Қарздиҳӣ аз 6 моҳ то 2 сол ва маблағгузории хурд матраҳ гардид
5-умин конфронси миллӣ оид ба маблағгузории хурд дар Душанбе сурат пазируфт.
Ин ҳамойиш таҳти унвони «Маблағгузории хурд дар раванди рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон» дар бинои маркази татқиқоти стратегӣ баргузор гардид. Дар ин конфронс масъулини ассосиятсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ва дигар намояндагони ташкилотҳои қарздиҳанда, аз қабили ТАКХ «Финка», ТҚХ «Имон интернешнл», «Ҳақиқи ҷаҳон» «Ҳумо» ва созмони «Мадина ва ҳамкорон» ширкат доштанд. Зимни ин ҳамоиш, масоили имкониятҳои қарздиҳӣ аз ҷониби ташкилотҳо ба мардум, мӯҳлати баргардонидани қарз, ба кадом гурӯҳи одамон додани қарз ва истифодаи мақсадноки маблағи гирифташуда аз ҷониби мизоҷон матраҳ гардид. Шаҳло Комилова, намояндаи ташкилоти «Финка» ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, ин ташкилот аз 200 сомонӣ то 44 ҳазор сомонӣ ба соҳибкорону тоҷирон, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, барои чипта харидан ба нафаре, ки ба хориҷа сафар карданист, маблағ қарз медиҳад, ки мӯҳлати баргардонидани маблағ аз 6 моҳ то 2 солро дар бар мегирад.{jathumbnail off}