то рӯз густариш меёбанд, ки мақомоти қудратии шаҳри Санкт-Петербург фармонеро судур кардааст, ки аз кулли рустову деҳот ва музофотҳои дурдасту наздишаҳрӣ ҳама ҷавонмардон, мардони солманд ва занону бонувони тоҷикро бадар хоҳанд кард. Акнун суоли матраҳ ин аст, ки магар тоҷикон танҳо дар як шаҳри Санкт-Петербург қарор доранд?
Ба ман аз шаҳрҳои Челябинск, Иркутск, Перм ва дигар гӯшаву канори Русия занг зада, имдод мехоҳанд. Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, консулгариҳои он дар шаҳру навоҳӣ, вилоятҳои он кишвар ва мунтаҳо. Хадамоти кор бо муҳоҷирони тоҷик дар ин масъала сухани судманд ё амали қотеъона мегуфта ё ба анҷом медода бошанд, ё хайр?! Суолест, ки посухи фаврӣ мехоҳад!!!
Шодӣ МУҲАММАДРАҶАБ