Ин гуфта ҳаргиз ба маънои паст задани занҳо нест, балки таъкид ба табиати нозук ва хосиятҳои занона аст. Яъне ҳама корро занҳо наметавонанд иҷро кунанд. Онҳо махсуси кори худанд ва бояд аз онҳо ҳамин гуна кор талаб шавад. Воқеияти Тоҷикистони муосир ин шуда, ки ҳар кори бузургу андешасоз ва ҳар кори дигари сангину ба истилоҳ "мардона" ба дӯши занҳо бор шавад. Адами ҳузури фаъоли мардҳо дар бархе аз соҳаҳо чунин шудааст, ки аксари ходимони ин соҳаҳо занҳо бошанд. Мисле ки маориф ва омӯзишу парвариш имрӯз як кори занона шудааст. Қариб истилоҳи муаллим ба истилоҳи муаллима ҷойи худро ба тамом медиҳад. Ба омори расмӣ муроҷиат мекунем.
Бар асоси иттилои расмии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011 дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз 94 ҳазор омӯзгор ба қайд гирифта шудааст, ки бештар аз 52 ҳазор нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Мардҳо 42 839 нафар. Омори омӯзгорон дар соли 2010 94 ҳазору 867 нафарро ташкил медиҳад, ки 52 028 нафари онҳо муаллимаҳо мебошанд. Ҳамчунин шумораи омӯзгорон дар макотиби миёнаи шаҳри Душанбе 6 ҳазору 401 нафарро ташкил медиҳад, ки 4 ҳазору 926 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Илова бар ин имрӯз аз 132 директори макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе 85 нафар зан ҳастанд. Яъне агар дар сатҳи ҷумҳурӣ 55-60 дарсади омӯзгоронро занон ташкил кунанд, ин омор барои шаҳри Душанбе 83-85 дарсадро дар бар мегирад.
Оё ҷойи бадӣ дорад, ки зан омӯзгор ва тарбияткунада бошад? Албатта, не. Вале пайомадҳои ин амал чӣ буда метавонанд?
Сабаби дар муассисаҳои таълимии умумӣ бештар будани омӯзгорони зан маълум аст. Бо сабаби кам будани ҳақмузди омӯзгорӣ ва бештар дар муҳоҷират қарор доштани мардҳо, танҳо занҳо аз ноилоҷӣ ба ин пеша иштиғол меварзанд. Яъне, гӯё занҳо дигар илоҷ наёфта, омӯзгор мешаванд. Онҳое, ки бештар заковат, ақл ва зарфиятҳои зеҳнӣ доранд хеле кӯшиш мекунанд, ки коре болотар аз омӯзгорӣ пайдо кунанд. Ба корҳои дигари ҳақмузд ва даромадаш бештар рӯй меоранд. Аммо қисмати бештари занони омӯзгор бар мантиқи як мақоли тоҷикӣ рӯй бар маориф овардаанд: "Ҳеҷ оби дигар сарашонро намешӯяд". Омӯзгор будани занҳо ҷойи нигаронӣ надорад, чаро ки дар ҳама кишварҳои олам занҳо омӯзгорӣ мекунанд. Танҳо дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 90-и Душанбе аз 79 муаллиму корманди мактаб 77 нафарро занҳо ташкил медиҳанд. Яъне тавозуни ҷинсии омӯзгорон хеле фарқ мекунад. Вале афзоиши бесобиқаи омӯзгорони зан то кунун касеро ба ташвиш наовардааст, аммо агар ба филмҳои русӣ таваҷҷӯҳ карда бошед, ин анъана дар он ҷо барвақтар оғоз гардидаву ба хислатҳои мардон бетаъсир намонд.
Зиёд будани сафи омӯзгорони зан дар макотиби миёна таъсири амиқе ба характер ва равону ҷаҳонбинии толибилмон мегузорад. Ин маъқулаи собитшудаи фалсафист, ки аққалият аз аксарият таъсир мепазиранд. Бо назардошти табиати занона, нозукӣ ва дигар хосиятҳои занона насли нави макотиби Тоҷикистон бештар дар рӯҳияи характери занона тарбия мегиранд ва ташаккул меёбанд. Чун занҳо бештар ҳассосу тарспазир ҳастанд, ин характери онҳо ба толибилмон мегузарад. Коршиносон дар ин маврид ҳарчанд назарҳои гуногун доранд, вале ҳамоно воқеият ин аст, ки бояд гуфта шавад.
Равоншинос Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, бар он аст, ки дар таълиму тарбия зан ё мард будани омӯзгор муҳим нест, балки зан ва ҳам мард метавонад ҳисси ватандӯстиро дар байни хонандаҳо талқин намояд.
ӯ мегӯяд: "Ин вобаста ба сатҳи дониши ва тахассуси ҳамон муаллим аст. Зан, агар сатҳи тахассусиаш нисбат ба мард боло бошад, метавонад аз мард дида талабаро ба роҳи дуруст ҳидоят кунад. Аз ҷиҳати равонӣ модар ба фарзанд наздиктар аст ва метавонад дар дониш ва фаҳмиши наврас нисбат ба мард таъсиргузор бошад". Аммо Эраҷ Рамазонов, коршиноси масоили иҷтимоӣ ба он назар аст, ки омӯзгорони мард нисбат ба занон дар ҷараёни дарс метавонанд ба хислату характер ва ватандӯстии ҷавонписарон таъсиргузор бошанд, аммо дар замони имрӯза асос он аст, ки чи мард ва чи зан мутахассиси соҳа бошад. ӯ меафзояд: "Имрӯз аксари занҳое, ки ба омӯзгорӣ машғул мебошанд, мутахассиси соҳа нестанд ва бо иллати он ки имрӯз мардони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд, занҳо ба шуғли омӯзгорӣ камари ҳиммат бастаанд. Ба назар мерасад, ки занҳое, ки имрӯз омӯзгор ҳастанд, илҳоми дарс додан камтар доранд".
Салима Валиева, як муаллимаи мактаби таҳсилоти ҳамагонии Душанбе мегӯяд, ки аслан ихтисоси муҳандисӣ дорад, вале бо сабаби кори дуруст наёфтан ба омӯзгорӣ пардохтааст: "Омӯзгориро ҳам барои он ихтиёр кардам, ки мактаб дар наздикии хонаам мебошад. Дар хона бекор нишастан нороҳатам кард, онҷо меравам ҳади аққал бо занҳо сӯҳбат мекунам". Бар асоси чунин воқеияти мавҷуда мантиқе ҳосил мешавад, ки бархе омӯзгорони зан мутахассиси ҳирфаӣ нестанд ва агар маълумоти донишгоҳӣ ҳам дошта бошанд чандон дониши муосир ва қонеъкунанда надоранд. Ин раванд боис шуда, ки сатҳу сифати таълим дар макотиби миёна ва таҳсилоти олӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯ набошад. Вале боз инҷо паҳлӯи дигари масъала вуҷуд дорад.
Омӯзгорони зан дар кишварҳои дигар низ зиёданд
Дар Амрико аз шумораи 3,5 миллион омӯзгор танҳо мардон 24, 4 дарсадро ташкил медиҳанд. Дар Русия низ бештари омӯзгоронро занҳо ташкил медиҳанд. 87 дарсади омӯзгорони Русия занонанд. Дар Узбакистон шумораи омӯзгорони зан 67 дарсади умумии муаллимҳо буда, дар макотиби таҳсилоти ибтидоӣ ин шумора ба 86,2 дарсад баробар аст. Дар Ирон ҳам аз 60 дарсад бештари омӯзгоронро занҳо ташкил медиҳанд. Дар Бритониё низ омӯзгорони зан бештаранд. Шояд омори кишварҳои дигар низ чунин бошад. Ин ҷараён нишон медиҳад, ки иллати номуваффақии таълим аз ҷинс вобаста набуда, балки омили дигаре дорад.
Чун мушоҳида мешавад, ки дар кишварҳои дигар ҳам шумораи омӯзгорони зан нисбат ба мардҳо бештар аст, пас ин воқеият барои Тоҷикистон ҷойи нигаронӣ надорад. Аммо шояд дар кишварҳои дигар ба омӯзгорӣ иштиғол варзидани занҳо аз роҳи ноилоҷӣ ва маҷбурият набошад. Зеро низоми омӯзишу парвариши кишварҳои дигар пешрав ва муваффақ буда, наслеро, ки омӯзгорони бештари зан парвардаанд аз нигоҳи дониш ва бинишҳои муосир нисбат ба хонандагони Тоҷикистон фаъолтаранд. Бигирем Русия, Амрико, Ирон ва Қазоқистонро. Акнун хулоса ин мешавад, ки иллати сифати пасти таълим дар Тоҷикистон ба бештар будани муаллимаҳо камтар рабт дошта, мантиқан ба низоми заифи маориф бастагӣ дорад. Инҷо муаллимаҳоро намешавад гунаҳкор кард. Аммо ҷойи нигаронӣ он аст, шароити мавҷудаи Тоҷикистон мардҳоро мунҷар ба тарки касби омӯзгорӣ намуда, занҳо навобаста аз сатҳ ва савияи дониш, норасоии омӯзгоронро дар макотиби миёна таъмин менамоянд. Чунин ҳолат, яъне набудани талабот ва рақобат барои омӯзгорон боиси фалаҷ шудани низоми маориф мегардад. Меъёр ҳамин шуда, ки дипломи омӯзгорӣ доштани зан кофист, ки ӯ омӯзгор шавад. Ҳатто дар қисмати зиёди деҳот духтарони мактабро хатмкарда, аввал "муаллима" мешаванду баъди чанд сол ғоибона омӯзгорӣ мехонанд. Шояд ҳамин гуна меъёрҳои сатҳӣ ва ноилоҷӣ боис ба он мешаванд, ки низоми маориф, хусусан сектори давлатӣ дар кишвар ба тундӣ рушд кунад. Вале мусаллам аст, ки дар ҷомеае, ки низоми маорифаш пешрав нест, пайомадҳои он боиси нигаронӣ аст. Пас зиёд будани омӯзгорони зан дар кишвар, ки бархе аз сабабҳо ва омилҳошро мо гуфтем, мисли як проблемаи муҳим дар низоми омӯзиш ва парвариши мо доман густардааст, ки воқеан ниёз ба таҳлил ва барномарезиҳои ҷиддӣ дорад.